Дар фарҳанги суннатии тоҷикон намунаҳои зиёди ҳунарҳо ва анъанаҳои мардумӣ мавҷуданд, ки дар натиҷаи робитаҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ ба кишварҳои дигар гузаштаанд ва имрӯз баъзе халқҳои минтақа онҳоро ҷузъи фарҳанги худ мешуморанд. Чунончӣ, ҷашни Наврӯз, шоҳасари мусиқии «Шашмақом», ҳунарҳои заргарию зардӯзӣ, атласу адрасбофӣ, таому либосҳои анъанавӣ ва монанди инҳо нахуст байни тоҷикон рушду такомул ёфта, сипас ба фарҳанги халқҳои дигар интиқол шудаанд. Барои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии мардуми тоҷик Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои саривақтӣ меандешад. Тартиб додани «Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ» яке аз қадамҳои устувори ҳимоят, таблиғ ва густариши намунаҳои фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.
Дар Тоҷикистон чунин феҳрист маротибаи дуюм аст, ки аз ҷониби ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияю интишор мегардад. Дар робита ба ин, суҳбате доштем бо директори Пажӯҳишгоҳи мазкур, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода.
- Зарурати таҳияи «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ»-и халқи тоҷик дар чист?
- Соли 2003 Конвенсияи Юнеско оид ба «Ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ» қабул шуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 шомили он гашт. Тибқи моддаи 12, қисми 3-и Конвенсия ҳар як давлати аъзо уҳдадор шудааст, ки феҳристи миллии кишвари худро таҳия намояд. Илова бар ин, аз ҷониби Парлумони кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» (аз 28 июни соли 2011, №734) қабул гардид, ки ба он моддаи нави «81 - Мероси ғайримоддии фарҳангӣ» ҳамроҳ шуд. Мутобиқи ин модда: «Мероси ғайримоддии фарҳангӣ маҷмӯи шаклҳои фаъолияти фарҳангӣ ва тасаввуроти ба анъанаҳо асосёфта аст, ки робитаи наслҳоро ташаккул медиҳад.
Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг «Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ»- ро, ки ба ҳифзи бетаъхир эҳтиёҷ дорад, тартиб дода, ҷиҳати амалӣ намудани он чораҳо меандешад. Биноан, «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020», аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2012 таҳти №263 ба тасвиб расид.
- Роҷеъ ба вежагиҳои таҳияи феҳрист мушаххастар маълумот медодед…
- Яке аз талаботи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, пеш аз ҳама, мавҷуд будани феҳристи миллӣ ва сабт будани унсури матлуби фарҳангӣ дар он мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин «Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик» соли 2010 тартиб дода шуд, ки он 48 унсурро дар бар мегирифт. Мутобиқи Конвенсияи мавриди назар он бояд мунтазам таҷдид шавад. Соли 2014 шакли нисбатан васеътари он аз ҷониби ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот тартиб дода шуд ва фарогири 286 унсури фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик буд. Тибқи талаботи Конвенсияи Юнеско, пас аз ду сол (2016) «Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ» боз такмил ёфт. Он дар маҷлисҳои гурӯҳи корӣ, сипас дар ҷаласаи Шӯрои илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо иштироки олимон, аҳли фарҳанг, намояндаҳои касбу ҳунарҳои гуногун баррасӣ гардид ва эроду пешниҳодҳо ба назар гирифта шуданд. Баъдан, феҳристи мазкур дар ҷаласаи мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ шуд. Феҳристи такмилёфта 515 номгӯйи намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддиро аз Тоҷикистон дар бар гирифта, аз ҳафт бахш: анъанаи шифоҳӣ — А000 (34 унсур), ҳунарҳои иҷроӣ — B000 (147 унсур), ҷашну маросимҳо — C000 (51 унсур), расму одатҳо, таҷрибаҳои иҷтимоӣ — D000 (17 унсур), касбу ҳунарҳо — E000 (75 унсур), хӯрокҳои миллӣ — F000 (110 унсур), варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона — G000 (81 унсур) иборат мебошад.
- Гурӯҳбандӣ дар феҳрист чӣ гуна сурат мегирад ва манбаъҳои истифодашуда кадомҳоанд?
- Ҳар як намунаи фарҳангии ғайримоддӣ дар феҳрист мувофиқи бахшҳояш рақамгузорӣ шудааст. Дар идома номи унсур (бо муродифҳояш) зикр шуда, тавсифи мухтасари он оварда шудааст. Сипас, маҳалли густариш, дар кадом ноҳияву вилоят ва шаҳрҳо маъмул буданаш зикр шудааст. Дар сутуни панҷуми феҳрист вазъи имрӯзаи унсури фарҳангӣ мушаххас гардидааст.
Дар нусхаи такмилёфтаи феҳрист сутуни дигаре илова гашт, ки дар он манбаъҳои чопӣ ва мақолаҳои гирдоваришудаву инвентаризатсионии марбут ба унсур ишора шудааст. Шарҳи мухтасари унсурҳо дар сутуни сеюм дарҷ гардида, дар асоси маълумоти аз экспедитсияҳои мардумшиносӣ гирдоваришуда таълиф шудаанд. Бояд гуфт, ки 3-4 соли охир кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Панҷакент, Истаравшан, Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Ашт, Рӯдакӣ, Файзобод, Варзоб, Шаҳритуз ва Муъминобод сафари хидматӣ анҷом доданд, ки матолиби фарҳангию мардумнигории онҳо дар феҳрист васеъ истифода шудааст. Инчунин, мураттибон дар шарҳи баъзе унсурҳо аз асарҳои фолклоршиносию этнографӣ ва аз донишномаҳое, чун «Энсиклопедияи миллии тоҷик» (ҷ. 1, 2, 3), «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (дар се ҷилд) ва монанди инҳо баҳра бардоштаанд.
Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»