Луқма

Гӯшти дар хамир печонида самбӯса нест

№3(4265) 09.01.2021

20201213_153207Дастархони моро кӣ бояд оро диҳад? Магар фарҳанги пухтупази дигарон аз таббохии тоҷик болотар аст? Ҷойи гила набуд, агар самбӯсаи уйғурӣ аз самбӯсаи тоҷикӣ фарқ медошт. Охир, ҳар гӯшти дар зувола печонидашуда самбӯса нест.

Агар теъдоди дорухонаю дӯконҳои «тезтайёр»-ро дар шаҳри Душанбе ба назар нагирем, аз ҳама бештар дӯконҳои фурӯши самбӯсаи уйғурӣ ба чашм мерасанд.

Қаблан аз самбӯса дида ғизои хушлаззат кам буд. Он ба замми таъми лазиз доштан, бӯйи ҳаловатбахш дошт ва пазандаро бештар бо ин касбаш мешинохтанд: Тағоймуроди самбӯсапаз.

- Падарам, бобои Маҷид, самбӯсапаз буд. Моро сулолаи самбӯсапазҳо мегӯянд. Таркиби самбӯса на анвои зиёд, балки ҳунари хоси пазандагиро талаб менамояд. Агар ҳамин самбӯсаи уйғурӣ ин қадар серталаб мешуд, ҳамон вақт роиҷ мегашт. Мо имкон додем, то савдогарон ба ҳар гуна бозорситезии бемавқеъ одат кунанд. Самбӯсапазӣ, ба истилоҳ, дасти пир дошт, — мегӯяд, самбӯсапази собиқадор Абдулмуъмин Маҷидов.

20201214_171220Ҳадаф аз «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани солҳои 2019-2021 ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани ҳунарҳои миллии тоҷикӣ мебошад.

  Самбӯсаи тоҷикиро ривоҷ надодан аз нотавонист. Дурусттараш аксарият аз уҳдаи пухтани он намебароянд. Агар пухтани самбӯсаи тоҷикӣ дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ гардад, ба гумон аст, ки бозори самбӯсаи уйғурӣ чунин гарм шавад. Масалан, дар маҳаллаи 103 ду дӯкони нав кушоданд, ки дар пешайвонашон навиштаҷоти «Самбӯсаи уйғурӣ» насб шудааст.

Ҳоло самбӯсаи аслро дарёфтан душвор. Самбӯсапаз ба хамир гӯшти зиёд печонида, ба ҳаҷм афзалият медиҳад, то мардум мутаваҷҷеҳ гарданд. Фикр мекунад, ҳар гӯшти дар хамир печонидашуда самбӯса аст ва гӯштро зиёд печонед, он серхаридор мешавад. Не! Агар шахс хоҳиши гӯшт хӯрдан дошта бошад, гӯштбирён ё гӯшти обпаз мехӯрад, вақте ки майли хӯрдани самбӯса кард, пас самбӯса ҳам бояд махсусияти ин ѓизоро дошта бошад.

Ҳунари пазандагӣ ва хӯроки халқи дигарро афзалият додан ифтихор нест. Хӯроки миллиро бояд ҳифзу тарғиб намоем. Масъулин бояд ба ҳифзи анвои ғизои миллӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»