Бо фарорасии фасли тирамоҳ дар баъзе маҳаллаҳои шаҳру деҳоти кишвар барги дарахтонро ҷамъ намуда, оташ мезананд. Бо ин роҳ иддае мехоҳанд ҳавлию маҳаллаашонро тозаву покиза намоянд. Мутаассифона, онҳо бо ин амал ҳаворо заҳролуд намуда, заминро аз гирифтани нурии органикӣ маҳрум менамоянд.
Тавре маълум аст, баъди анҷоми боронҳои баҳорӣ чангу ғубори гирду атроф, пасмондаҳои сӯзишворӣ болои баргҳо мешинанд. Вақти оташ задани хазон газҳои зарарнок ва чангу ғубор дубора ба ҳаво бархоста, боиси заҳролудшавии мавҷудоти зинда мегарданд. Агар якҷоя бо хазон халтачаҳои синтетикӣ ва зарфҳои пластикӣ («баклашка»)-ро сӯзонанд, зиёда аз 70 номгӯй моддаҳои зарарнок, аз ҷумла диоксин, ба фазо ихроҷ мешавад. Дуди хазон боиси пайдоиш ва авҷгирии бемориҳои роҳи нафас, асаб ва саратон мегардад. Вақте аз боғу гулгаштҳои шаҳрҳо дар фаслҳои тирамоҳу зимистон баргҳои рехтаро берун (партовгоҳ) мебаранд ва ё оташ мезананд, хоки он мавзеъҳо сол то сол камҳосил мешавад, зеро аз рӯи қонуни табиат баргҳо зери дарахтон ва рӯи сабзаҳо афтода, заминро аз таъсири зарбаҳои сахти борон ва аз шусташавӣ эмин медоранд. Дигар ин ки хазон қабат ба қабат пӯсида, барои замин нурӣ мешавад. Вақте хазонро аз шаҳр берун бурдем ё оташ задем, замин аз чунин «кӯрпа» ва ғизо маҳрум мегардад.
Хазон барои ҷонварони фоидаовар, аз қабили канаи сурхи ҳафтхолдор («момабарак») ва кирми лойхӯрак, ки он дар ҳосилшавии хоки ҳосилхез нақши муҳим мебозад, паноҳгоҳ аст. Ҳангоми оташ задан ин ҷонваракон нобуд мешаванд. Ҳол он ки канаи сурхи ҳафтхолдор несткунандаи табиии шира (як навъ зараррасон) мебошад. Камшавии ин ҷонвар боиси бештар ширазании зироат мегардад.
Ҳангоми боридани борон аз хазон бӯи табиие мебарояд, ки оромкунандаи асаб аст. Бо сӯзонидани хазон натиҷа баръакс мешавад. Аз ин рӯ, дар ҷангал ва боғҳои истироҳатии шаҳрҳо рӯфтану ҷамъ намудани хазон ва оташ задани онҳо қобили қабул нест.
Хазонро чӣ тавр метавон самаранок истифода бурд? Барои чорводорон дар фасли зимистон хазон «кӯрпача»-и табиӣ ба шумор меравад. Ба ин мақсад хазони хушкро дар ягон ҷойи намнорас ҷамъ карда, ҳар рӯз барои аз сардию намии замин эмин мондани чорво зери пойи он бояд рехт.
Касоне, ки чорво надоранд, беҳтараш чуқурӣ канда, хазони ҷамъшударо гӯронанд. Дар ин сурат бо гузаштани як сол баргҳо ба нурии органикӣ табдил меёбанд. Дар таркиби компости баргҳои бо ин усул пӯсида элементҳои барои растаниҳо зарурӣ, мисли калий, магний, калтсий, оҳан, нитроген (азот), сулфур ва фосфор зиёд аст. Рехтани компости аз баргҳо ҳосилшуда структураи хокро беҳтар намуда, ба беҳтар намнигоҳдории он мусоидат мекунад.
Агар ба чуқурии барои баргҳо пешбинишуда лойқаи ҷӯйбор бирезем, самаранокии он бештар мегардад.
Аз ин рӯ, кормандони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо ва раисони маҳаллаҳоро зарур аст, ки бо аҳолӣ дар бораи зарари сӯзонидани хазону дигар партовҳо суҳбат гузаронида, фоидаи аз онҳо тайёр намудани компостро фаҳмонанд.
С. САЙФИДДИН, «Садои мардум»