Шинохти инсон

Ганҷинадор

№32 (4615) 03.03.2023

«Халқе, ки аҷдоди худро қадр ва гузаштаи худро ҳифз менамояд, ояндаи нек дорад».

Эмомалӣ Раҳмон

Фарход Низомов (1)Фарҳод Низомов. Ин ном на танҳо миёни сокинони шаҳри Панҷакент, балки барои доираи васеи аҳли фарҳангу ҳунари тоҷик ошност. Зеро ин марди воқеан фидоӣ дар муаррифии фарҳангу ҳунар, ҳифзу нигоҳдории осори гаронмояи миллати тоҷик, ҳамчун композитор, мусиқишинос, осорхонашинос беш аз 50 соли умри пурбаракати хешро сарф намудааст.

Бо ҳам пештар шинос шуда будем ва баъдтар ин дӯстӣ ҳангоми иҷрои кору вазифа қавитару самимитар гардид.

Қаҳрамони матлаб аз хатми мактаби миёна дар шуъбаи назариявӣ — композитории Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дарсҳои композитсияро аз устодон М. Светеев, Г. Александров ва М. Атоев омӯхта, сипас таҳсилро дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (ҳоло Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанг) дар риштаи мусиқишиносӣ идома додааст. Пасон, дар мактабҳои бачагонаи мусиқӣ фаъолият намуда, дар ин давра чандин асарҳо барои фортепионо, труба, виолончел, скрипка, флейта ва сюита барои оркестри созӣ эҷод намудааст. Ду сюитаи хореографӣ «Қиссаи Ҳафткӯли Шинг» ва «Дурдонаҳои Панҷакент»-ро дар ҳаммуаллифӣ бо Миратулло Атоев офариданд. Яке аз самтҳои фаъолияти мусиқишиносии Фарҳод Низомов ба таҳқиқи фолклори маросимии водии Зарафшон ва тоҷикони Самарқанду Қашқадарё аст. Асарҳои «Сурудҳои тӯёнаи тоҷикон» ва «Фолклори тӯйӣ ва эҷодиёти композиторони тоҷик» маҳсули заҳматҳои ин марди ҳунар мебошанд. Дар ин самт Фарҳод Низомовро ҳамчун композитор ва мусиқашиноси сатҳи олӣ метавон эътироф намуд.

Марҳилаи дигари фаъолияти пурсамари ин фидоии фарҳанг ба соли 1986, баъд аз мудири шуъбаи фарҳанги Комиҷроияи шаҳри Панҷакент таъин шуданаш рост меояд. Таъсиси Мактаби санъати шаҳри Панҷакент, Осорхонаи мақбараи устод Рӯдакӣ, Осорхонаи таърихӣ — фарҳангии шаҳри Панҷакенти қадим, Боғи маданият ва истироҳатии марказии шаҳр, ансамбли халқии фолклории «Марворид», азнавсозии толорҳои Осорхонаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, хона — музейҳои Лоиқ Шералӣ ва Файзулло Ансорӣ, тармими мақбараҳои Олим Додхоҳ ва Хоҷа Муҳаммади Башоро, таҳияи тарҳи нави мавзӯӣ — экспозитсионӣ ва барномаҳои нав барои ҳунармандони шаҳри Панҷакент барои фестивал – озмунҳои «Бӯстон», «Андалеб» ва ансамбли фолклории «Марворид» дар фес­тивалҳои байналхалқии Молдовия (1988), Италия (1989) ба замони роҳбарии ӯ рост меояд. Ин муддат дастаҳои ҳунарии шаҳри Панҷакент дар чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ғолиб омада, ба гирифтани шоҳҷоизаҳо мушарраф гардидаанд.

Соли 1996 роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва ҳукумати шаҳри Панҷакент Фарҳод Низомовро ба вазифаҳои масъул — директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент пешбарӣ намуданд.

Осорхонаи мазкур соли 1958 ба ифтихори ҷашни 1100 — солагии Сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мувофиқи лоиҳаи меъмори машҳур Александр Макуха бунёд шудааст. Дар осорхона на танҳо экспонатҳо аз ҳафриёти Панҷакенти бостонӣ, балки аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ гирдоварӣ шудаанд.

