Дар вилояти Хатлон даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ ҷамъбаст гардид.
Муовини якуми раиси вилояти Хатлон, ҳамзамон раиси Комиссияи вилоятии озмун Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки ҳайати комиссияи вилоятӣ дар асосӣ нишондиҳандаҳое, ки қоидаҳои гузарондани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ пешбинӣ намудааст, амал карда, бо назардошти натиҷаи дастовардҳои се соли охир ғолибони мусобиқаро муайян намуд.
Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқа дар байни шаҳрҳои вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа сазовори ҷойи беҳтарин дониста шуд. Шаҳри Кӯлоб сазовори ҷойи якум, шаҳрҳои Сарбанду Норак сазовори ҷойҳои дуюму сеюм гардиданд.
Дар байни ноҳияҳои вилоят бошад, ноҳияи Ёвон беҳтарин дониста шуд. Ноҳияи Бохтар соҳиби ҷойи аввал, ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Ҷайҳун ҷойҳои дуюму сеюми даври вилоятии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ шуданд.
Дар байни ташкилоту муассисаҳои вилоят Раёсати минтақавии гумруки вилоят соҳиби ҷойи беҳтарин, беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов сазовори ҷойи якум гардиданд. Раёсати андози вилояти Хатлон ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ҷойҳои дуюму сеюмро бо ҳам диданд.
Миёни ҷамоатҳо шаҳрак, шаҳраки вилоят бошад ҷамоати шаҳраки «Данғара»-и ноҳияи Данғара сазовори ҷойи беҳтарин дониста шуд. Ҷамоати шаҳраки «Вахш»-и ноҳияи Вахш ба гирифтани ҷойи якум, шаҳракҳои «Фархор»-и ноҳияи Фархор ва «Шаҳритуз»-и ноҳияи Шаҳритуз ба гирифтани ҷойҳои дуюм ва сеюм мушарраф гардиданд.
Дар байни ҷамоатҳои деҳоти вилоят деҳоти «Рӯдакӣ»-и ноҳияи бо номинатсияи ҷойи беҳтарин қадрдонӣ гардид. Деҳоти «Лолазор»-и ноҳияи Данғараро ҳакамони мусобиқа сазовори ҷойи якум донистанд. Деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳиби ҷойи дуюм ва деҳоти «Ховалинг»-и ноҳияи Ховалинг сазовори ҷойи сеюми даври вилоятии мусобиқа дониста шудаанд.
Дар миёни деҳаҳо деҳаи Ваҳдати деҳоти «Фахробод»-и ноҳияи Хуросон деҳаи беҳтарин дониста шуд. Деҳаи Кангурти деҳоти «Кангурт»-и ноҳияи Темурмалик ҷойи аввал, деҳаи Қубодиёни деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён ҷойи дуюм ва деҳаи Баҳори деҳоти «Фирӯза»-и ноҳияи Носири Хусрав ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Дар байни маҳаллаҳои вилоят бошад, маҳаллаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб беҳтарин дониста шуд. Маҳаллаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳраки Муъминободи ноҳияи Муъминобод сазовори ҷойи якум, маҳаллаи «Пашор»-и деҳоти «Нури ваҳдат»-и ноҳияи Панҷ ва маҳаллаи Синои деҳоти «Шурообод»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сазовори ҷойҳои дуюму сеюм гардиданд.
Хонаи Исмоил Рустамов, воқеъ дар кӯчаи «Известия»-и минтақаи манзилии №3-и шаҳри Норак, хонаи беҳтарин дар вилоят дониста шуд. Хонаи Абдураҳим Тоиров аз деҳаи Истиқлоли и деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳун соҳиби ҷойи якум, хонаи Абдулмумин Ятимов, воқеъ дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти «Фархор»-и ноҳияи Фархор, сазовори ҷойи дуюм ва хонаи Қурбон Латифов, воқеъ дар деҳаи Обшорони деҳоти «Калинин»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, сазовори ҷойи сеюм шуданд.
Оилаи Сафаралӣ Ҳалимов, сокини кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтар, оилаи беҳтарин дониста шуд. Оилаи Гулмаҳмад Сангов, деҳаи Балҷувони деҳоти «Балҷувон»-и ноҳияи Балҷувон, ҷойи якум, оилаи Маҳмадшариф Шарипов аз шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон ва оилаи Муҳриддин Мирзоев, аз деҳоти «Ҷиликул»-и ноҳияи Дӯстӣ ҷойҳои дуюму сеюмро соҳиб шуданд.
Тавре котиби Комиссияи вилоятии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ Зафар Файзуллоев иттилоъ дод, беҳтаринҳо ва ғолибони даври вилоятӣ барои иштирок дар даври чоруми мусобиқа дар сатҳи ҷумҳурӣ пешниҳод гардиданд.
Маросими тантанавии мукофотсупорӣ ба ғолибони даври вилоятии мусобиқа дар арафаи таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят — шаҳри Қӯрғонтеппа барпо хоҳад гардид.
Давлат Султонов, «Садои мардум»