Гулфишони баҳори мо омад

№140 (4402) 16.11.2021

2ОҒОЗ

Фазои Тоҷикистон буғранҷ буд. Қар-қари калоғҳо пайкари дилҳоро мехарошид. Чароғи боварҳо дуд мекард. Ишқро, меҳрро аз синаҳо ронда буданд. Силоҳ ҳукумат дошт. Ҷони инсонҳо мисли ашки сари мижгон бо як мижа задан ба хоки тира мерехт. Тарс банди дилҳоро меларзонд. «Фалониро куштанд», «духтари фалониро бурданд», «фалонӣ беному нишон аст», «хонаи фалониро оташ заданд», «манзили фалониро ғорат карданд»… хабарҳое буданд, ки гӯшҳоро ба дод меоварданд, мағзҳоро хароб менамуданд. Рӯзҳои бенур, шабҳои бечароғ шодиву сурур ва хандаро аз дилу лабони мардум дуздида буданд. Ашк, дард, ғам, гиря… фарёди дили мардуми бефарёдрас буд.

Вақте умед мемирад, вақте ишқ фаромӯш мегардад, вақте оташи меҳр ба хокистар табдил меёбад, вақте боди ноодамӣ, бераҳмӣ мисли гург зуза мекашад, зиндагӣ ба ҷаҳаннам монанд мешавад. Манзараи ибтидои солҳои навади асри гузашта дар Тоҷикистон чунин буд.

Магар мешавад ишқро парронд, сар бурид, ба дор овехт, оташ зад, ба дарё андохт. Ҳаргиз чунин намешавад, аммо одамон метавонанд дари дилро ба рӯи ишқ бубанданд, онро аз манзили худ биронанд, зиндагияшонро ба бадбахтӣ бадал созанд. Доду бедод агар миллате чароғи ишқи худро хомӯш созад. Магар дар дунё чунин миллати сархӯр вуҷуд дорад?! Вуҷуд надорад, аммо…

ФАРЗАНДИ ҶОННИСОРИ ВАТАН

Депутатҳо дар Қасри Арбоб ҷамъ омаданд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҷо баргузор гардид. Мақсад як буд: гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, нигоҳ доштани Тоҷикистон аз пора-пора гаштан, барқарор намудани ҳокимияти қонунӣ.

- Рӯзҳои сахтеро аз сар гузаронидем, — ба ёд меорад он рӯзгоронро Халил Мирзоев, яке аз иштирокчиёни иҷлосия. — Мақсади ягона барқарор кардани ҳокимияти қонунӣ дар мамлакат ва наҷоти он аз нобудӣ буд. Мардуми кишвар чашми умед ба иҷлосия дӯхта буданд. Депутатҳо баҳс мекарданд, назарҳои гуногун доштанд, ҳатто касоне ҳам ширкат доштанд, ки манфиати худро аз манфиати халқу Ватан боло мегузоштанд. Кори иҷлосия аз 16 ноябр то 2 декабр идома ёфт.

Ҷони одам барояш азиз ва аз ҳам чиз ширин будааст. Мансабдорон барои офияти худ аз курсӣ даст мекашиданд, бисёриҳо ба Душанбе омадан намехостанд. Тамошобинҳо ҳам буданду бетарафҳо ҳам. Аммо фарзандони баномуси Ватан барои наҷоти миллату сарзамин пофишорӣ мекарданд.

Рӯзе, ки Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд, ҳатто буданд касоне, ки ба ояндаи кори ӯ бовар надоштанд. Қумандонҳову силоҳбадастонро саришта кардан осон нест, мегуфтанд. Ин гуна одамон касоне буданд, ки паллаи тарозуро нигоҳ мекарданд. Кадом паллае, ки вазнин ояд, худро ба ҳамон тараф мепартофтанд. Дар урфият ин гуна «зотҳои шариф»-ро мунофиқ мегӯянд.

