Чанд рӯз пеш Иди саиди Фитрро таҷлил кардем ва дар баробари суханони хушоянд ва табрикоти самимии «Идатон муборак», «Иди саиди Фитр муборак» ва монанди ин, баъзеҳо мегуфтанд, ки «Идо қатӣ!» (Идо катӣ). Ин ибора тарҷумаи таҳтуллафзии «С праздником»-и русӣ мебошад.
Ҳамин гуна суханони нолозиму «аҷоиб»-ро дар дигар мавридҳо низ истифода мебаранд. Мисоли тоза: Дар мусофирбар ду дугона, ки гарму ҷӯшон нимтоҷикию нимрусӣ суҳбат мекарданд, ҳангоми фаромадан чунин хайрухуш карданд:
- Хай, Гуляҷон, тов ху!,
- Хай, ту ҳам почо қатӣ тов ху, пака…
Мисоли дигар. Ҳангоми гусели меҳмон охирин сухани меҳрубононае, ки аз забонамон мебарояд, чунин аст:
- Хай набошад (Хайр набошад).
Дар асл гӯё ин ҳарфи хуб аст. Аммо дурусттар диққат диҳед, оё ба меҳмони арҷманд хайру баракат таманно кардем? Баръакс, ҳангоми падруд хайрро рад мекунем. Агар ба ҷойи ин «Ба некӣ бубинем», «Худо ҳофиз», «Дар паноҳи Худо бошед», «То боздид» ва монанди ин суханонро ба забон биёрем, нуран алонур мешавад.
Одатан мардон (баъзан занон ҳам), ҳангоме ки писар ва ё духтарашон рафтори ношоям кард, мегӯянд:
- Ҳе паъат! (падарлаънат, бар падарат лаънат ва ғайра). Аҷаб беандешагӣ, ки ба худамон лаънат мефиристем. Ҳол он ки барои мусулмон ба ҷуз шайтон ба касе лаънат фиристодан норавост.
Баъзан калимаҳои дигари қабеҳро волидон нисбат ба фарзандон раво медонанд, ки овардани онҳоро ин ҷо ҷоиз намедонем.
Мисолҳо аз ҳаёти ҳаррӯза зиёданд. Шояд вақти он расидааст, ки пайи ислоҳи онҳо шавему забони шевои тоҷикиро аз ҳар гуна ифодаҳои беадабонаву ғайр тоза кунем?!
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»