Собиқадори матбуот Гулчеҳраи Зоиддухт аз ҷумлаи инсонҳое бо дили беқарор ва саршори орзуҳо маҳсуб меёбад, ки айни ҳол давлати пирӣ меронад. Бо ин ҳама, ҳанӯз ҳам дар рисолат содиқ монда, мехоҳад, ки барои ҷомеа кореро анҷом диҳад.
Чанде пеш ӯ «Мо нишони рафтагонем» ном китоби худро пешкаши аҳли завқ гардонд, ки бо такя аз ҳосили кофтукобҳои адиби ҷангноманавис Раҳмон Сафар ва нақли духтари яке аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Зариф Шарифов, аз Кангурт таҳия гардидааст. Он ҷоннисори арсаи ҷангу меҳнат бо оғози ҷанги хонумонсӯз аз паси мизи омӯзгорӣ ихтиёран ба ҷабҳа рафта, шуҷоату диловарии бемисл нишон додааст ва 48 ордену медали ҷангӣ сари синаашро оро медоданд. Ӯ дар озод кардани Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамчунин, чанд шаҳру давлати Аврупо иштирок намуда, то Берлин рафта расидааст. Дар набардҳо борҳо захм бардошта, баъди шифо ёфтан боз ба майдони мубориза баргаштааст. Баъди Ғалаба бар фашизм муддате хизмати ҳарбиро идома бахшида, пасон, ба ҳаёти осоишта баргашт ва дар барқарор кардани хоҷагии халқи мамлакат саҳми сазовор гузошт. Мутаассифона, ҷанговареро, ки ҷанг кушта натавонист, таъсири захмҳои бардоштааш, дар синни 32 аз байн рабуд.
Алҳол духтари Зариф Шарифов Шарифова Назокат ва набераю абера идомабахши кору орзуҳои ӯ мебошанд.
Дар ҳақиқат, хотираи он рӯзҳои сахт торафт аз мо дуртар мегарданд. Касе аниқ гуфта наметавонад, ки чӣ теъдоде аз шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳон аз Тоҷикистон ва корнамоию ҷонбозиҳои онҳо кашфношуда боқӣ мондааст? Аз ин лиҳоз, иқдоми пешгирифтаи Гулчеҳраи Зоиддухт шоистаи таҳсин ва қобили дастгирӣ мебошад.
Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»