Галия Рабиева дуюми январи соли 1954 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, соли 1969 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и зодгоҳ ва соли 1974 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм менамояд. Дар давраи фаъолияти меҳнатӣ ҷонишини раиси Шурои депутатҳои халқи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе (солҳои 1987-1991), сармутахассиси сектори масъалаҳои кори кумитаҳои иҷроияи Шурои депутатҳои халқи шуъбаи маъмурию ҳуқуқӣ, сармутахассис, ҷонишини мудири шуъбаи кори ташкилию инструктории мудирияти корҳои Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1991-1994), мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати кадрҳо (солҳои 1994-2005) ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2005-2015) буд. Хабарнигори рӯзнома бо Галия Рабиева оид ба фаъолияти меҳнатиаш мусоҳиба анҷом дод, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагони азиз менамоем:
- Нақши волидон дар таълиму тарбияи Шумо то кадом андоза назаррас аст?
- Дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаам. Падарам Рабӣ Муҳаммадиев, солҳои зиёд директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони ношунаво буд. Модарам Валентина Нурулина, дар мактаб ва баъд дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданияту маърифат аз фанни забон ва адабиёти рус дарс медод. Модарам ба ман китоб хондан ва дӯст доштани китобро омӯзонд. Падарам, ки муаррих буд, омӯзиш, эҳтиром ба корнамоиҳои ниёгон, урфу одат ва худшиносиро дар замирам парварид.
- Солҳои 1969-1974 донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ) будед. Аз он давраҳои тиллоӣ ба лавҳи хотиратон чӣ боқӣ мондааст?
- Рӯзҳои аввали донишҷӯӣ, мулоқот бо ҳамсабақон дар хотирам нақш бастааст. Устодони беҳтарин, имтиҳонҳои аввалин, иштирок дар озмуни меҳнатии донишҷӯён, акс дар тахтаи фахрӣ, таҳсил дар шаҳри Ленинград, ҳимояи диплом, пахтачинӣ дар ноҳияи Панҷро хуб дар хотир дорам.
- 50 сол пеш Донишкадаи политехникиро интихоб кардани духтари тоҷик барои атрофиён аҷиб набуд? Барои таҳсил дар ин мактаби олӣ монеаҳо буданд?
- Не. Фанҳои математика ва физикаро дӯст медоштам, аълохон ва дорандаи медали биринҷии олимпиадаи физика будам. Аз ин лиҳоз, маро ба мактаби тобистонаи физикаю математикаи академии шаҳри Новосибирск фиристоданд. Илова бар ин, ба гурӯҳи русӣ дохил шудам. Дар гурӯҳи мо, ки оид ба мошинҳои ҳисоббарори электронӣ тахассус ёфта буд, шумораи духтарону писарон баробар буд. Пас аз соли аввал ба мо пешниҳод карданд, ки ба гурӯҳҳои дигар тақсим шавем ё як ихтисосро якҷоя интихоб намоем. Мо, ба ғайр аз як писар, чунин ихтисосро интихоб кардем: «чархи электрикӣ ва автоматикунонии корхонаҳои саноатӣ».
- Соли 1974 ассистенти кафедраи машинаҳои барқӣ ва муҳаррики барқии донишкадаи мазкур шудед. Чӣ ё кӣ Шуморо ангеза дод, ки таҳсилро давом диҳед?
- Ман донишкадаро бо баҳои аъло тамом кардам, аз ин рӯ муаллимони шуъбаи хатм пешниҳод карданд, ки бо онҳо кор кунам. Аз падарам маслиҳат пурсидам, ӯ аз муваффақиятам шод буд. Дар вақти тақсим кардани холҳо аввалин шуда ман дохил шудам ва бо розигии худ маро ба кор фиристоданд.
Ҳамкасбонам дар кафедраи муҳаррикҳои электрикӣ ва машинаҳои электрикӣ — В.Ф. Юрматов, X. Р.Содиқовро ба ёд наоварда наметавонам. Ба Б.Г. Богачкова, Т.Б. Бабаев, М.Б. Иноятов, Л. А. Ляшко, В.Г. Чекалина ва А.Ҳ. Абулфат эҳтиром дорам. Шодам, ки дар рӯзгори ман чунин шахсоне буданд, ки бо шавқу ҳавас ба касб ва хислатҳои инсониашон дар ташаккули ман кумак расонданд.
