Қишри фарҳангӣ ва маърифатпарвари ҷомеа дар ҳама давру замон ба хотири ташаккул додан ва тавсеа бахшидани зеҳниёти мардум, махсусан, насли наврасу ҷавон, аз имконоти фикрию эҷодӣ истифода бурда, роҳи саодату хушбахтиро мепаймояд ва дар масири бахшидани огоҳию иттилооти нофеъ ҷонбозию фидокорӣ мекунад.
Паймудани роҳи саодату хушбахтӣ ва ба он ҳидоят намудани ҷомеа, чунонки аз сабақи таърих бармеояд, саҳлу осон нест. Вале, дар муқобил, ба хурофоту таассуби динӣ — мазҳабӣ ва ҳар навъ ҷаҳолат даст ёфтан кори осон ба назар мерасад, чунки он бе заҳмату талош ва саъю кӯшиш имконпазир мегардад. Кори хурофоту таассуб дар марзи шунидан ва кори донишу маърифат дар сарҳади омӯхтану мушоҳида кардану дидан қатъ мешавад. Дидан дар заминаи андӯхтану омӯзишу мушоҳидаву таҳлилу баррасӣ ба даст меояд. Шунидан дар асоси гӯш додан бе огоҳӣ ва таҳлилу баррасӣ сурат мегирад. Бинобар ин, шунидан кори муназзам ва системавӣ нест ва аз он наметавон ба унвони марҷаъ ва асли маънӣ истифода бурд. Зимнан, масали машҳури «Шунидан кай бувад монанди дидан» бар тақвияти маънои боло далолат мекунад. Муҳим ин аст, ки рӯҳониёни муҳофизакору фурсатталаб барои мадди назар қарор додани омма, дақиқтараш авом, аз методикаи маъмули мавъизоти динӣ — мазҳабӣ (амри маъруф), ки бар мабнои шунидаҳо, афсонаҳо ва нақлҳо (на дидаю мушоҳидаҳо, воқеиятҳо, ки мутааллиқи биниши фалсафӣ — илмианд) васеъ истифода мебаранд ва ин таҷриба дар бисёр ҳолат дархӯр мешавад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар пушти диданҳо, мушоҳидаҳо ва воқеиятҳо, қабл аз ҳама, шахсияти бутуни эҷодӣ, ҳунарӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва миллӣ меистад ва пайваста бо «шуниданҳо»-и хушки хурофотӣ мубориза мебарад. Дар таърих ниҳоди фарҳангию маърифатӣ ва адабии миллӣ дар симои устод Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Шаҳиди Балхӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Аттор, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва амсоли инҳо, алайҳи ҷаҳолату таассуб ва хушкандешии динӣ қад алам намуда, фиребу найранги тӯдаи пуриқтидори мазҳабзадаро рӯйирост фош месохтанд. Равшангарони миллӣ, ки дар симои шоиру нависандагон, адибон, донишмандон, файласуфону мутафаккирон зуҳур карда ва мекунанд, дар таърих мисоли зиндаи шахсиятҳои мубориз алайҳи беадолатиҳои иҷтимоӣ ва динӣ-мазҳабӣ буда ва ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ниҳоди ҷаҳолатписанд ормонҳои миллӣ ва мардумиро зери по кунад ва роҳи тараққиёту рушди инсониро бо муште хурофоту таассуби динӣ бубандад.
Мутаассифона, бар асари нодонӣ, бетафовутӣ, саҳлангорӣ, бетаҷрибагӣ, камогоҳӣ, безавқии ҷомеа ва, муҳимтар аз ҳама, ба сабаби худхоҳию худбохтагии қишри мазҳабӣ дар кишвар ибтидои солҳои навадуми садаи бистум даргириҳо сурат гирифт ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ ё бародаркушро доман зад.
Маълум аст, ки ҷанги шаҳрвандии зиёда аз панҷсола (солҳои 1992 — 1997) дар баробари хисороти молию ҷонӣ, зарари зеҳнӣ, ақлонӣ, ҳувиятӣ, мафкуравӣ ва маданӣ низ бар ҷой гузошт. Дар масири муборизот айёми ҷанги шаҳрвандӣ як зумра адибону равшанфикрони миллӣ фаъол буданд ва дар муқобили наҳзатиён қарор гирифтанд. Баҳсу мунозираҳои тезутунде, ки охири солҳои ҳаштодум ва ибтидои солҳои навадум байни муллоёни мутаассибу равшанфикрони асили миллӣ дар маҳаллаҳо ва шаҳру вилоятҳо ба вуқӯъ мепайваст, бештар бо таҳқиру таҳдиди муллоҳо анҷом мепазируфт. Аз тарафи дигар, муллоҳои мутаассиб, ки аксар аъзои ташкилоти террористии наҳзатӣ буданд ва дар хурофотпароканиҳои наҳзатӣ саҳми асосӣ доштанд, василаи радди маърака кардани қишри рӯшанфикрро ҳадаф қарор дода, онҳоро ба куфру бидъат муттаҳам менамуданд ва фатвои озори онҳоро беибо содир мекарданд. Террори ақлонӣ ва физикии тоифаи рӯшанфикр манзараи тарсу ваҳшатро дар ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта буд ва ҳар кӣ ба воқеоти он замон, махсусан, бархӯрди ақлониву ақидатии наҳзатиён бо рӯшанфикрон, сари кор гирифтааст, хуб медонад, ки чӣ балое сари онҳо омад.
