Иҷлосияе, ки раванди таърихро дигаргун кард

№138-139 (4878-4879) 15.11.2024

Сурти XVI1Мо, на танҳо шоҳид, балки иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будем. Бо чашми сар медидем, ки Ватани азизи мо — Тоҷикистон чӣ гуна дар оташи ҷанг месӯзад, одамони бегуноҳ кушта мешаванд, душманию адоват дилҳоро фаро гирифта, бинои давлату ҳукумати Тоҷикистон хароб мегардад. Одамон аз зиндагӣ ноумед шуда буданд, як қисми мардум гуреза шуда, ба дигар кишварҳо рафтанд. Душманони миллат ба оташи ҷанг равған мерехтанд.

Дар чунин замони барои халқи тоҷик фоҷиабор Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва фарзанди фарзонаи халқи мо муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимоми роҳбарии мамлакатро ба даст гирифтанд. Тамоми мардуми Тоҷикистон ба сарвари нави худ бо чашми умед менигаристанд. Онҳо аз қатлу ғорат, ҷангу ҷидол ва душмание, ки хоки Тоҷикистонро ба оташ кашида буд, хаста шуда буданд. Имкони пора-пора гаштани миллат ва аз байни рафтани давлат вуҷуд дошт. Мардуми гуреза дар Афғонистон ранҷ мекашиданд. Дар чунин вазъияти фоҷиабор мо ниёз ба як роҳбари бузург доштем, роҳбаре, ки Тоҷикистонро наҷот диҳад, мардуми онро ба сӯи бунёдкорӣ ҳидоят намояд, сулҳро барқарор созад. Дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқ ҳамин гуна роҳбарро медид. Вақте ба курсии роҳбарӣ нишастанд, нахустин сухане, ки ба забон оварданд, аз сулҳу ваҳдат, аз ҳамдигарфаҳмию ҳамдилӣ буд. Баргаштани фирориёнро ба хоки Ватан ташвиқ карда, аз ҷумла гуфтанд: «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пораи ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем».

Ин сухан ҳақиқате буд, ки аз дили роҳбари ҷавон баромад ва ӯро дар муборизаи беамон ба муқобили қатлу ғорат қарор дод. Ҷоннисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба касе пӯшида нест. Роҳбари давлатамон ба хотири барқарор гардонидани сулҳ, тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ ва бунёд кардани ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд мубориза бурданд ва дар ин кори бузург муваффақ шуданд. Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ шахсиятеро ба арсаи давлатдории тоҷикон овард, ки назир надорад. Иҷлосияи мазкур мисли субҳе аз дили шаб равшан шуд ва офтоби саодати халқи тоҷик дар симои фарзанди бузургаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тулӯъ намуд.

Пешвои миллат тавонистанд, ки дар душвортарин солҳо миллати тоҷикро сарҷамъ созанд, сулҳро барқарор намоянд, ваҳдати миллиро ба вуҷуд оранд, руҳияи сулҳпарварии миллати тоҷикро эҳё, ҳастӣ ва бақои миллатро ҳифз созанд, тоҷикро чун миллати дорои тамаддун ва фарҳанги бузург дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ бинмоянд, ифтихори миллиро тақвият бахшанд, мардуми кишварро ба созандагию офарандагӣ раҳнамо бишаванд, дӯстию рафоқатро байни шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста ба мансубияти миллию нажодӣ, забонию диниашон, мустаҳкам бигардонанд.

Таъкиди нуктаҳои зикршуда ба мо иҷозат медиҳад бигӯем, ки халқамон соҳиби Сарвар ва Пешвое шудааст, ки мо садсолаҳо орзу мекардем. Ҳамчунин, собит шуд, ки нақши шахсият дар шакл гирифтани зиндагии босубот, ба вуҷуд омадани сулҳу ваҳдат ва корҳои созандагию бунёдкорӣ хеле муҳим аст. Мо ин ҳақиқатро дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем.

Ҳеҷ ҳодисае, воқеае дар гӯшаю канори дунё беҳуда рух намедиҳад. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ амри тасодуф набуд, балки хоҳиши халқи дар он замон ҷабрдидаи мо буд, ки раванди таърихро дигаргун сохт ва пойдевори давлати навини тоҷикон шуд. Мо набояд фаромӯш созем, ки дар ҷанги таҳмилии бародаркуш иқтисодиёти мамлакат бештар аз 10 миллиард доллар зарар дид, 150 ҳазор одамон ҳалок шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим, 25 ҳазор зан бесаробон монданд. Хисороти мазкур ба назар ҷуброннопазир мерасид, касе роҳи ислоҳ ва расидан ба мусолиҳаро намедонист, аммо вақте муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд, бо ҷуръати баланд, мардонагӣ, устуворӣ ва қобилияти кордонии ба худ хос тавонистанд раванди манфии таърихро дар Тоҷикистон дигаргун созанд. Сулҳу суботи пойдор ва роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари моро аз нобудшавӣ нигаҳ дошт.

Нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Мо як бори дигар дидем, ки халқи мо дорои хиради азалӣ аст. Дар лаҳзаҳои душвор хулосаи дуруст мебарорад, сулҳу дӯстиро аз душманию ҷанг афзал медонад. Фарзандони фарзонааш барои саодати абадии миллати худ ҷонбозиҳо мекунанд. Мо ҳамаи инро бо чашмони худ дидему мушоҳида намудем.

Имрӯз бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои Тоҷикистон куллан дигаргун гаштааст. Шаҳри Душанбе ба таври шинохтанашаванда дигар гашта, бо хиёбонҳои сабзу хуррам, биноҳои осмонбӯс, боғу гулгаштҳои зебо чеҳранамоӣ мекунад. Агар ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон ҳам сафар намоем, мебинем, ки ободу дилрабо шудаанд. Роҳҳои тахту ҳамвор тамоми Тоҷикистонро ба ҳам пайванд мекунанд, нақбҳои сершумор равуоро ба ҳар гӯшаи мамлакат осон мегардонанд, неругоҳҳои барқи обӣ нурафшонӣ менамоянд, боғу майдонҳои сабзу хуррам ба дилҳо сурур мебахшанд. Ҳамаи ин натиҷаи меҳнати софдилонаи мардуми мо ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Вақте Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ман 53 — сола будам ва дар кори он фаъолона ширкат варзидам. Ҳоло бошад, 85 — сола ҳастам. Яъне, аз замони баргузории он иҷлосияи тақдирсоз 32 сол сипарӣ гаштааст. Ин 32 сол дар пеши таърих замони хеле кӯтоҳ аст, аммо бубинед, ки мо ба чӣ дастовардҳое ноил гаштем, Тоҷикистон ба гулдастаи Шарқ мубаддал гаштааст. Ман ҳамаи инро дида, аз дилу ҷон шукргузорӣ мекунам ва бо тамоми ҳастиям мехоҳам, ки сарзамини аҷдодиям, Тоҷикистон — Модари ҷонофарини мо то ҷовидон поянда бошад ва замзамаи ваҳдат дар дилҳою оҳанги савганди садоқату вафодорӣ ба Ватан ҳамеша дар руҳу равони миллат садо бидиҳад.

Ҳикматулло НАСРИДДИНОВ,

вакили Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон