Таассуфовар аст, ки ба пиндори бархеҳо дороӣ сирф бо доштани пулу моли зиёд фаҳмида мешавад, аммо он арзишҳои маънавии миллию ватандориро ба нодида гирифтан мебарад. Ин дар ҳолест, ки миллатҳои дунё пайи муаррифӣ намудани фарҳанги миллӣ, бузургмардони илму адаби гузаштаашон ҳастанд. Кор то ба дараҷае расидааст, ки аз даъво дар масоили ҳудуд ба мероси барҳақу ғании фарҳангӣ ба даъво сари шахсиятҳои таърихӣ гузаштан доранд.
Маълум ки бе моддиёт зинда мондан имкон надорад, вале бе маънавиёт инсон танҳо ба ном вуҷуд дошта метавонад, яъне гунае ҳайвон бо хӯрдан. Ҳамин аст, ки бо гузашти қарнҳо аз шоҳону қорунҳои аҳди гузашта, ки дабдабаашон дар осмон буд ва садҳою ҳазорҳо дар таъзиму мадҳу санояшон, касе ёдею ифтихоре накарда, баръакс, ба уламою удабо арҷ гузошта, ба ифтихорашон пайкараҳо месозанд, боғу шаҳрҳоро ба номашон номгузорӣ менамоянд. Мутаассифона, ёфт мешаванд касоне, ки ба хотири ҳарфи мондагор гуфтан, беасос сабаби ақибмониро дар шеъру шоирӣ медонанд. Гӯё шеъру шоирон дасти олимону ихтироъкорон, иқтисоддону сиёсатмадорони кишварро дошта бошанду нагузоранд, ки онҳо мамлакатро ба пеш бароранд. Наход дар касод гардидани бонкҳои ҷумҳурӣ низ шеъру шоирон гунаҳкор бошанд?
Хушбахтона, аз рӯзҳои нахусти фаъолият ба ҳайси Роҳбари кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои маънавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Номи бузургони илму адаб, арбобони давлатиро, ки ба фаромӯшӣ рафта буданд, зинда гардониданд. Ва то ҳол шаҳру ноҳия, муассиса ва боғу мавзеъҳои зиёдро бо номи онҳо номгузорӣ менамоянд. Ҳол он ки дар аҳди шӯравӣ, ҳатто кӯчаю тангкӯчаҳои назарногир ҳам бо номи касоне номгузорӣ мешуданд, ки барои миллату кишвар рабте надоштанд. Бинобар ин, рӯ овардан ба фарҳангу арзишҳои миллӣ дар шароити сахти ғӯтида рафтани мардум ба ботлоқи бегонапарастӣ, иқдомест қобили дастгирӣ.
Солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат, бахусус пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе, даҳҳо боғи дар ҳусну шаҳомат беҳамтои фарҳангию фароғатӣ бунёд ва ба номҳои мардони фарзонаи миллат ва дигар ифтихорот, чун Боғи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Куруши Кабир, Аҳмади Дониш, Алишер Навоӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Ҷавонон, Наврӯзгоҳ, Хайём, Восеъ Садриддин Айнӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ирам, Кӯли ҷавонон, Боғи кӯдакон, Ғалаба, гулгашти назди бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон номгузорӣ шуданд, ки маҳсули завқу салиқаи баланд ва ғояҳои ободонию созандагӣ, зебоидӯстии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ зодаи 28 урдибиҳишти соли 427 ҳиҷрии шамсӣ (баробар бо 18 майи соли 1048 милодӣ) аст. Дар шаҳри Душанбе ба ифтихори ин бузургмард пайкара, тарабхонаю чойхона ва кӯча номгузорӣ шуда бошанд ҳам, ҷолибтарини онҳо Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём», воқеъ дар шафати даромадгоҳи деҳаи Буни Ҳисорак, рӯ ба рӯи Маҷмааи шиноварӣ ва теннисбозии сохтмонаш дар арафаи анҷомёбӣ, аз зеботарин боғҳои пойтахт маҳсуб меёбад. Борҳо бо фарзандонашон ба дидани ин боғи зебо омадану завқидани меҳмонони хориҷиро аз давлатҳои пешрафта мушоҳида намуда, боварӣ ҳосил кардам, ки бисёр иншооти навбунёди шаҳр аз дигар давлатҳо монданӣ надоранд ва шояд то ҷое болотар истанд. Дар бораи меъморию дигар паҳлуҳои боғи мазкур, ки ҷои дӯстдоштаи бахусус, наврасону ҷавонон гардида, тамоми шароити истироҳату фароғатро дорост, чизе намегӯем. Чӣ ба зоҳир ва чӣ бо намуди дохилӣ он камбудие надорад. Фақат ҳамин қадар ки дар боғи Хайём, на аз сурат ва на аз рубоиёти оламгири ӯ намуна нест. Фаразан, агар дар болои дарвозаи асосии боғ сурати Хайём ва дар ҷойҳои чашмраси пушти панҷараҳои гулчин бо забонҳои тоҷикӣ, русию англисӣ рубоиёти ӯро дар лавҳаҳои нақшин ба маъраз мегузоштанд, нуран алонур мегардид. Ҳаводороне, ки ба тамошои боғ меоянд, аз кӣ будани ин чеҳраи мондагори миллат ба хубӣ огоҳӣ меёбанд ва ба дуздони фарҳанг ҳушдор мешавад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ Хайём арабу турк ё дигар миллат набуд, балки сирф тоҷик асту ба ҳамин забоне, ки ҳоло тоҷикон сухан мегӯянд, даҳ аср пеш эҷод намудааст ва ниёз ба тарҷумаю луғат надорад.
