Гурзафган

№112-113 (3592-3593) 30.08.2016

Ба ифтихори Дилшод Назаров — гурзандози маъруфи тоҷик, ки дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии 2016 дар Рио-де-Жанейро дар сабқати партоби гурз пирӯз шуд ва нахустин медали тиллои олимпиро дар даврони соҳибистиқлолӣ ба Тоҷикистон ҳадя кард.

Дилшод ба гурзи рустамӣ ёфт зафар,

Дар рӯи ҷаҳон мисоли як марди ҳунар.

 Партофта гурзи хеш дур аз дигарон,

Гурзе, ки ба вазн буд бисёр гарон.

 Андар Рио-де-Жанейрои Бразилиё,

Афрохта шуд то ба фалак Парчами мо.

                                ***

Дар муҳити варзишӣ зи бас зода бишуд,

Бо шавқи зиёд ӯ бар он дода бишуд.

 Буд модару қиблагоҳи ӯ варзишгар,

Фарзанди азизи худ бигрифта ба бар.

 Дилшод ба шавқи беш ин разм намуд,

Худ  гурз гирифту дур партофт зи худ.

 Чун марди муборизе ба ҳар қасди баде,

Бо гурз бикӯфт бар сари деву даде.

 Бо ному амал дод нишон бар дигарон,

Озодию  озодагӣ аз бори гарон.

Бахшидани хурсандӣ ба ҳар  пиру ҷавон,

Нангу шарафу ор ба ҳар марди замон.

 Ӯ дод нишон, ки нест тоҷик заиф,

Пирӯз шавад ба ҳар рақибею ҳариф.

 Дорад Ватану ғуруру мардию насаб,

Дар ҳарб шуда ба турку мақдуну араб.

 Фарҳанги ватандории волост варо,

Тасхир  ба шеъри ноб карда ҳамаро.

 З — ӯ қабл  падар – Ҷамолиддини афсар

Дар ҳифзи Ватан намуда буд сина сипар.

 Бо душману хоинон, ки дар ҷанг бишуд,

Ҷону тани худ фидои ин роҳ намуд.

 Дилшод, ки бе лутфи падар гашт калон,

Ҳам модару ҳам падар будаш модари ҷон.

 Ин буд, ки бар курта зада акси падар,

Рафт аз пайи ҳифзи эътибори кишвар.

То ҳис накунад бепадарӣ дар он ҷо,

То рӯҳи падар ба ӯ бигардад ҳамроҳ.

 Арвоҳи падар  сахт мададгораш буд,

Ҳам модари ҷон кушоиши кораш буд.

 Ҳар фарди Ватан дуо ҳамедод ба ӯ,

То к — ӯ ба зафармандӣ шавад рӯи рӯ.

 Худ Сарвари мамлакат сано гуфт ба ӯ,

Дар нисбати  ӯ гуфта суханҳои накӯ.

                             ***

Андар ҳамагӣ сию чаҳор соли ҳаёт,

Шуд лоиқи қаҳрамонӣ, аҳсан, Дилшод!

 Ҳарчанд нарафт аз пайи кори падар,

Дорад сари дӯш боқии бори падар.

 Варзиш, зи ҳарб бингарем, камтар нест,

Аз заҳмати он азоби вазнинтар нест.

                                 ***

Дилшоди Назар, муборак, эй гурди ҷавон,

Бодо-т ҳалол рутбаи гурди ҷаҳон.

 Пирӯзии ту ҷаҳон биовард ба шӯр,

Бахшид ба мо умеду шодию сурур.

 Барбаст аҷаб даҳони бадгӯёнро,

Аз рашку алам бисӯхт берӯёнро.

 Шуд ҷумла бахилею ҳасуде мулзам,

Боло сари мо бигашту аз онон хам.

 Ҳампешаю ҳамдиёри Ораш — Дилшод,

Эй шод дилат, ки кардӣ дилҳо ҳама шод.

 Аз ҷуссаи паҳлавоният буд аён,

Як гардану сар ту бартарӣ аз дигарон.

 Эй шод дилат, ки кардӣ дилҳо ҳама шод,

Андар ҳама ҷо Худо нигаҳбонат бод!

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»