Ба дӯши Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазифаи душвор афтид. Ҳатто душвор гуфтан ҳам кам аст, аз душвор ҳам душвортар. Зеро Раиси Шӯрои Олӣ будан ҷоннисорӣ мехост. Он замон силоҳ гапи асосиро мезад. Пеши онро гирифтан, дар муқобили силоҳ сина сипар кардан шуҷоату мардонагӣ талаб мекард. Ҳамин гуна мард, ҳамин гуна фарзанди ҷоннисори Ватан Эмомалӣ Раҳмон буд. Инро гузашти замон нишон дод.

ПЕШГӮИИ ҲАЙДАРИ АВЛИЁ

Одамон ҳама чизро мушоҳида мекунанд. Ҳамин мушоҳида дар тӯли асрҳо ба ҳушу хиради онҳо меафзояд. Ҳикмати зиндагӣ тавассути андӯхтаҳо рангин мегардад, пурбор мешавад. Масалан, якеро одами бобаракат ва дигареро бебаракат гуфтани мардум беҳикмат нест. Куруш барои он кабир аст, ки ба ӯ Худованд баракат дода буд. Дар сояи давлати ӯ мардум осуда нафас мекашиданд. Баракати Исмоили Сомонӣ ҳам маълуму машҳур аст. Ӯ ҳатто худро девори Бухоро гуфта буд, ҳамон деворе, ки ба бухороиён осоиш ва баракат овард.

Эмомалӣ Раҳмон низ шахсияти назаркарда аст. Омадани ӯ ба сари қудрат раҳмат ва баракат ба ҳамроҳ дошт. Сухани ӯ, лабханди ӯ, нигоҳи ӯ, ҳаракати ӯ мардуми кишварро маҷзуб намуд.

Бобои Ҳайдар дар Ҳисор шахси машҳуру обрӯманд буд. Мегуфтанд, ки ӯ соҳиби каромат асту рафтору гуфтораш пур аз ҳикмат. Ба одамон маслиҳат медод, онҳоро ба роҳи рост, ба кори савоб ҳидоят мекард. Писари ин пири хирад Усмон қисса намуд, ки падараш нотоб шуда, рӯи бистар хоб буданд. Дӯстонашон ба аёдат омада, бо он кас аз ҳар боб суҳбат мекарданд. Он замон дар Қасри Арбоб Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошт. Як вақт дар телевизор чеҳраи Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон намудор гашту ба сухан гуфтан даромад. Падарам базӯр ҷисми дардмандашро бардошта, сари ду зону нишаста, ба суханони раиси нав гӯш дода, ашки чашмонашро бо рӯймолча пок мекарданд. Дӯстонашон ин ҳолро дида, сабаб пурсиданд. Падарам ба саволи онҳо посух надода, ба ман рӯ оварданд: — Писарам, зуд рафта додару акаҳоятро гирифта биёр. Баъди чанд дақиқа ёру бародарон назди падар омадем. Он кас ба мову дӯстонашон рӯ оварда гуфтанд:

- Ман дар пешонаи раиси нав нури сарвариро дидам. Эмомалӣ Раҳмонро депутатҳо бо хости Худованд интихоб намуданд. Ӯ ба мамлакат сулҳу ободӣ меорад.

Пешбинии бобои Ҳайдар рост баромад. Баъди он мӯйсафедро Бобо Ҳайдари Авлиё мегуфтанд.

САЛОМИ МОДАРОНИ МУҶАХАРФӢ

Холаи Гулбарг ҳар гоҳе, ки дар телевизор симои Пешвои миллат ё акси он касро дар ҷое бубинад, ҳазор бор садқаву банда мешавад.

- Эмомалӣ Раҳмон падари мову фахри миллати тоҷик аст, — мегӯяд ӯ. – Ибтидои солҳои навади асри гузашта гуреза шуда, рӯди Панҷро гузашта, ба Афғонистон рафтем. Рӯзи сиёҳамон он ҷо сиёҳтар шуд. Худро бекасу хору залил медидем. Ҳар рӯз ба мо хабарҳои бади росту дурӯғ мерасониданд.

Як вақт дар Радиои Тоҷикистон барномаи «Хоки Ватан» ташкил шуд. Онро гӯш мекардему аз сиёсати пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон огоҳ мешудем. Одамони ношинос омада мегуфтанд, ки ба барномаи «Хоки Ватан» бовар накунед, шуморо фиреб медиҳанд. Аммо садқаи Ҷаноби Олӣ шавам, ки сару бар шуда, одамонашро фирис­тод ва моро ба Ватан овард.

Суханони холаи Гулбарг маро ба ёди модарони деҳаи Муҷахарфи ноҳияи Нуробод андохт. Бо сафари хидматӣ ба он ҷо рафта будам. Дар чойхонаи деҳаи Зорун бо мардум вохӯрдем. Баъди маҷлис муовини раиси ноҳия Рахшона Солеҳзодаро дидам, ки бо чашмони пуроб ба сӯи мо меояд. Ҳоли ӯро дида сабаб пурсидам.

- Эй кош, шумо ҳам бо ман мебудеду суханони модарони муҷахарфиро мешунидед, — гуфт ӯ.

- Онҳо чӣ гуфтанд?

- Хоҳиш намуданд, ки саломашонро ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бирасонем. Гуфтанд, ки мо ҷигарсӯхта будем, аз дасти силоҳдорони бешараф намедонистем ба куҷо пинҳон шавем, дарди диламонро ба кӣ гӯем? Барои шавҳарону фарзандонамон ба ҷон меларзидем, ки онҳоро бурда напарронанд. Рӯзамон сиёҳ буд. Фикр мекардем, ки дигар ҳаргиз хушрӯзиро намебинем. Аммо Ҷаноби Олӣ оқибат моро аз панҷаи бадбахтӣ наҷот дод. Ба мо умри дубора бахшид. Паю қадами силоҳдорони шумро аз диёри мо барчид. Ба дили мо шодӣ ва ба лабонамон табассум овард…

Ман он рӯз оташи дили пурмеҳри модаронро нисбат ба Сарвари давлат ҳис кардам. Дар суханонашон орзуву омоли ҳастии покашон намудор мегашт. Модар модар аст. Ӯ ба ҷуз саодатмандӣ ва хушрӯзӣ аз Худо чизи дигар намехоҳад.

АНҶОМ

Ибодат ба ҷуз хидмат  халқ нест,

Ба саҷҷодаву ҷомаву далқ нест.

 Ин мисраъҳо эҳсоси одамиятро дар вуҷуди хонанда бармеангезад, ӯро водор месозад, ки ба зиндагияш назар андозад ва бубинад, ки онро дар чӣ роҳе сарф кардааст. Дар зиндагӣ ҳар кас ба қадри имкон ва тавон кори хайреро анҷом медиҳад, ба манфиати давлату миллат амали хубро сомон мебахшад, осор боқӣ мегузорад. Аммо одамоне ҳастанд, ки рисолати бузургро бар дӯш доранд, сарнавишти кишваре, миллате ба онҳо вобаста аст. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дӯши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин рисолатро гузошт. Миллати тоҷик соҳиби роҳбаре гашт, ки ӯро ба сӯи саодати рӯзгор роҳнамун сохт. Сарвари давлат дар Паёмашон доир ба он иҷлосияи тақдирсоз гуфтаанд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонис­тем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

Оре, баробар бо шахси Сарвари давлат раҳмату баракат ба сарзамин омад. Нури ишқ дилҳоро саршор гардонид, офтоби бунёдкориҳо тулӯъ намуд.

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад…

Ахтари наҳс аз сари мо рафт,

Ахтари саъд ёри мо омад.

Аз сари мо хазонфишон бигзашт,

Гулфишони баҳори мо омад.

ВОРИС,

«Садои мардум»