Он замон ман ба ҳайси роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанг фаъолият менамудам ва шоҳид гардидам, ки аз нахустин рӯзҳои фаъолият Фарҳод Низомов бо дасту дили гарм, собитқадамӣ барои осорхона корҳои назаррас анҷом дод. Бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзиаш осорхона симои чашмрас касб намуд. Тармими бинои осорхона, ободии атрофи он, такмил ва зиёдсозии толорҳо, табдили навиштаҷотҳо бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), ҳамчунин, таъсиси гӯшаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва корномаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи заҳматҳои ин марди ташаббускор ва созанда мебошанд.

Иқдоми дигар ҷалби мактабиён ба осорхона буд, ки самараи дилхоҳ дод. Номбурда ба омӯзишу тарбияи насли наврас ҳавасманд буда, ҳамкориро бо мактабу таълимгоҳҳо қавӣ намуд. Дар лаҳзаҳои фориғ аз дарс ва рӯзҳои истироҳат мактабиён аз шаҳру деҳоти атроф ва навоҳии Айниву Мастчоҳ ба тамошои осорхона меомаданд ва ба таъриху фарҳанги кишвар ошно мешуданд. Бисёр омӯзгорон дарсҳоро аз фанҳои таърих, забон ва адабиёт, биология, ҷуғрофия ва зоология бевосита дар толорҳои осорхона мегузаронданд.

 Ташкили шӯрои илмии осорхона низ ташаббуси бевоситаи Фарҳод Низомов мебошад. Ин шӯро тавонист, на танҳо кормандони осорхона, балки зумрае аз аҳли илму адаби шаҳрро ҷалб намояд. «Дастури музей» (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), рисолаҳои «Аз таърихи номгузории гузарҳо ва маҳаллаҳои Панҷакент», «Ҳунармандони Панҷакент», «Хотираҳои сафари устод Айнӣ ба Панҷакент», «Робитаҳои хориҷии музей», «Фарҳанги истилоҳоти музей», «Таърихи осорхонаҳо дар Панҷакент», «Таърихи осорхона ва мақбараи устод Рӯдакӣ» аз ҷумлаи осоре мебошанд, ки замони роҳбарии ӯ нашр гардидаанд.

Борҳо шоҳиди он будам, ки ин фидоии роҳи фарҳангу ҳунар баҳри ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба осорхона то охирин лаҳза пофишорӣ намуда, ба ҳалли мусбати он дастёб мешуданд.

Фарҳод Низомов бо ифтихор ба ёд меорад, ки дар таърихи Осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ воқеаи фараҳбахшу хотирмоне ба вуқӯъ пайваст. 8-уми сентябри соли 2008 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз осорхона дидан намуда, пас аз тамошо фикру мулоҳизаҳои судманд иброз доштанд, ки баҳри рушди минбаъдаи он мадад намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки: «Осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро мебояд ба яке аз марказҳои фарҳангии миллати тоҷик табдил дод. Ба кормандони осорхона суботкорӣ, иродаи қавӣ, қадамҳои устувор ва зафарҳои беназирро баҳри ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги тоҷик орзу менамоям». Ин суханони пур аз меҳри Сарвари давлат кормандони осорхонаро рӯҳбаланд намуд ва имрӯз онҳо ҳамчун ганҷинадори фарҳанги миллат кору фаъолият менамоянд.

Имрӯз ҳам ин марди хирад, новобаста ба бознишастагӣ, дар ҳаёти сиёсиву фарҳангии шаҳри Панҷакент, тарбияи насли наврас фаъолона ширкат менамояд. Дар суҳбате, ки чанд рӯз қабл доштем, изҳор намуданд, ки воқеан нигаронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тамоюли бегонапарастӣ, нодида гирифтани арзишҳои миллӣ замони бархӯрди тамаддунҳо саривақтӣ мебошад ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки алайҳи он мубориза барем.

Ба устод давлати пириро дар ҳалқаи дӯстону наздикон ва фарзандону наберагон таманно дорем.

Мирзошоҳрух АСРОРӢ,

Корманди шоистаи Тоҷикистон