Мусалламан, ҳадафи актҳои террористӣ ва амалҳои тахрибкоронаи тарбиятдидагони наҳзатӣ ноҷӯр сохтани вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва давра ба давра тағйир додани зеҳни мардум дар қиболи низоми сиёсии дунявӣ ва ривоҷ бахшидани тафаккури хурофотии динӣ-мазҳабӣ мебошад. Фишору зӯрӣ ба сари рӯшанфикрони фаъолу мубориз дар он рӯзҳо ба кори ҳаррӯзаи наҳзатиёну наҳзатмаобон табдил ёфта буд ва коҳиш ёфтани нуфузи адибону равшанфикрони миллӣ далели бебаҳси ташаннуҷи вазъи сиёсию фарҳангӣ дар он солҳо ҳисобида мешуд.
Барои хушкандешони мазҳабӣ ва муддаиёни курсии давлатдорӣ чун рӯзи рӯшан маълум буд, ки бо шикасти маънавию физикии рӯшанфикр ва тарафи худ кашидани ин қишр дастгоҳи давлат ва ҳукумат заиф мешавад ва ҳеҷ шакке барои пирӯзӣ намемонад. Бо ин нияти шум онҳо муборизаи беамонро бар зидди рӯшанфикрон тақвият бахшиданд. Ҳатто баъди суқути салтанати кӯтоҳи наҳзатӣ дар минтақа ва ба кишвари ҳамсояи Афғонистон паноҳ бурдани роҳбарияти наҳзатӣ қатлу куштори насли равшанфикри миллӣ ва дигарон поён наёфт. Бо террори рӯшанфикр ҷомеа таҳти султаи таассуби динӣ-мазҳабӣ қарор мегирад ва роҳ барои истибдоди иҷтимоӣ ва фақри фикрӣ кушода мегардад. Дурнамои сиёсати наҳзатӣ ҳамеша бар ин нуқта – маърифаткушӣ ва ҷаҳолатписандӣ тамаркуз дошт ва созмонҳои террористии мазҳабӣ, новобаста ба хостгоҳу муҳтаво, бо пешгомони раванди маърифатӣ ва фарҳангӣ мубориза мебаранд, чаро ки аз онҳо сахт дар ҳаросанд. Дар ин радиф нависанда ва синамогари барҷаста Сайф Раҳимзод, ки аз ҷумлаи чеҳраҳои намоёни рӯшанфикрон ва ҳунармандони ҳирфаӣ маҳсуб меёфт, қарор дорад, ки аз ҷониби душманони миллат дар ибтидои роҳи истиқлолият бераҳмона террор шуд.
Сайф Раҳимзоди Афардӣ ҳамчун чеҳраи тобноки адабиёт, фарҳанг ва ҳунари миллӣ бо диду нигоҳи нав ба арсаи адабиёту ҳунар ворид гардид. Нигоҳи нав ба адабиёт, тарзи тозаи тасвири бадеӣ, интихоби қаҳрамон, сужасозӣ, типпикунонӣ, фантазия ва тахайюлу образофаринии ҷадид хоси навиштаҳои Сайф Раҳимзод буданд, ки аз дигар навиштаҳо фарқ мекарданд. Гузашта аз ин, Сайф Раҳимзод бо тафаккури нав ба синамои тоҷик нуфуз кард ва дар доираҳои ҳунарӣ то ҳол сухан аз дидгоҳи вижаи тахассусии ӯ меравад. Муҳити маърифатӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии кишвар аз нависандаи мумтози муосир, ки бо сабки хос ба майдони адабиёт ва ҳунар пой гузошт, умедҳои зиёд дошт. Мутаассифона, миллати тоҷик ин чеҳраи бузурги фарҳангӣ, ҳунарӣ ва адабиро хеле барвақт аз даст дод. Ин шахсият ибтидои солҳои дуҳазорум қурбони найрангу сиёсатбозӣ, дасисаю фурсатталабиҳои гурӯҳҳои манфиатхоҳ гардид ва дар синни 47 бо дасти қотилони миллат террор шуд. Террори нависандаро дар маҷмӯъ, террори фикрӣ, ҳунарӣ, адабӣ ва фарҳангӣ номидан мумкин аст, зеро ки бо аз байн бурдани ӯ тарҳрезони қатл мехостанд тарсу ҳаросро дар миёни ҷомеаи маданӣ ва ҳунарии тоҷик роҳандозӣ намоянд ва аз ин тариқ шоҳроҳи рушду тавсеаи миллиро бибанданд.
