Хайринисои хоксори мо

№150 (3944) 18.12.2018

(Cифатнома)

Тобистони соли 2011 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаи муовини сармуҳаррири «Ҷумҳурият» таъин намудани Хайринисои Расулӣ ба имзо расид. Ин хабар барои аксар кормандони рӯзнома «сюрприз»-и гуворое шуд.

Хайринисо ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи фарҳанги ҳамин рӯзнома фаъолият мекард. Ӯро панҷ сол пеш ман (сармуҳаррири ҳамонвақтаи «Ҷумҳурият») аз рӯзномаи «Садои мардум» ба кор даъват намуда будам. Бо ин шахсияти наҷиб саодати бистсолаи шиносоӣ доштам. Мо ҳар ду ҳанӯз аввалҳои солҳои 90-уми садаи гузашта дар шуъбаи илм, мактаб ва донишкадаҳои рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» кор мекардем.

Вале баъди чанд рӯз огоҳ гаштам, ки баъзе аз ҳамкоронамон ба ояндаи Хайринисо дар ин вазифа комилан хушбин набудаанд. На-на, касе одамияту ҳунару садоқати Хайринисоро зери шубҳа набурд. Эрод ба хислати ӯ иртибот мегирифт. Баъди Талъати Нигорӣ, муовини пешини пуртаҷрибаву сахтгир, ки ба нафақа рафт, Хайринисои раҳмдилу фавқулода хоксор ва бе таҷрибаи роҳбарӣ дар назарашон нотавон менамуд, фикрашон ин буд, ки муовини нав бо чунин мулоиматӣ корро пеш бурда наметавонад.

Дар ҳақиқат, Хайринисо инсони ниҳоят хоксор, содадил ва аз ғурури журналистӣ комилан бенасиб аст, дар ҳоле ки соҳибқаламони сатҳи ӯ ба қадри кофӣ такаббур доранд, баъзеашон ҳатто то расидан ба мартабае. Воқеан, дар ҷаҳони имрӯз баъзеҳо хоксориро на фазилат, балки камбудӣ ва айбу нуқсон мешуморанд; монеае дар пешравии шахс арзёбӣ мекунанд, бахусус барои журналистон як чизи нодаркор медонанд…

Мусалламан, ҳар кас мелоки қазовати худро дорад. Ман шахсан фикр мекунам, ки маҳз ҳамин хоксории ҳайратовараш фазилати асосӣ ва дилфиреби Хайринисо маҳсуб мешавад. Маҳз ба шарофати ҳамин фазилат бештар омӯхтаасту бештар заҳмат кашидаасту пешрафт кардааст ва қудрати қаламаш дар ҷомеаи журналистии кишвар эътироф гаштааст.

Хоксории Хайринисо, бе шакку тардид, хоксории табиӣ, хоксорӣ бо эҳсоси шоистагии шахсӣ аст. Хоксориест, ки хоҳари ҳамхуни истеъдод аст. Хоксориест, ки ҷаҳони ботинии инсонро ба тартиб меорад. Хоксориест, ки дар зиндагии имрӯзаи мо, мутаассифона, хеле кам дида мешавад.

Хоксорӣ аслан ба Хайринисо монеъ нашудааст, ки хислатҳои барои журналисти ҳирфаӣ зарурро, ба монанди масъулиятшиносӣ, ҷасурӣ, кунҷковӣ, мушоҳидакорӣ, суҳбатороӣ, таҳлилгарӣ, боисрорӣ, заҳматкашӣ, ҳадафмандӣ, принсипнокӣ, қавииродагӣ дошта бошад.

Қабл аз пешниҳод кардани номзадии Хайринисо ба вазифаи пурмасъулияти муовинӣ дили ман ва, муҳимтар аз ин, дили худи ӯ пур буд, ки аз уҳдаи кор мебарояд. Зеро таҷрибаи хубу тӯлонии кор дар нашрияҳои маъруфтарини давлатиамонро дошт. Бо вуҷуди вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии кишварамон, бахусус дар солҳои 90-ум, маҳорати журналистӣ ва мавқеи сиёсии хешро собит нигоҳ дошт. Дар сатҳи навиштаҳояш низ устуворӣ равшан ба назар мерасад. Журналистоне ҳастанд, ки агар ду-се матлабашонро сазовори баҳои «5» эҷод кунанд, як-ду матлаби дигарашонро шоистаи баҳои «2» ё «3» менависанд. Вале ба ҳар як навиштаи Хайринисо «4»-и устувор гузош­тан мумкин аст, агар «5» ҳам нагузорем. Ӯ аз ин сатҳ поён намефурояд.

