Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар ҳаёти кишвар таҳаввулот ворид намуд,

№30-31 (4450-4451) 11.03.2022

- мегӯяд журналисте, ки иштирокчии бевоситаи он буд

1Муродалӣ Солеҳов аз зумраи собиқадорони журналистикаи тоҷик аст. Вай беш аз 14 сол дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ифои вазифа карда, сипас иҷрои вазифаҳои гуногунро дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бар уҳда дошт. Ба ҳайси хабарнигори телевизион шоҳиди бевоситаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикис­тон низ буд, ки имсол аз он рӯйдоди муҳими таърихӣ сӣ сол сипарӣ мешавад. Суҳбати хабарнигорамон бо ӯ дар арафаи Рӯзи матбуот доир шуд.

- Аслан иштироки ман дар иҷлосия ба сифати хабарнигори телевизиони Тоҷикис­тон тасодуфӣ набуд, — мегӯяд Муродалӣ Солеҳов. — Се ё чор рӯз пештар аз оғози иҷлосия шодравон Даврон Ашӯров, ки ба тозагӣ раиси Кумитаи радио ва телевизион таъин шуда буданд, бо кормандони телевизион ҷаласаи маҳдуди корӣ доир намуданд ва дар он ­масъалаи иштироки хабарнигор дар иҷлосияро ба миён гузоштанд. Дар он шабу рӯз банда сармуҳаррири барномаи «Ахбор» будам. Ҳеҷ кас ихтиёран хоҳиши ба шаҳри Хуҷанд рафтанро надошт. Ба ин вазъият Даврон Ашӯров дахолат карда, ба ман гуфтанд, ки шумо сармуҳаррир ҳастед, бояд худатон равед ва ҳамин тавр дар он иҷлосияи тақдирсоз иштирок кардам.

- Намояндагони дигар воситаҳои ахбори омма низ ширкат доштанд?

- Бале, хабарнигорон зиёд буданд. Аз Россия, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, хабарнигори парлумонии нашрияи «Садои Амрико», «Би-Би-Си», «Франс пресс» ва ғайра. Ба ғайр аз ман, аз Душанбе, инчунин, хабарнигори радио Улмас Эркаев (Ҷовиди Аштӣ), намояндагони нашрияҳои давлатию ғайридавлатӣ иштирок доштанд. Наворбардори телевизион Борис Арамов низ ҳамроҳи мо буд. Роҳбарии гурӯҳи кормандони телевизионро дар он шабу рӯз дар Хуҷанд муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио, шодравон Ғуломҷон Маҳмудов бар уҳда доштанд. Хабарнигорони барномаи иттилоотии «Время»-и Россия Шаҳноза Ғаниева ва Мухтор Ғаниев низ он ҷо буданд ва доир ба рафти иҷлосия барои қаламрави собиқ ИҶШС гузориш пахш мекарданд.

Собиқадори телевизиони Тоҷикистон, журналисти шинохта Бобоҷон Икромов низ иштирокчии иҷлосия буд ва дар бораи он баъдан дар матбуот мақолаҳои зиёди хонданӣ ба нашр расонданд. Бобоҷон Икромов дар иҷлосияи таърихӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикис­тон интихоб гардида буд.

Хизмати кормандони Телевизиони вилояти Суғд ҳамон шабу рӯзи баргузории иҷлосия зиёд буд. Бо вуҷуди он ки шароити техникии маҳдуд доштанд, вале кӯшиш мекарданд камтарин имкониятро барои равшанӣ андохтан ба кори иҷлосия истифода намоянд. Таҷҳизоти телевизионӣ барои пахши ҷараёни иҷлосияро Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъмин кард.

-Аз дидаю шунидаҳоятон аз ҷараёни иҷлосия каме нақл мекардед?

- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 идома дошт, табиист, ки фаровон аз лаҳзаҳои хотирмон буданд. Ба хотир дорам, ки 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосия яке аз масъалаҳои асосӣ — интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баъди баҳсу баррасии зиёд вакилон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ин дар нимаи аввали рӯз буд ва дар кори иҷлосия танаффус эълон гардид. Бо истифода аз ин фурсат ман ба пушти саҳнаи Қасри Арбоб гузаштам. Бояд қайд кард, ки дар он лаҳзаҳо ҳама чиз одӣ ба назар мерасид. На муҳофиз, на ягон садди дигаре, ки монеи даромадан ба он ҷо шавад, ба назар намерасид. Вақте ки вориди яке аз утоқҳо гардидам, дидам, ки дар он ҷо Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва яке аз муовинонаш Хидиралӣ Аҳмадов бо ҳам суҳбат мекарданд. Худро муаррифӣ намуда, хоҳиш кардам, ки ҳамчун Раиси нави Шӯрои Олии мамлакат ба мардуми кишвар паём фиристанд. Зеро ки дар он шабу рӯз мардуми азияткашидаи Тоҷикистон ташнаи хабарҳои нек буданд. Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон гуфтанд: «Бисёр хуб, шумо дар саҳни ҳавлӣ моро интизор шавед, мо баъди 15-20 дақиқа баромада суҳбат мекунем». Ҳамин тавр, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо муовинонаш ба саҳни ҳавлии Қасри Арбоб баромада, нахустин мусоҳибаро ба ҳайси Сарвари давлати Тоҷикистон манзур намуданд. Он мусоҳибаи Роҳбари давлат ҳамон рӯз ба кумаки ҳамкоронамон аз Телевизиони вилояти Суғд пахш гардид.

- Аз нигоҳи шумо таъсири иҷлосия ба раванди минбаъдаи рӯйдодҳо чӣ гуна буд?

- Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаи таҳаввули муҳим дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон гардид. Ҳарчанд ки ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар баъди анҷоми Иҷлосияи XVI боз якчанд соли дигар идома дошт, вале заминаи сулҳу қатъи хунрезӣ, ба Ватан баргардондани гурезаҳо ва барқарорсозии иқтисоди кишвар дар ҳамон иҷлосия гузошта шуд.

Дар муддати 30 соли сипаришуда дар дунё таҳаввулоти зиёд сурат гирифтанд. Тоҷикистон ҳам чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон хеле пеш рафт ва аз ҷониби бисёр давлатҳои ҷаҳон ба расмият шинохта шуд. Кишвари мо дар созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ шарик шуда, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли масоили муҳим ба миён мегузорад. Симои мамлакат, иқтисоду фарҳанги кишвар аз 30 соли пеш ба куллӣ фарқ мекунад ва итминони комил дорам, ки дар оянда боз рушду нумӯи аз ин ҳам бештар хоҳад кард.

Мусоҳиб

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»