Сайф Раҳимзод бо сабки вижа вориди адабиёт ва ҳунари миллӣ шуд. Нависанда бо нашри нахустин ҳикояаш «Гунҷишки сафед», ки ибтидои солҳои ҳаштодуми асри бист интишор ёфт, аз ҷониби хонандагон шинохта гардид. Сипас, бо қиссаи зебову овозадораш «Ситораҳои сари танӯр» (1984) чун нависандаи навпардоз дар адабиёти тоҷик маҳбубият касб кард. Бад-ин минвол ҳикояву қиссаҳояш дар маҷмӯаҳои «Аз ёдҳо, аз ёдҳо» (1987), «Дурӯғи сафед» (1997), «Васвасаҳои Зикривайҳ» (Таронаҳои хоки париён, 1999), «Падруду пайғом» (2000), «Доғҳои Офтоб» (2003) ба табъ мерасанд. Қиссаҳову ҳикоёти Сайф Раҳимзод ба забонҳои русию украинӣ, қазоқию қирғизӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудаанд. Дар асарҳояш нависанда тавассути корбасти услуби фардӣ, тарзи нигориши хос воқеияти зиндагиро инъикос намудааст.
Дар синамои тоҷик Сайф Раҳимзод таҳаввулоти ҷиддӣ ворид сохт. Филмҳои офаридаи ӯ «Ситораҳои сари танӯр», «Ҳарф бизан, поизам», «Пете», «Чоре» ва монанди инҳо дар фестивал-озмунҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, кинофестивали Канни Фаронса, соҳиби ҷоизаҳо гардиданд. Сайф Раҳимзод дар вазифаи пурмасъулияти давлатӣ - раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳорати баланди роҳбарӣ, кордонӣ, садоқат ба миллату давлат, муносибати эҷодкорона зоҳир намуда, миёни аҳли эҷоду ҳунар ва ҷомеаи мадании тоҷик соҳибобрӯ гардид. Маҳз бо ташаббуси ӯ дар Телевизиони Тоҷикистон (шабакаи якум) барномаи «Субҳ», шабакаи радиои «Садои Душанбе» ташкил гардид ва «Ҷаҳони паём» таъсис дода шуд. Сайф Раҳимзод дар бозсозӣ, эҳёи ансамбли «Шашмақом»-и Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон саҳми бузург гузоштааст. Насли миёнсол ва солманде, ки алҳол дар телевизион ва радио фаъолият доранд, аз ибтикороту ташаббусоти Сайф Раҳимзод дар робита бо навсозию таҷаддуди фикрию ихтисосӣ ва техникию фаннӣ ба некӣ ёд мекунанд. Сайф Раҳимзод соли 1995 Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнии Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистонро соҳиб гардидааст. Пас аз вафоташ, соли 2002, сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дониста шуд.
Террори чунин шахсиятҳои бузурги адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ ба он хотир сурат гирифта буд, ки онҳо пеш аз дигар қишрҳои иҷтимоӣ нақшаҳои шуми бозигарони сиёсиро бозшиносӣ ва фош карда, ба насли ҷавони ҷомеа ҳушдор додаанд. Бинобар ин, гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ, минҷумла, созмони наҳзат, маҳз бо ин тоифа ҷиддӣ душманӣ варзида, ба тавассути дастандаркорон талош карданд, бо раддимаъракасозиҳои сунъӣ ва террорҳои мудавом онҳоро аз масири муборизоти идеологӣ мунсариф созанд. Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз нафароне буд, ки бо масъулиятписандӣ ва рисолатмандии миллӣ алайҳи хурофот ва хушкандешӣ шӯрид ва дар роҳи мубориза ба дасти террористони наҳзатӣ кушта шуд. Воқеиятҳои замон гувоҳӣ медиҳанд, ки охири солҳои навадум ва ибтидои дуҳазорум ҳанӯз ҳассосиятҳо дар заминаи хурофисозии ҷомеа бармало будаанд ва дар ҳоли зеҳнсозӣ шудан қарор доштанд. Аз тарафи дигар, бо террори Сайф Раҳимзод гурӯҳҳои террористӣ ҳадаф доштанд, ки дар фазои ҳунарӣ, эҷодӣ ва рӯшанфикрии ҷумҳурӣ хало ба вуҷуд оваранд ва аз тариқи тарсу ҳарос дар ҷомеа тасаллут пайдо намоянд. Ба таъбири дигар, омилони террори ҳунарманди ҳирфаӣ Сайф Раҳимзоди Афардӣ хушкандешони мазҳабӣ мебошанд. Аммо бо террори Афардӣ террористон ба ҳадаф нарасиданд. Насли нави ҳунармандони миллӣ бо такя ба кору пайкори нависанда ва синамогари шаҳид муқобили ҷараёни хурофот ва хушкандешии мазҳабӣ қарор гирифта, тавассути ибтикороти илмӣ, эҷодӣ, сиёсӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ «хоб»- и ин тоифаи худхоҳ ва қудратталабро ҳаром месозад.
Фаридун ОРИЁӢ, таҳлилгари масоили сиёсӣ