Бо хулоса аз мисраи «Сангеву гиёҳе, ки дар он хосияте ҳаст» аз як ғазали машҳури Шайх Саъдии Шерозӣ, дар ҳар ашё, ҳодиса ва инсон ҳикмату хосияте ниҳон аст ва ҳар офаридае дорои хосияти мусбату манфӣ мебошад. Дар ҳаёти рӯзмарра зуд – зуд бо ибораҳои марбут ба инсонҳои «бо назари Худо, бофайзу баракат, бахосият, ситораҳои нек» дучор меоем, ки ин ҳама беҳуда нестанд ва ба бовару эътиқодамон тавъаманд.
Ибтидои солҳои 90-уми асри XX буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Иттиҳоди Шӯравиро куллан фалаҷ сохта, ба ҳалокат расонид. Ҷумҳуриҳои иттифоқӣ бошанд, истиқлолияти давлатиашонро эълон намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори 15 ҷумҳурии шӯравӣ 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолият ба даст овард. Бо истифода аз фурсати мусоид хоинону душманони миллати тоҷик ҷанги таҳмилиро бар сари миллати заҳматкашу оромидӯст таҳмил намуданд. Андаки дигар монда буд, ки ҳама аз ояндаи давлату миллат батамом дасту дил шуста, ба қавле, «ба тақдир тан диҳанд».
Хушбахтона, алорағми бадхоҳон, ба тоҷик имкони дигари таърихӣ фароҳам омад, ки доғтарин иштибоҳро дар таърих ислоҳ намояд ва нагузорад аз харитаи ҷаҳонӣ нест гардад. Аз имкони хеле танги пешомада бошад, истифода бурдан бо сабабу монеаҳои зиёд чандон кори осон набуд. Худо накарда, дар ҳамон ҷо ба сустӣ роҳ дода мешуд, яқин буд, ки тақдири давлату миллат аз ҷиҳати манфӣ ҳал мегардид. Тири душманон хок хӯрд ва дар ҳайрат шуданд, ки чӣ муъҷизае рух доду ҳама кор хилофи нақшаю орзуҳои онҳо анҷом ёфт.
Макони баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қасри Арбоб муайян ва Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид. Он барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ таъин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос гузошт.
Дар шароити фалаҷ гаштани сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва хатари парокандагии давлат дар иҷлосия Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26-уми ноябри соли 1992 қабул гардид, ба мардуми Тоҷикистон умед ба ояндаро ато кард. Дар изҳорот зикр гардид: «Муҳимтарин дастоварди иҷлосия тантанаи қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи конститутсионии ҳалли масъалаҳои тезутунди иҷтимоию сиёсӣ мебошад, ки ҷомеаро ба изтироб овардаанд».
Дар навбати худ, нафарони зиёде аз ноустувории давлати навтаъсис пешгӯӣ мекарданд. Натиҷа чӣ шуд, имрӯз ба ҳамаи мову шумо чун рӯз равшан аст. Бо роҳбарии оқилонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари дар миёни хоку хун оғушта бомаром ҳамаи монеаҳоро пушти сар карда, дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи мустаҳкам пайдо намуд. Ибораи нави «Мактаби сулҳи тоҷикон» рӯи ҷаҳон дар парвоз шуд. Тоҷикистон дар муҳлати хеле кӯтоҳ аз як кишвари ҷангзада, ба кишвари ободу шукуфон табдил ёфт. Роҳбари ҷавони он аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои аҳамияти глобалидошта суханронӣ карда, дастгирӣ ёфт. Нигоҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба миллати тамаддунсози тоҷик дигаргун гардид. Тоҷик исбот кард, ки тарафдори сулҳ, ҳамзистии осоиштаи ҳама халқу миллат дар ҷаҳон ва миллати мутамаддину бунёдкор аст. Давлатҳои калидии ҷаҳон Тоҷикистонро чун давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба таври расмӣ шинохта, доираи ҳамкориҳо вусъат ёфтанд. Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ аз ҳама бунбастҳо берун гардида, ҷасуронаю дилпурона дар баробари дигар корҳои шоиста ба сохтмони бузургтарин иншооти аср НБО «Роғун» камари ҳиммат баста, кунун аз неъмати он баҳравар гардида истодааст.
Бо гузашти 30 сол аз иҷлосияи таърихию тақдирсоз бе муҳобот аҳамияти он бештар мегардад. Бо боварии том метавон гуфт, ки иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи он шахсоне, ки дар кори барқарор ва ташкили ҳукумати конститутсионӣ, давлати навини тоҷикон, аз вартаи нобудӣ наҷот додани миллату давлати тоҷик хизмат карданд, аз фазилатҳои фавқулодаю муборак баҳраманданд ва ифтихори меҳананд.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»