Бар коргаҳи кӯзагаре рафтам дӯш,
Дидам ду ҳазор кӯза гӯёву хамӯш.
Ногоҳ яке кӯза баровард хурӯш:
«Ку, кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш?»
Чуноне ки мебинем, Хайёми бузург бо ҳама бузургӣ шеърро чун манбаи нерую илҳом пазируфта, ҳаргиз монеи пешрафти фаъолияти илмӣ надонистааст. Ҳол он ки пеш аз он ки шоир бошад, олим ва дар риёзиёт, тиб, улуми адабӣ, динӣ ва торихӣ устод буд. Ибтидо дар мадрасаи Нишопур машғули мударрисӣ гардид. Бино бар маълумоти муътамади таърихнигорон он ҷо ҳам корҳои илмиро давом дода, «Рисола дар бораи санъати муайян кардани миқдори тилло ва нуқра дар моеъҳо»-ро навишт. Дар соҳаи математика бошад, Умари Хайём бо кашфи таснифи муодилаҳои кубӣ онҳоро бо роҳи бурришҳои конусӣ ҳаллу фасл намуд. Ин исботи теоремаҳои геометрӣ қабл аз геометрияи Н. Н. Лобачевский (1792-1856) ва Б. Риман (1826-1866) буд. Ӯ ба алгебра формулаи биномро ворид сохт, ки баъдтар бо номи Биноми Нютон ё ба номи Нютон машҳур гардид. Ҳамчунин, Хайём пешгӯӣ кард, ки муодилаҳои кубӣ се решаи мусбат доранд, ки бо формулаи Ҷ. Кардано (15010-1576) баъдтар исбот гардид. Ин мутафаккир таносубҳои Евклидро (325-265 то мелод) бо назарияи ададӣ иваз намуд. Ӯ, инчунин бори аввал дар илм тавсеаи мафҳуми ададро то адади аслии мусбат асоснок намудааст.
Саҳми ӯ дар рушди илми астрономия (ситорашиносӣ) низ кам нест. Дар Исфаҳон Хайём бо расадхонаи Зиҷи маликшоҳӣ ҳамкорӣ кардааст. Феҳрасти тақрибан сад ситораи дурахшон дар он марказ ташкил шуда буд. Тавре маълум аст, Умари Хайём ба гурӯҳи астрономҳое шомил мешуд, ки аз тарафи Маликшоҳ барои пешниҳод намудани нақша оид ба ислоҳоти тақвим ташкил шуда буд. Яке аз барҷастатарин корҳои Хайёмро метавон ислоҳи гоҳшумории Эрон дар замони вазорати Хоҷа Низомулмулк, ки дар давраи салтанати Маликшоҳи Салҷуқӣ буд донист. Тақвими имрӯзи эронӣ, ҳосили муҳосиботе аст, ки Хайём ва иддае аз донишмандони дигар анҷом доданд ва ба номи Ҷалолуддин Маликшоҳи Салқуқӣ, Тақвими Ҷалолӣ хонда мешавад.
Таърихнигорон ва донишмандони ҳамасри Хайём ва касоне, ки пас аз ӯ омаданд, ҷумлагӣ бар устодии Хайём дар фалсафа эътироф кардаанд, то он ҷо ки гоҳ вайро ҳакими даврон ва Ибни Синои замон донистаанд. Истеъдоди шигарфи Хайём сабаб шуд, ки вай дар заминаҳои дигаре аз дониши башарӣ низ дастовард дошта бошад. Аз вай рисолаҳои кӯтоҳе дар заминаҳое чун меконик (механика), ҳидрустотик (гидростатика), ҳавошиносӣ, назарияи мусиқӣ ва ғайра низ бар ҷой мондааст. Ахиран низ таҳқиқоте дар мавриди фаъолияти Хайём дар заминаи ҳандасаи тазйинӣ анҷом шудааст, ки иртиботи ӯро бо сохти гунбади шимолии Масҷиди ҷомеи Исфаҳон таъйид мекунад.
