Забон яке аз волотарин арзишҳои инсонӣ, ягона воситаест, ки таъриху фарҳанги миллату халқиятҳои гуногун тавассути он ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад. Ба ифодаи дигар, ҳеҷ миллате бе доштани забони миллӣ вуҷуд надорад. Аз ин ҷост, ки ҳар миллат ба забони модарӣ арҷ мегузорад, кӯшиш мекунад онро поку беолоиш нигоҳ дорад ва чун гавҳараки чашм аз он дифоъ кунад. Гузаштагон ин рисолатро хуб адо кардаанд ва мо онро идома бахшида истодаем. Дар зер суҳбати хабарнигори рӯзнома бо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ фарогири ин масъала аст.
- Ба вазъи ҳуқуқӣ ва рушди забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
- Ҳар як миллат вақте ки ба истиқлолият мерасад, бештар ба анъанаву сарчашмаҳои бунёдии давлатсозӣ диққат мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳибистиқлол гардидан бо қабули як силсила қарору андешидани тадбирҳои мушаххас ба беҳтар шудани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ мусоидат намуд. Дар давраи зикршуда барои таҳияи қонуни нави забон комиссияи махсус таъсис шуд. Он тайи солҳои 2007-2008 лоиҳаи қонунро таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намуд. Ҳамин тариқ, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун мазмуну меъёрҳои бисёре аз қонунҳои забони кишварҳои дигар, ҳатто арабӣ, кишварҳои Аврупо то Лаҳистону ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ омӯхта, ба назар гирифта шуданд. Баъд аз он ки қонуни нави забон мавриди амал қарор гирифт, барои инкишофи забони модарӣ ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам гардид.
Алҳол, ки мо дар арафаи ҷашни Рӯзи забони давлатӣ қарор дорем, бояд ба назари интиқодӣ таҳқиқоту пажӯҳишҳои забоншиносиро таҳлилу баррасӣ ва самтҳои асосӣ, бунёдии густаришу такомули илми забони тоҷикиро муайян намоем. Ин самтҳо бояд масъалаҳои дохил шудани забони тоҷикӣ ба фазои иттилоотии техникӣ, ба забони тавонои илмӣ табдил ёфтани он, таҳияи истилоҳоти илмиву техникӣ ва меъёрҳои илмии забони адабии навишторӣ ва гуфторӣ дар асоси меъёрҳои таърихии забон ва бисёр масъалаҳои дигари муҳими рушди забонро дар бар гирад.
— Иҷрои Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
- Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомнома яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Гуфтан бамаврид аст, ки нуктаҳои ин санади хеле муҳим аз ҷониби мақомоти марказиву маҳаллӣ дар сатҳи баланд татбиқ гардида истодааст. Ҳар сол аз ҷониби кумита зиёда аз 60 мақомоти марказиву маҳаллӣ, новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқиашон, аз санҷиш гузаронида, ба мақомотҳои дахлдор санад пешниҳод карда мешавад.
Бо мақсади иҷрои бечунучаро дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии маишӣ гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои ороиши пойтахт ва рекламаву тарғибот дар шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Гурӯҳи корӣ дар 9 моҳи соли равон забони матни 295 ангора ва лавҳаю овезаҳои ташкилоту муассисаҳои рекламавӣ ва соҳибкорони инфиродиро мавриди баррасӣ қарор дод. Инчунин, дар ин давра хатоҳои зиёда аз 10 матолиби иттилоотӣ ва таблиғотии марказҳои хизматрасонии шаҳри Душанбе бартараф карда шуд.
Дар асоси Нақшаи санҷишӣ гурӯҳи корӣ оид ба иҷрои муқаррароти қонун дар раёсатҳои таҳсилоти олии касбӣ, баъдидипломӣ ва дигар сохторҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш гузаронда, барои ислоҳи камбудиҳо ба вазорати мазкур санад пешниҳод кард.
Дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ҷиҳати назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фаъолияти шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи раиси вилоят, раёсатҳо ва Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Зафаробод, Шаҳристон, Деваштич, Панҷакент, Конибодом гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, санҷишҳо гузаронида шуданд. Аз натиҷаи санҷишҳо санади дахлдор таҳия ва барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод карда шуданд.
Инчунин, фаъолияти шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ванҷ, Роштқалъа, Ишкошим, Шуғнон ва Дарвозро мавриди санҷиш қарор гирифта, аз натиҷаи онҳо барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба мақомоти дахлдор санад пешниҳод гардид.
- Барои қонунвайронкуниҳо дар соҳаи забон чӣ чораҳо андешида шуд?