- Соли 1987 референти калони шуъбаи илм, техника, муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсуси мудирияти корҳои Совети вазирони РСС Тоҷикистон таъйин шудед. Оё дар фикри чунин таъйинот будед?
- Гуфта наметавонам, ки ман дар бораи ин фикр мекардам. Бо супориши шуъбаи илми Раёсати Шурои вазирони ҷумҳурӣ ба ҷои кор омадани хатмкунандагони мактабҳои олӣ санҷида шуд. Иштироки хатмкунандагони Институти хоҷагии қишлоқро санҷидам, ба ташкилотчиёни тафтиш маърӯзаи таҳлилии ман маъқул шуд. Маро ба кор дар Дастгоҳи Шурои вазирон даъват карданд. Чунин таклифро шараф мешумурдам, вале дар он ҷо се моҳ кор кардам, чунки маро номзад ба депутатӣ пешбарӣ карданд. Депутати Совети депутатҳои халқи ноҳияи Марказӣ интихоб шудам.
- Фаъолияти меҳнатии Шумо роҳи пурпечутоб дорад ва масъулияти бузургро талаб мекунад. Солҳои 1987-1990 ҷонишини раиси Комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе будед…
- Ин шояд мушкилтарин кор дар ҳаёти ман буд. Гузашта аз ин, замони бозсозӣ буд. Вазифаҳои душворе доштам: соҳаҳои маориф, нигаҳдории тандурустӣ, маданият, дин, ҳаракати кооперативӣ, комиссияи назоратӣ (яъне, кор бо шахсоне, ки ҷазоро адо кардаанд, ёрӣ расондан ба онҳо, бо кор таъмин кардан, ҷои истиқомат), комиссия оид ба корҳои ноболиғон ва ғайра. Ин кор таҷрибаи ҳаёт ва кории маро бой гардонд, ба ман сабру тоқат, маҳорати таҳлил кардани вазъият ва ёфтани роҳи созишро омӯзонд.
- Мехоҳем аз давраи мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати кадрҳо буданатон ёдовар шавед.
- Барои ман махсусан муҳим буд, ки яке аз аввалин фармонҳои Президенти мамлакат тадбирҳои баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа маҳсуб мешуд. Кӯшиш кардем, ки супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба амалӣ созем. Вақте ки мо, мушовирони сиёсати кадрӣ, бо роҳбарии Амиршо Миралиев моҳи декабри соли 1994 таъйин шудем, корро аз таҳлили вазъи кадрӣ ва ҳайати роҳбарикунанда оғоз кардем. Аз ҷумла, ҳиссаи занон ҳамагӣ 2 фоизро ташкил медод, гарчанде дар давраи шуравӣ занон сеяки ҳайати роҳбарикунандаи миёна буданд. Ба ҳайати мушовирон оид ба сиёсати кадрӣ Абдуҷаббор Азизов, Асрор Латифов, Маҳмадшариф Толибов, Хисрав Абдуназаров, Худойдод Алидодов низ шомил буданд. Метавонам иштирок дар таҳияи нахустин «Барномаи давлатии баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа», нахустин гузориши миллӣ оид ба татбиқи санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи занонро номбар кунам.
- Ҳоло ба чӣ кор машғулед?
- Нафақагир, ҳамзамон, котиби корпоративии «Тавҳидбонк» мебошам. Бояд гӯям, ки дар ин ҷо ҳам ман имкон пайдо кардам, ки дар раванди таҷдид иштирок намоям. Ман ҳамчун котиби корпоративӣ дар таҳияи ҳуҷҷатҳои бонки нав иштирок доштам. Солҳои охир ба ҳайси коршинос дар таҳияи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», харитаи роҳ оид ба рушди самараноки энергия ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар бахши сайёҳии ҷамоатӣ иштирок доштам.
- Ба чӣ ифтихори бештар доред?
- Бо оилаам, халқам, Ватанам фахри бештар дорам. Ба наздикӣ дар ҳайати як гурӯҳ ба маҳали сохтмони НБО «Роғун» рафтам. Дигаргуниҳо дар сохтмон хеле зиёданд, миқёси сохтмон таъсирбахш ва хусусияти лоиҳа аҷоиб аст. Манзараи кӯҳҳои дигаргуншуда, оби фирӯзии обанбор, нақбҳо, толорҳои азими зеризаминӣ ҳисси ифтихори маро бештар намуданд.
Мусоҳиб Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»