12 май - Рӯзи Шашмақом

Хурсандмурод Зарифов: «Шашмақом ба дил неру мебахшад»

№57 (4477) 12.05.2022

Хурсанд- Шашмақом бо рӯзгори шумо ва наздиконатон пайванди ногусастанӣ дорад…

-Бале. Боиси хушнудист, ки  21 сол аст дар кишвар Рӯзи Шашмақом таҷлил карда мешавад. Натиҷаи талошҳо ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ин шоҳкории миллати тоҷик, ганҷинаи бебаҳои санъати мусиқиамон соли 2000-ум соҳиби ҷашн гардид.

Бобои ман замоне дар Самарқанд назди устоди машҳури Шашмақом ҳоҷӣ Абдулазиз дуторнавоз буданд. Ирсият аст, ки пайвандонам ҳама ба санъат, хоса ба Шашмақом, дилбастагӣ пайдо карданд.

Соли 1979, вақте ки ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шудам, дар он кафедраи «Мусиқии Шарқ» кушода шуд, ки жанрҳои Шашмақом ва Фалак низ омӯзонида мешуданд. Ман яке аз аввалин хатмкунандагони ин кафедра ҳастам.

 Аз устоди зиндаёд Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Барно Исҳоқова панҷ сол сабақ омӯхтаам. Дар он давра устодони машҳур, ба мисли Боймуҳаммад Ниёзов, Нисон Шоулов, Алиҷон Солиев, Алмос Абдуллоев низ дарс мегуфтанд, ки аз касбияти онҳо низ баҳравар гардидаам.

Ҳангоми дар курси панҷум таҳсил кардан аз Консерваторияи шаҳри Тошканд Абдувалӣ Абдурашидов ба донишкада омаданд. Ҳамин омилҳо буданд, ки ман ҳофизи шашмақомхон шудам ва дар равияи мусиқии ин жанр — «Ораз», «Дугоҳ», «Наво», «Зебопарӣ»  суруд эҷод кардам. Дар ин равия оҳанг аз Шашмақом асту матн замонавӣ, аз ҷумла, ғазалҳои Туғрал, Камоли Хуҷандӣ, Гулназар Келдӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ.

Баъд аз хатми донишкада бо роҳхати Вазорати фарҳанг ба дастаи «Зарафшон»-и Филармонияи давлатии Тоҷикис­тон, ки роҳбари он устод Ҷӯрабек Муродов буд, ба кор омадам. Аз устод бисёр чизҳо омӯхтам. Таъкид мекард, ки ҳофиз бояд арӯз — вазни шеърро хуб омӯзад, маънии шеърро фаҳмад. Дар он давра дар филармония кор кардан душвор буд. Зеро сафарҳои ҳунарӣ хеле зиёд буданд. Дар ду сафар ба як минтақа як сурудро хондани сарояндагон ба мардум хуш намеомад ва зарур буд, ба ҳар сафар сурудҳои тоза омода намоем.

- Огоҳем, ки овони ҷавонӣ дар симпозумҳои байналмилалии мусиқӣ  ширкат варзидаед…

- Бори нахуст дар давраи донишҷӯӣ, соли 1980 дар Симпозиуми байналмилалии Шашмақом дар шаҳри Хева ширкат намудам. Дар ин чорабинии бошукӯҳ аз сад кишвар устодони мақом ширкат доштанд. Соли 1983 чунин симпозиум дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид. Соли 1987 ман, ҳамчунин донишҷӯи курси панҷуми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон якҷоя бо ҳайати эҷодии ансамбли «Шашмақом»-и назди Кумитаи давлатии назди телевизион ва радиои Тоҷикистон ба номи Ф. Шаҳобов дар чунин симпозиум иштирок намудам. Ба ҳайат устодони бузурги Шашмақом- Аҳмад Бобоқулов, Боймуҳаммад Ниёзов, Карим Қосимов, Абдуҷалил Ҳошимов, Ҷӯрабек Набиев шомил буданд.

Соли 2009 ҳангоми таҷдиди сохтори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев  бо дастгирии устоди зиндаёд Зафар Нозим дар назди филармония ансамбли «Шашмақом» таъсис дода шуд ва маро роҳбари нахустини он таъин намуданд. Ба ансамбл ҷавонони боистеъдодро даъват кардем. Ба сафарҳои зиёди ҳунарӣ баромадем, дар фестивалҳои байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гардидем. Ҳоло ҳам ансамбл вуҷуд дорад ва аксар сарояндагони он ҷавонанд. Ман дар он то соли 2019 кор кардам.

Барои ман Шашмақом муъҷизае аст, ки инсон офаридааст. Бо вуҷуди қадимӣ ва мураккаб будан хеле зебову мавзуну мураттаб аст. Мисли фанҳои дақиқ қолабҳои тағйирнопазир ва формулаҳо дорад. Ба ҳадде мукаммал аст, ки ҳарфу садоеро аз он гирифтан ё илова кардан имконнопазир аст. Масалан «Сарахбор» дар ҳама мақом мавҷуд аст ва онҳо — чӣ дар мақоми «Бузург», «Наво» ва «Дугоҳ» як зарб доранд. Ба ин монанд, «Уфар», «Талқин» ё «Соқинома» низ. Мусиқии Шашмақом ба рӯҳу дил неру мебахшад.

- Ояндаи Шашмақом ба андешаи шумо чӣ гуна хоҳад буд?

-Ҳоло дар Академияи мақом зери роҳбарии Абдувалӣ Абдурашидов 6 ҳофизи номдори шашмақомхон фаъолият доранд, ки ҳамчунин, дар консерватория, филармония ва ансамблҳои «Шашмақом» ҳамкорӣ менамоянд. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода низ ансамбли «Шашмақом» мавҷуд аст ва сарвари донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ  ансамбли мазкурро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Бояд эътироф кард, ки дар гузашта таваҷҷуҳ ба ин жанри мусиқӣ он қадар зиёд набуд. Баъд аз мақоми давлатӣ гирифтани Шашмақом ҳатто дар баъзе аз деҳоти ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ноҳияи Файзобод ва вилояти Хатлон дастаҳои шашмақомхонон ташкил гардиданд. Дар ансамбли «Нури Хуҷанд» устод Ҷӯрабек Муродов ҷавонони зиёдро дар ин самт тарбият кард. Итминон дорам, ки бо чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ, эҳё гардидани мактаби анъанавии «устод-шогирд» дурнамои Шашмақом нек аст.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»