Беш аз 25 сол мешавад, ки Тоҷикистон дар фазои Истиқлолияти давлатӣ ривоҷу равнақ ёфта, ба сарзамини биҳиштосо табдил ёфтааст. Дар раванди ҷашнҳое, ки соли гузашта таҷлил гардиданд, ҳама шоҳид шуданд, ки кишвари мо тавонист бо дастовардҳои беназир ва комёбиҳои гӯшношунид дар ҷаҳон худро муаррифӣ намояд. Вале ин ободию тараққиёт, ки бо заҳмат ба даст омадааст, барои бисёриҳо хушоянд нест. Мутаассифона, нотавонбинон ва душманони миллат, ки дар дохили кишвар ниқоб аз чеҳраи манфурашон афтида, ноком шуданд ва номардона ҳамтабақу ҳаммаслаконашонро дар нимароҳи зиндагӣ партофта гурехтанд, имрӯз аз ҳар гӯшаву канори дунё ҷониби Тоҷикистони соҳибистиқлол сангпартоӣ мекунанд.
Дар замони рушди технологияҳои иттилоотӣ ба ҷойи оқилона истифода намудани илму техника, мухолифони ободии кишвар, ки иддае аз кӯрдилон ҳастанд, бо ин роҳ дар ҳаққи Тоҷикистон бадгӯйӣ менамоянд. Аз ҷумла, бо таъсиси чанд сомонаи тиҳимазмуну густохона ба рекламаи ҳизби экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИТ пардохта, бо ниҳодҳои фаъоли кишвар ҷанги иттилоотӣ эълон кардаанд. Чунончӣ, дар яке аз ин сомонаҳои харобмазмун бо номи «Аслов бо фишори КДАМ ба «Исроил» меравад» матлаб нашр намуда, онро гӯё назари дипломати рус унвон додаанд. Нотавонбинон ва хоинони фирорӣ, ки танҳо дар пайи барангехтани низоъҳои милливу байнидавлатианд, дар мақола овардаанд, ки гӯё «Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва шахси вазир барои густариши муносибатҳо бо Исроил ба шиддат таҳти фишори КДАМ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аст».
Он идда тангназароне, ки дар мағзашон бар ивази сиёҳ кардани миллату ватани хеш ба ҷуз аз маблағситонӣ аз хоҷагони хориҷиашон дигар афкоре намеғунҷад, бояд бидонанд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ҷаҳон сиёсати хориҷии худро бар усули ҳамгироӣ ва равобити дӯстона ба роҳ мондааст.
Азбаски офарандагони мақолаҳои муғризонаву ҳангоматалаб дур аз илму сиёсатанд ва аксари онон хешовандону ақрабои сарони хиёнаткори аслӣ, аз ҷумла Кабирианд, мазмуни матлабашон низ мисли баҳси ду-се хотуни бозор на низом дораду на тартиб. Хушунати ошкорои худро нисбат ба ниҳодҳои қудратӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Шӯрои уламову Кумитаи оид ба корҳои дин нишон дода, талош доранд, ки муносибатҳои дипломатии кишвари Тоҷикистонро зери суол баранд.
Маъмулан нисбат ба чунин мақолаҳои бемазмун кори дуруст хомӯшӣ варзидан аст, чун арзиши посухро надоранд. Мухолифони фирорӣ бояд бидонанд, ки:
Гар баде гуфт ҳасудеву рафиқе ранҷид,
Гӯ, ту хуш бош, ки мо гӯш ба аҳмақ накунем.
Лоиқи ХОЛНАЗАР