3 августи соли 2011 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар куҳандиёри Яғноб чунин ибрози ақида карданд: «Мо бояд ҳама якҷо барои нигоҳ доштани анъанаву суннатҳои мардуми Яғноб ҳамчун арзиши пурқимати фарҳангу тамаддуни бостонии халқамон кӯшиш намоем».
Ҳоло дар 11 деҳаи водии Яғноб 400 нафар чароғи бобоиро фурӯзон нигоҳ медоранд.
Ҳарчанд дар деҳаҳо аз 1 то 10 хоҷагӣ зиндагонӣ дошта, масофаи байни деҳаҳо аз 1 то 8 километрро ташкил диҳад ҳам, ҷашни бостонии Наврӯзро пиру барно ба таври хоса истиқбол мегиранд. Дар арафаи он занҳо асбобу либосҳои хонаро бароварда, тоза мекунанд.
Сипас, хешовандон ва дӯстонашонро ба меҳмонӣ даъват намуда, дастархони идона аз маҳсулоти маҳаллӣ, асосан шириву гӯштӣ, ороста, байтхонӣ карда, якдигарро шодон: «Нава сол муборак вот!» мегӯянд.
Як рӯз пеш аз иди Наврӯз «Иди варак» барпо мегардад, ки дар он кулчаҳои ширии равғании болаззат пухта, бо хӯроки пухтаашон ба ҳамсояҳо тақсим мекунанд. Шаби соли нав мардуми Яғноб хоб накарда, барои дастархонороӣ хӯрок ва хӯришҳои гуногун тайёр намуда, субҳ байти зеринро:
Рӯзи Наврӯз аст пӯллат(бачаҳо) шод вент(шод шавед),
Икӣ (яктогӣ) рӯғанӣ кӯлчашинт тафарант(диҳед) озод вент
(озод шавед).
зам-зама мекунанду инъоми наврӯзӣ гирифта, ба хонаи якдигар мераванд. Ба бачаҳо асосан кулчаи равғанӣ, далда ва маскаву қурут медиҳанд. Агар касе дар роҳ дучор ояд, хурдсолон чунин хитоб мекунанд:
Наврӯз шуда ёрон,
Ман хурдтаракам нодон.
Бобо бидиҳед танга,
Гулҳо шукуфанд ранга.
Рӯзи ид мардум кулчаҳои калони равғанӣ (6-8 кг), равғану шӯрак, ширу чакка гирифта, ба идгоҳ меоянд. Ҷавонон ба бозиҳои миллӣ ва шеъру сурудхонӣ машғул мешаванду занҳои солхӯрда дар деги калон кулчаҳоро майда карда, онро бо ширу равғани зард омехта, «чанголӣ» тайёр менамоянд. Хӯрокро аввал ба бачаҳо медиҳанд, баъдан ҳаққи касони набударо ба наздиконашон дода, сипас барои аҳли ҷамъомад зиёфат меороянд.
Дар охир бо дуои мӯйсафедони деҳа яке аз деҳқонони асил ба шохҳои барзагов равған молида, аввалин донаи умедро ба замин пошида, онро шудгор мекунад.
Сокинони солхӯрдаи водӣ аз он нигаронанд, ки бештари анъанаҳои мардумӣ солҳои охир ба фаромӯшӣ афтодаанд. Биноан, насли ҷавонро мебояд баҳри аҳёи онҳо беш аз пеш фаъол бошанд. Хоса, дар давроне, ки таваҷҷуҳ ба анъанаҳои миллӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат хеле зиёд аст.
Муҳаммадносири НАСРУЛЛО, рӯзноманигор