Гул карданат, эй диёр, гул кардани мост

№ 24.06.2021

Шеърро мусиқии рӯҳҳои бузург мегӯянд, ҳамон мусиқие, ки торҳои ҷон ва ҷаҳони андешаро ба ларзиш меорад ва ҳамоҳангие миёни ишқу зиндагӣ эҷод месозад. Ба гуфти Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода:

Шеър ҳам бояд занад фавворае,

Аз танӯри дил чу оташпорае.

Нуруллоҳи Ориф аз ҷумлаи шоиронест, ки эҷози шеърро дар мусиқӣ ва рӯҳи мусиқиро дар шеър танидааст. Ашъори арзишманди ин шоир дар маҷмӯаҳои «Ишқи фаришта», «Рӯъёи сабз», «Сояи ашк», «Бӯсаи чашм», «Шароби оғӯш», «Намози ишқ», «Хуршед дар биёбон», «Нози Наврӯз», «Пайғоми «Меҳан,эй Меҳан», «Нони офтоб» ва бештар аз бист китоби дигар ба нашр расидаанд.

Дар яке аз маҳфилҳои адабӣ Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон Гулназар Келдӣ таъкид карда буданд, ки дар суруднависӣ Нуруллоҳи Ориф дорои истеъдоди баланд аст. Забони сода ва истифода аз таъбиру ибораҳои мардумӣ шеъри ӯро ширадору дилписанд гардонидааст.

15 июн бо ибтикори «Маҳфили эҷодкорони ҷавон»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии раиси ин ниҳод Абдулло Раҳмонзода базми шеъру таронаи шоир дар толори қасри «Суруш»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ваҳдат ва сивумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он мухлисон, ҳаводорони шеъру тарона ва Абдулло Раҳмонзода ширкат варзиданд.

Дар ин маҳфил на танҳо шоир шеърҳои худро ба самъи ҳозирин расонд, балки сарояндагони маъруфу машҳури кишвар Сурайё Қосимова, Муҳаррама Шарифова, Ҷумъахон Сафаров, Пенҷи Аннаев ва чандин нафари дигар аз ашъори шоир таронасароӣ намуданд.

Пеш аз баргузор гаштани маҳфил маҷмӯаи «Нони офтоб»-и шоир рӯи чоп омад, ки як навъ хулосаи шеъру таронаҳояшро фаро мегирад. Ишқу поку самимона, нозу истиғнои ёр, меҳри беолоиши модар, ситоиши муҳаббат, бузургӣ ва шукӯҳи Ватан мавзӯъҳое ҳастанд, ки чун хати сурх ашъори шоирро убур мекунанд.  Нуруллоҳи Ориф ҳастии худро бе Ватан тасаввур карда наметавонад. Гул кардани Ватан, яъне рушду нумуи Тоҷикистонро, гул кардани худ медонад:

Дар синаи мо дил, ин дили меҳани мост,

Дил баҳри вафо гирифта ҷо дар тани мост.

Сар дар бағалат қарор ҳар рӯзи дароз

Гул карданат, эй диёр, гул кардани мост.

Ишқи Ватан ба ҳадде дар дили шоир ҷо дорад, ки наметавонад худро дур аз ӯ тасаввур кунад. Ватан аст, ки ба мухотаби шоир болу пар мебахшад. Ӯ дур аз меҳан зистанро намеписандад. Аз ин ҷост, ки аз номи ғарибафтодае мегӯяд:

Ёрон, ҷигарам кабоб баҳри Ватан аст,

Бар зинда Ватан, ба мурда лозим кафан аст.

Шоир содаву равон шеър мегӯяд. Ҳангоми хондани ашъори ӯ симои эҷодкоре пеши назар ба ҷилва меояд, ки диле озода дорад, бо гулу гиёҳи кӯҳистон хӯ гирифтааст, ҳамроҳи чашмасорону рӯдборон нафас мекашаду таронаи зиндагиашро қисса мекунад. Симои маъшуқае, ки дар шеърҳояш офаридааст, ҳамон духтари зебову саркаши деҳотист. Духтари бошарм, поктинат ва дар баробари ин саркашу мағрур. Шоир маҳбуби дили худро ба «кавги лаби бом», «кавги лаби бора», «кавги лави реша», «шаршарамӯ», нозашро ба гули ёсуман, қоматашро ба «қади химча»… ташбеҳ мекунад. Яъне нигори шоир ҳамон рустоидухтарест, ки пайванди худро бо табиат ҳифз кардааст, побанди урфест, ки аз модар мерос дорад. Шоир ҳам ӯро дар пайванди ҷовидона бо муҳити пуратри кӯҳистон мешиносад:

Сабад дар даст ёрам, дар сабад гул,

Ба ҳар як шохи гул як села булбул.