Нақши Хайём дар ҳалли муъодилоти дараҷаи сеюм ва мутолеоташ дар бораи асли панҷуми Иқлидус, номи ӯро ба унвони риёзидоне барҷаста дар торихи илм сабт кардааст. Ба гунае ки дунёи риёзӣ мадюни таҳқиқот ва иктишофоти ин донишманд аст. Ибдои назарияе дар бораи нисбатҳои ҳаммарз бо назарияи Иқлидус низ аз муҳимтарин корҳои ӯст. Дар жанри рубоӣ зиёд шоирони гузашта эҷод кардаю муваффақ шудаанд, аммо шуҳрату муҳаббате, ки рубоиҳои Умари Хайём дар ҷаҳон дорад, дар ҳеҷ кадоме дида намешавад. Аз ҳамин ҷост, ки рубоиҳои ӯро бо бисёре аз забонҳои машҳури дунё тарҷума намудаанд ва китоби рубоиёти Хайёмро ба китоби рӯимизӣ қарор доданд. Дарёфти китоби рубоиҳои Хайём аз киштии ғарқшудаи «Титаник» далели дигари бузургии Хайём мебошад. Ҳаводорони шеъри баланд, сиёсатмадорону бузургони ҷаҳон ба ҳунари волои шеъргӯии Умари Хайём сари таъзим фуруд овардаанд. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ҳам аз ҳаводорони шеъри Хайём ба шумор меравад.
Ҳамчунин, дар саҳни бинои СММ муҷассамаи Умари Хайём бо се донишманди бузурги тоҷику форс — Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва Закариёи Розӣ, муҷассамаи биринҷии шоир дар маркази вилояти Астрахани Федератсияи Россия бо заҳмати ҳайкалтарош аз Челябинск — Сергей Воробёв, пайкарааш дар шаҳри Бухарести Ҷумҳурии Руминия, гузинааш дар корвонсарои Моричу Хани дар Сараево — пойтахти Ҷумҳурии Сербия ва Герсоговина гузошта шудаанд ва бо ибтикори ЮНЕСКО 18 май – Рӯзи ҷаҳонии Умари Хайём эълон шудааст. Дар Ҳоливуди Амрико бо эътирофи Хайём ҳамчун Леонардо да Винчии Шарқи Вусто ҳунармандон аз ҳашт кишвари ҷаҳон ба таҳияи филми муштарак бо номи «Меросбари Умари Хайём» пардохтаанд. Синамогарони рус ҳам «Хайём» ном филм таҳия намудаанд.
Солҳои даргириҳо дар Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Россия духтури ҳарбии рус, аз ҳаводорони ашаддии ашъори дилангези «Хайём, баъди гузаронидани ҷарроҳии зиёди захмиён, ба хайма даромада, ба хотири рафъи хастагӣ, бо такя ба девор китоби бо муқоваи ғафси рубоиҳои Хайёмро мутолиа мекард, ки муҷоҳиддин мавзеъро гулӯлаборон намуданд. Пораи аз гулӯлае парида дар муқоваи китоб дармонд ва духтурро аз марг наҷот дод. Баъди ин, эътиқоди духтури рус ба Хайём даҳчанд гардид ва Хайёмро барои худ тилисм – тӯмори радди бало эълон дошт. Қиссае, ки аз рӯзномаи «Комсомолская правда» соли 2006 аз шаҳри Санкт-Петербург бо худ оварда, дар ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда будам. Ҳини мутолиаи мақола дар Россия хостам ба идораи рӯзнома рафта, фаҳмонам, ки ба ҳеҷ ваҷҳ Умари Хайём, гунае, ки дар мақола омадааст, на араб, балки тоҷик аст. Вале чунин фурсат муяссар нашуд. Бинобар ин, мо — ворисонро зарур аст, ки дар ин самт кореро анҷом дода, дар зеҳни фарзандон меҳру муҳаббат ва ифтихор аз бузургони гузаштаро ҷой кунем. Нишон диҳем, ки чӣ таъриху фарҳанги воло ва бузургони оламшумул дорем:
Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.
В — аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К — озода ба коми дил расидӣ осон.
Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло Алиев