Бо гузашти солҳо аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва илмии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди наслҳои оянда боз ҳам аёнтару равшантару муқаддастар мегардад.
Таърих гувоҳ аст, ки пас аз часпу талошҳои зиёд, баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ ва тахмину гумонҳои бешумор вакилони мардумӣ оқибат дарк намуданд, ки бояд тақдири Ватану сарзамин, роҳбарии давлатро ба дасти фарзанди фарзонаи миллат супоранд, то ки ӯ чун сиёсатмадори оқилу одил тавонад мардуми тоҷикро муттаҳид намояд, меҳанро аз ҳалокат наҷот бидиҳад.
Бо ин мақсади наҷиб дар рафти ҷаласаи иҷлосия вакилон якдилона тахти давлатро ба фарзанди сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон супориданд ва ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо хислати азалӣ ва қобилияти баланди роҳбарӣ тавонист кишварро аз парокандагӣ раҳонад.
Сарвари тозаинтихоби кишвар масъулияти бузургро бар дӯш гирифта, дар баробари ҳалли масъалаҳои доғи рӯз вазифа гузошт, ки барои давлати навини тоҷикон, пеш аз ҳама, Конститутсия лозим аст. Бо туфайли саъю кӯшиш ва заҳматҳои шабонарӯзии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи Конститутсияро пешниҳод намуд, ки он 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ якдилона қабул гардида, заминаҳои ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гузошта шуда, принсипҳои ташкили низоми мақомоти асосии ҳокимияти давлатӣ ва тартиби фаъолияти онҳо муайян гардид ва бори нахуст ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо карда шуд.
Дигаргуниҳои куллии дар ҳаёти ҷомеа баамаломадаро Роҳбари давлат воқеъбинона таҳлил намуда, пешниҳод намуданд, ки ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шавад. Боиси хурсандист, ки 26 сентябри соли 1999 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид гардида, барои сохтмони давлати демократию ҳуқуқбунёд, ки дар моддаи 1 — и Конститутсияи давлат қайд гардида буд, қадами устувор гузошта шуда, Тоҷикистон соҳиби парлумони касбӣ ва доимоамалкунанда гардид.
Талаботи ҷиддии дар ҳаёти мамлакат бамиёномадаро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор дода, бори дигар пешниҳод намуданд, ки ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд. 22 июни соли 2003 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи давлат дохил карда шуда, ваколатҳои Сарвари давлат мутобиқи талаботи замон бардошта шуданд, ки он баҳои сазовору муносиб ва ҷавобгӯ ба сиёсати созандаву бунёдкунандаи Пешвои миллат буда, аз фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
Бо тамоми масъулият зикр менамоям, ки таҳкурсии сиёсӣ, пойдевори муносибатҳои иҷтимоӣ — иқтисодӣ ва заминаи ҳуқуқии мустаҳкамшавии мустақилияти ҳокимияти давлатиро маҳз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошт ва ба туфайли он Роҳбари давлат ҷон ба каф гирифта, баҳри суботу оромӣ, сулҳу амният, сохтмони давлати демократию ҳуқуқбунёд саҳми арзанда гузошта истодааст.
Мо, адибони Тоҷикистони тозаистиқлол, аз рӯзҳои нахустини фаъолияти пурсамари Сарвари кишвар сиёсати хирадмандона ва созандаашонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки баҳри шукуфоии Ватани азизамон ва тарбияи мардум доир ба ҳисси ватандорӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба таърихи ҳазорсолаамон асарҳои пурмуҳтаво офарида, 30 — солагии Иҷлосияи тақдирсозро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирем.
Зариф ҒУЛОМ,
адиб