Гурӯҳе аз эҷодкорони кишвар барандаи озмуни байналмилалӣ шуданд

№43 (4305) 06.04.2021

IMG_5546Гурӯҳе аз эҷодкорони кишвар дар Озмуни байналмилалии «Шаҳр дар оинаи ВАО — 2020» ширкат варзида, қисме аз онҳо ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор шуданд. Аз ҷумла, шореҳи масъалаҳои фарҳангӣ – иҷтимоии рӯзномаи «Ҷумҳурият» Абдулқодири Раҳим бо матлаби «Сархати ашъори гӯё» дар номинатсияи «Сухан, тавлиди истеъдоде, ки сарҳадро намепазирад» миёни сад довталаб ғолиб дониста шуд. Силсилаи матолиби сармутахассиси нашрияи зикршуда Бузургмеҳри Баҳодур дар номинатсияи «Ба Ғалабаи бузург 75 сол пур шуд. Ёд дорем ва ифтихор менамоем!» сазовори ҷои аввал гардид. Дар ҳамин бахш публитсисти ҷангноманавис Умари Шерхон низ пирӯз шуд.

Озмун бори нуҳум аст, ки дар доираи Форуми байналмилалии «Мегаполиси асри XXI» баргузор мегардад. Муассиси он Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва шаҳрҳои азими Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, дар баргузории озмун Кумитаи иҷроияи ИДМ, Думаи давлатии Федератсияи Россия, Иттифоқи журналистони Россия, Хонаи миллатҳои Москва, Маркази рушди иқтисодии ИДМ, Маркази мусоидат ба рушди бемайлони шаҳрҳои «Мегаполиси асри XXI» саҳм гирифтанд.

Ҳамчунин, дар озмун шабакаҳои радио ва телевизион, марказҳои матбуоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, журналистони алоҳида низ ширкат варзида, матлабҳояшонро пешниҳод карданд.

Муҳимияти мавзӯъ ва шакли ҷолиби баён талаботи асосии озмун буд ва мақолаҳо аз рӯи панҷ номинатсия баҳогузорӣ шуданд. Номинатсияи «Ба Ғалабаи бузург 75 сол пур шуд. Ёд дорем ва ифтихор менамоем!» ба 75 — солагии Ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуд. «Ояндаро якҷо месозем!» ба 30 — солагии таъсиси ИДМ ихтисос ёфт. Мавзӯъҳои дохилишаҳрӣ, аз қабили ҷорӣ намудани технологияҳои ҷадид дар идораи шаҳрҳо, боло бурдани сатҳи идораи давлатӣ дар шаҳрҳои азим ва пойтахтҳо, беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ дар шаҳракҳо масоили меҳварии номинатсияи «Шаҳри доно – шаҳри бехатар» гардиданд. Бо мақсади фароҳам овардани фазои осоишта ва муҳити ҳамгироӣ дар шаҳрҳои бузург номинатсияи «Дӯс­тии халқҳо – фалсафаи бунёдкорӣ ва рушд» созмон дода шуд. Бахшида ба ду санаи муҳими ҳаёти фарҳангиву адабии ИДМ: 175 — солагии Абай Қунанбоев ва 125 — солагии Сергей Есенин номинатсияи «Сухан, тавлиди истеъдоде, ки сарҳадро намепазирад» ташкил гашт.

Ҳамкасбон аз нашрияи «Народная газета» Сайидо Назаров бо мақолаи «Душанбе — шаҳри сулҳ» дар номинатсияи «Шаҳри доно — шаҳри бехатар» сазовори ҷойи аввал ва муҳаррири шуъба Лутфия Эшонқулова бо мақолаи «қаҳрамони баҳор» дар номинатсияи зикршуда сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

«Садои мардум»