- Аз ҷониби мақомоти судӣ соли ҷорӣ барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид.
Дар нимсолаи аввали соли 2018 зиёда аз 40 нигошта аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими ҳамгунсозии истилоҳот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Кумита дар шашмоҳаи аввали соли равон 128 номгузории фарзанд ва ному насаби тоҷикиро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод, ки ба 68-тои он хулосаи рад дода шуд. Бояд зикр намуд, ки дар муқоиса ба семоҳаи аввали соли 2017 оид ба масъалаи номгузорӣ муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта нашуда буд. Пас аз дастрас гардидани «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ба аҳолии кишвар муроҷиаткунандагон хеле фаъол гардиданд.
- Чӣ бояд кард, ки аҳли ҷомеа бо риояи меъёрҳои забони адабӣ сухан гӯянд?
- Бо забони сирф адабӣ сухан гуфтан имконнопазир аст. Чунончӣ, ҳангоми муошират бо яке аз забонҳои маъруфи дунё — забони русӣ баъзе лағжишҳо мушоҳида мешавад. Ин табиист, чунки забони зинда ҳамеша ба содагӣ, кӯтоҳ ва мӯҷазбаёнӣ майл дорад. Он калимаҳои мушкилбаёне, ки дар забони хаттӣ мавҷуд аст, дар забони гуфтугӯйӣ умуман ба кор бурда намешаванд.
Имрӯзҳо аз забони матбуот низ андаке норозигӣ изҳор мекунанд, мегӯянд, ки барои чӣ ба ҷойи баъзе калимаҳои тоҷикӣ калимаҳои бегонаро кор мефармоянд. Дар ин бобат ҳақ ба ҷониби мардум аст, чунки забони ВАО бояд забони оммафаҳм бошад. Услуби рӯзноманигорӣ тақозо мекунад, ки мардуми тоҷик, чӣ дар дохил ва чӣ берун аз марзи Тоҷикистон, маънои нигоштаҳои матбуотро бо як бор хондан фаҳманд. Афсӯс, бо вуҷуди он ки дар забони тоҷикӣ калимаҳои хеле осонбаён ва осонфаҳм мавҷуданд, ба ҷойи онҳо калимаҳои мушкилфаҳм ва бегонаро кор мефармоянд.
Вазъи имрӯзаи забони адабиро воситаҳои ахбори омма инъикос мекунанд. Аз ин рӯ, забон бояд покиза, беолоиш ва барои ҳама намуна бошад, то мардум хонанду ба он тақлид кунанд. Ё аз барномаҳои радио ва телевизион шунаванду ёд гиранд ва калимаҳоро бо маънои маъруфашон кор фармоянд.
Лозим ба таъкид аст, ки омӯзиш ва арҷ гузоштан ба забони давлатӣ қарзи ҳар як фарди соҳибдилу соҳибмаърифат ва ба ору номуси диёр аст. Мутобиқи санадҳои муайянгардида, дар корхонаву ташкилотҳо ва умуман, мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муроҷиат, алалхусус муроҷиати хаттӣ, бояд бо забони давлатӣ пешниҳод гардад ва қабулкунандаву мутасаддӣ ҷавобро ҳатмӣ дар доираи талаботи меъёрҳои забони давлатӣ гардонад.
Имрӯз, ки мо дар пойгаҳи дари ҷаҳонишавӣ қарор дорем, бояд бо як ифтихори милливу ватандорӣ ба муқаддасоти миллӣ муносибат ва арҷгузорӣ кунем, то онҳоро аз «тӯфон»-ҳо «гирдоб»-ҳои дар пешистода эмин нигоҳ дорем. Забони мо, ки муаррифгари фарҳангу миллат дар гузаштаву имрӯз аст, бояд беолоиш боқӣ монад.
Набояд фаромӯш кард, ки агар дар олам зиёда аз 7000 ҳазор забон вуҷуд дошта бошад, танҳо 100-тои он мақоми давлатӣ доранд. Забони тоҷикӣ дар қатори ин садгона аст. Ин гувоҳи хеле қадима будан ва таърихи тамаддуни оламро гаҳвораҷунбонӣ кардани он мебошад. Ман даъват менамоям, ки ба гуфтаҳои олими бузурги аврупоӣ Волтер пайравӣ карда, доимо пайи омӯзиш ва эҳтироми забони модарӣ бошем. Волтер фармудааст: «Ҳамаи забонҳои умдаи хориҷиро метавон дар шаш сол омӯхт, аммо барои ёд гирифтани забони модарӣ тамоми умр ҳам кофӣ нест».
Мусоҳиб Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»