Саломам бод, эй боди саҳартоз,

Расон ҳар дам ба ёри майдакокул.

Ҳамин пайванд азалии табиату инсонро ҷо-ҷо шоир хеле хуб ба кор мебарад. Дар назари ӯ ёраш шабеҳи боғ аст: боғи гелос, боғи анҷир. Яъне бо ин тасвир зебоӣ, дилбарӣ, ширинии нигори хешро таъкид мекунад:

Эй боғ,боғи гелос,

Эй боғ, боғи анҷир.

Бо ту намешавам хор,

Бо ту намешавам пир.

Яке аз вижагиҳои дигари шеъри Нуруллоҳи Ориф он аст, ки ҳангоми навиштани тарона на танҳо аз табиру ибораҳои мардумӣ кор мегирад, балки ба лаҳҷа низ рӯ меорад. Истифодаи шеваи гуфтор ё лаҳҷаҳои мардумӣ дар шеър ва насри бадеии адабиёти мо ба чашм мехурад, вале истифода аз он бояд устодона ва бамавқеъ бошад. Қаҳрамони матлаб кӯшидааст ин корро ба таври шоиста анҷом диҳад ва шириниву лаззати лаҳҷаи зодбуми хешро ба хонандаву шунаванда (тариқи суруд) бирасонад. Ба ин мисраҳо таваҷҷуҳ кунед:

Ин бачаи қадбаланд човандозай,

Аспш ҳама вақт дар даву дар тозай.

Хандида ба ман зи дур чашмак зада чанд,

Ҷангш накн, эй оча, ки дхтарбозай…

                                          ***

Ҳшта дар сарт бгӣ, бача, бача,
Мара дар барт бг
ӣ, бача, бача.

Мара ай чашми бади беадабо,

Дар таги парт бгӣ, бача, бача…

Ситоиш, васфи модар дар адабиёти муосири тоҷик, хоса дар шеър, ҷойгоҳ ва мавқеи баланд дорад. Симои модар, ҳолати рӯҳиву равонӣ, ҷойгоҳи иҷтимоӣ, шодиву дарду армонҳои ӯ дар осори устодони бузурги шеъри мо Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар, Муҳаммад Ғоиб ва дигарон хеле мушаххас ва муассир ба риштаи тасвир кашида шудааст. Нуруллоҳи Ориф низ дар шеъру таронаҳояш ба модар рӯ овардаву кӯшидааст ҳақиқати ҳоли ӯро баён созад. Ҳарчанд ӯ гапи тозае нагуфтааст, аммо суханаш самимона аст. Донистани қадри модар, шинохти ҳолати рӯҳии ӯ, пай бурдан ба ормонҳо, интизориҳо, шодиҳо ва доғҳо дар шеъри ӯ аз худ дарак медиҳанд. Шоир аз номи муҳоҷирбача модари чашмбароҳро тасалло медиҳад, вале аз ҳақиқати рӯзгор чашм намепӯшад: «бар хоки қадамҳои ту зорам, очае», аммо «ман дар қапи як фариштаи рус задам».

Дар тасвири шоир модар фаришта аст, фариштае, ки аз нури рӯяш хона равшан мешавад. Ҳар сухани модар мисли қанд ширин асту ба фарзанд неру мебахшад. Модари ба риштаи тасвиркашидаи Нуруллоҳи Ориф ҳамон модари хушрӯи деҳотӣ аст. Орзуи вай нисбат ба фарзанд ин аст, ки: «орӣ зи макру ҳила, орӣ зи дард бошам… Хун мехурӣ агар ман оворагард бошам».

Таронаҳои Нуруллоҳи Орифро овозхонон месароянд, тамошогарону мухлисон лаззат мебаранд. Хусусияти хоси тарона он аст, ки бо мусиқӣ ва садои марғуби овозхон омехта пуртаъсиртар, ҷолибтар мешавад. Нуруллоҳи Ориф низ каломи мавзуни худро бо мусиқӣ зиннат дода, ба дили дӯстдорони шеъру наво роҳ ёфтааст.

ВОРИС,

«Садои мардум»