Ғолибони «Парасту - 2013»

Хирмани ҳунари Аловуддин сердона аст

№56 (3041) 11.05.2013

лаку пак

Дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту 2013» Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммад-ҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа намоишномаи «Лаку Пак»-ро (асари ҳамноми  А. Қодирӣ, И. Усмон, коргардон Бурҳониддин Раҷабов) пешкаши аъзои ҳакамон  ва тамошобинон  намуд.

Хушбахтона, ҳайати эҷодии театр  аз ҷониби ҳакамони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2013», иттифоқҳои эҷодӣ ва тамошобинон баҳои баланд гирифта, бо ҷоизаву диплом ва мукофот қадр карда шуд. «Ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамон» ба Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа барои намоишномаи «Лаку Пак», ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» ба Аловуддин Абдуллоев барои иҷрои нақши Пак, ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон «Барои беҳтарин ороиши мусиқӣ» ба оҳангсоз Шералӣ Қосимов, Диплом барои иштироки фаъолона дар Фестивал-озмун ба театр, туҳфаи  Иттифоқи нависандагон-  китобҳо «Барои эҳё ва ба саҳна овардани афсона, анъана  ва зарофатгӯиҳои мардумӣ» ба намоиши «Лаку Пак» супорида шуд.

… Аловуддин Абдуллоев актёри саҳнаи театру кино аст. Ба ин ҳунар аз хурдӣ шавқу ҳаваси  калон дошт. Ҳамин шавқу ҳавас баъди хатми  мактаби миёна ӯро ба Театри  вилоятии мазҳакаи мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа овард. Аловуддинро ба ҳайси коргари саҳна ба кор гирифтанд. Маъмурияти театр  шавқмандӣ ва дилдодагиашро ба ҳунари саҳнавӣ пай бурда, бо тавсиянома ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  фиристод. Пас аз хатми донишкада ӯ ба театри худ (1989) баргашт ва то имрӯз  дар он ҷо фаъолият дорад.

Дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2013» нақши офаридаи Аловуддин — Пак дар намоишномаи «Лаку Пак»-и А. Қодирӣ ва И. Усмон беҳтарин нақши мардона ҳисобида шуд. Пак нақши мазҳакавӣ аст ва Аловуддин  нақшҳои ҳаҷвӣ — мазҳакавиро хеле аъло иҷро карда метавонад. Пеш аз ин нақшро бозӣ кардан вай нақшҳои Скапен дар «Найрангҳои Скапен»-и Ж.Б. Молер, Хоҷа Насриддин дар «Як танга тилло»-и Ато Ҳамдам, Султонбек дар «Аршин Мололан»-и У. Ҳоҷибеков, Сганарел дар «Табиби зӯракӣ»-и Ж.Б. Молер, Аҷузкампир дар намоишномаи «Ҳиллаҳои Аҷузкампир»-и Зариф Ибод, Хуморбуча»-и Акамат  Азимов ва чандин нақшҳои мазҳакавиро бозӣ кардааст.

Вай дар бозидани нақшҳои мазҳакавӣ сол ба сол бештару хубтар  муваффақ шудааст. Бинобар ин, нақши Пакро дар намоишномаи «Лаку Пак» хеле табиӣ  иҷро намуд. Ӯ аз аввали намоиш то охир дар он ҳузур дорад. Шаш иштирокчии дигари намоишнома аз бозии ӯ рӯҳу илҳом гирифта, дар саҳна бозӣ мекунанд. Рӯҳу қуввати дилу раҳнамои  якдигар  шудани ҳунарпешагон дар саҳна бисёр муҳим аст. Дар ин намоиш ӯ бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Меҳриниссо Ҳоҷибоева, Ҳунарпешаи  шоистаи  Тоҷикистон Муҳаммадӣ Шарипов, ҳунарпешаҳо Убайдулло Саидов, Ҷамила Юсупова, Авригул Шомардова, Отахон Саидов, Маҳмадулло Кабиров рӯйи саҳна муколамаву саҳнаҳои хандаоварро табиӣ бозиданд. Онҳо нақшҳои худро баробари Аловуддин хуб бозидаанд. Ягонагии ҳунарнамойӣ дар саҳна буд, ки намоиши «Лаку Пак» чун намоишномаи беҳтарин  «Ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамон»-ро  ба театр  овард.

Намоишномаи «Лаку Пак» дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2013», ки 11-15 майи соли 2012 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон баргузор шуд, пешниҳоди мутахассисони  театрӣ, роҳбарият ва намояндагони 15 театри касбии  ҷумҳурӣ гардида буд. Дар рӯзи охирини фестивал ин намоишро мутахассисони соҳаи театр, драмнависон, оҳангсозон бо роҳбарии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мирзошоҳрух Асрорӣ, раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев тамошо карданд. Ҳунарнамоии ҳунарпешагон, хусусан бозии Аловуддин Абдуллоев, баҳои хеле баланд гирифт. Ҳамин буд, ки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш  дод, ки намоишномаи «Лаку Пак» ба воситаи сафарҳои ҳунарӣ  дар ҳама минтақаҳои  Тоҷикистон пешкаши тамошобинон гардонида  шавад.

Ин намоишнома давоми соли 2012 ва то моҳи  марти  соли 2013 дар 40 шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон ва вилоятҳои  Хатлону Суғд, ноҳияҳои минтақаҳои Рашту тобеи марказ пешкаши тамошобинон гардид.

Маҳз бо пешниҳоди коргардони намоишнома Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бурҳониддин Раҷабов ва ташаббуси Аловуддин Абдуллоев дар намоишномаи «Лаку Пак» нақши раққосе низ илова шуд, ки онро ҳунарпеша Маҳмадулло Кабиров моҳирона иҷро менамояд. Рақси мазҳакаомези ӯ танаффусҳои байни саҳнаро, ки барои иваз кардани саҳнаи навбатӣ  омода мешуд, аз байн мебарад.

Паки Аловуддин то охири намоиш содда асту гуфтору соддарафтор  бо омезиши шӯхӣ. Чеҳраву нигоҳ, хислатҳои худро дар шаклҳои гуногун дароварда метавонад.

Истеъдоди табиӣ ба Аловуддин парвози андешаву  афкору хаёл, мушоҳидакорӣ, тобишҳои гуногуни тақлидкорӣ, имкониятҳои фарохи нутқу овоз, ҳаракатҳои шӯхи узвҳои  тан, дарки амиқи ҳолату ҳодисаҳои саҳнавӣ, муносибати озоду самимӣ бо шариксаҳнаҳо, эҳсос кардану гӯш карданро ҳамеша дар саҳна додааст.

Вай дар саҳна эҷодкор аст.  Ба нишондодҳои коргардон қаноат намекунад. Дар офаридани ҳар нақш аз шариксаҳнаҳо, диду андешаҳои худ, олами ботиниашро  низ истифода бурда, нишондодҳо  ва хостаҳои коргардонро мукаммал мегардонад.

Хирмани ҳунари Аловуддин Абдуллоев сердона аст. Мо дар ин мақола чанд донаи онро намоён кардем. Бовар аст, ки дар оянда санъатшиносон доир ба эҷодиёти ӯ тадқиқотҳои  ҷудогона менависанд.

Бори чорум аст, ки Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев дар Фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии  театрҳои касбии «Парасту» ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-ро мегирад. Ба ӯ барори  нави эҷодӣ орзумандем.

Зарифи ИБОД, мудири бахши адабии Театри 

вилоятии мазҳакаи мусиқии  ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри  Қӯрғонтеппа