Зимнан, инсонҳои воқеан хоксор ба чашми одӣ назарногир, хурд, содадил менамоянд, аммо тинати пок доранд, дили бузург доранд. Онҳо ба зиндагӣ зинат мебахшанд, дар хеш фазилатҳои беҳтарини инсонӣ: накукорӣ, дилсӯзӣ, хештандорӣ, парҳезгорӣ, ҳаё, эътимодбахшӣ, пуртамкинӣ, ҳадшиносӣ ва амсоли инҳоро ҷо кардаанд. Албатта, хоксориашон намегузорад онҳо истеъдодҳои худро ба таври шоиста арзёбӣ намоянд. Вале боке нест — ин корро мо мекунем, дигарон мекунанд, зеро истеъдодҳои онҳоро надидан имкон надорад.

Аз мушоҳидаҳои шахсиам гуфта метавонам, ки агар инсон дар арзёбии ҳунару қобилиятҳои хеш то андозае хоксорӣ нишон медиҳад, дигарон ба кордониву салоҳиятнокии ӯ тақрибан ­бист-сӣ дарсад зам мекунанд, вале дар ҳолати баръакс бошад, ҳамин миқдорро кам мекунанд.

Хайринисо бо дасту дили гарм ба иҷрои уҳдадориҳои мансабиаш пардохт. Корҳо хуб пеш мерафтанд. Эҳтирому мартабааш дар байни ҳамкорону ҳамкасбон ва муаллифони доимии рӯзнома батадриҷ баландтар мешуданд. Вале боз ҳам хоксориаш намегузошт бинад, ки ба кадом мартабаҳо расида истодааст.

Ман якчанд моҳи аввал барои эҳтиёт ноаён назорат мекардам, ки мабодо касе аз кормандони рӯзнома нисбати муовини нав беэҳтиромиеро раво бинад. Аммо медидам, ки, баръакс, хоксории ғайриқобили васф ва касбияту масъулияти ба қадри кофӣ баланди Хайринисо ба кормандони дигари идораи рӯзнома, бахусус журналистони ҷавон, духтаракони ҷавон, ба ҳар андоза таъсир мебахшиданд ва он таъсир нек буд. Онҳо беҳтар мешуданд.

Хайринисо воқеан ҳам инсонест, ки дар замин устувор аст: вақте корҳояш ҳама хубу бобароранд, аз худ бехуд намешавад ва, баръакс, вақте корҳояш баду бебароранд, худро мубталои афсурдагии рӯҳӣ намесозад. Ба комёбиву нокомиҳояш дуруст ва ба чашми таҳқиқ назар меандозад.

Хайринисо қоидаҳои мушаххаси зиндагии хешро дорад ва онҳоро сахт риоя менамояд. Чунончӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нест. Сабаб зиёд аст. Пеш аз ҳама, барои он ки журналист аст, журналистика касби ӯст: ҷарроҳон дар шабакаи иҷтимоӣ ҷарроҳӣ намекунанд. Ӯ касбиятро ба ҳаваскорӣ омехтан намехоҳад.

Бо камоли масъулият гуфта метавонам, ки Хайринисо ягон вақт мансабталаб набуд. Вале ҳамеша сахт кор мекард, ба журналистика иштиёқи беандоза ва муҳаббати самимӣ дошт. Ва ин, ки пеш аз нафақа дар замони роҳбарии се сармуҳаррири «Ҷумҳурият» вазифаи муовиниро ба ӯ бовар карданд ва хидматҳояшро ба медали «Хизмати шоиста» сазовор донистанд, далели равшани он аст, ки истеъдод ва заҳмати ҳалолу фидокорона зуд ё дер ҳатман қадр мешаванд…

Ҳоло ҳам апаи азизи мо Хайринисо шоистагии зиёд, вале хоксории аз он бештар дорад. Масалан, ҳатто чунин фикрро дар сараш роҳ намедиҳад, ки дар қиёс ба нафари дигаре иззату эҳтироми бештареро сазовор мебошад. Дар бораи фазилатҳои хеш аз ҳама камтар медонаду аз ҳама камтар меандешад. Мешавад гуфт, Хайринисои мо Хайринисотар гаштааст.

Камоли ҚУРБОНИЙОН, рӯзноманигор