Луқма

«Гузари бузҳо». Чаро он ба бачаҳо нафорид?

№114 (3908) 20.09.2018

БузЧанд сол қабл дар маркази ноҳияи Муъминобод, дар болои кӯҳи худсохт, ҳайкали рамзии бузи кӯҳиро гузоштанд. «Бузи кӯҳӣ» рамзи кӯҳистон буд, чунки ноҳияи Муъминобод­ро аз шимол ба ҷануб қаторкӯҳи Ҳазрати Шоҳ убур мекунад.

«Бузи кӯҳӣ» ончунон табиию дилрабо ба назар мерасад, ки акси онро ҳамчун беҳтарин манзара ҳатто дар даъватномаҳои тӯю семинарҳо ҷой мекарданд. Ҳар сайёҳе, ки ба ноҳия ташриф меовард, аввалин чизе, ки ба чашмаш мерасид, ҳайкал буд. «Бузи кӯҳӣ» маҳсули заҳмати собиқ раиси ноҳия Пирмад Зарифов мебошад.

Буз1Аммо, ҳоло аз рамзи зебои кӯҳӣ осоре намондааст. Ба қавли сокинони ноҳия, гӯё гузарро — «гузари бузҳо» ном мебурдаанд, ки ба бачаҳои маҳалла сахт расидааст. Онҳо мавҷудияти «бузи кӯҳӣ»-ро «ор» дониста, онро канда партофтаанд.

Ҳоло маълум нест, ки маблағи барои бунёди ҳайкал аз буҷаи ноҳия харҷшударо кӣ мепардохта бошад.

Дар майдони марказӣ (собиқ майдони Сурх)-и ноҳия ҳайкали асп низ гузошта шудааст. Рӯзе агар онро ҳам сари номус омада, нобуд кунанд, масъулин мавқеи тамошогарро ба худ эб медида бошанд?

А. МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»