Иҷрои дастурҳои паём барои пешравӣ замина мегузоранд

№40 (4460) 29.03.2022

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21-уми декабри соли 2021 ироа гардид, Сарвари давлат бештар аз муваффақиятҳои даврони соҳибистиқлолӣ бадастомада  ёдовар шуданд. Қайд гардид, ки бузургтарин даст­оварди замони соҳиб­истиқлолӣ Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсиву осоиштагии мардум мебошад, ки бо азму талош, заҳмату ҷонбозиҳои роҳбарияти олии кишвар ва дастгириии мардуми шарифи мамлакат ба даст омад.

Инчунин, таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассос баргузор шуд. Хушбахтона, бо душворӣ бошад ҳам,  он вазифаи таърихиро анҷом дод. Фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо қарори он 19 ноябри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки барҳақ ҳамон рӯзро мебояд ҳамеша чун рӯзи наҷоти миллат арҷгузорӣ намоем.

Дар меҳвари нахустин суханронии Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оштӣ, васлу тавҳид, ҷустуҷӯи роҳҳои ободии Ватан ва сарҷамъии миллат қарор дошт. Як моҳ пас аз интихоб шудан ба вазифаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар изҳор доштанд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар  оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул — гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷоннисорӣ мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам боварӣ дорам».

Таҷриба собит намуд, ки ­Эмомалӣ Раҳмон ба савганд содиқ монда, бо заҳмату талошҳои бесобиқа Тоҷикистонро аз вартаи ҷанг берун кашида, ба кишвари шукуфону рӯ ба тараққӣ табдил доданд. Дар зарфи 30 соли соҳиб­истиқлолӣ Тоҷикистон ба пешрафту дастовардҳое ноил шуд, ки қобили ситоиш аст.

Дарвоқеъ, набояд фаромӯш кард, ки чун давлати абарқудрати Сомониён баъди 102 солу шаш моҳу даҳ рӯзи мавҷудият суқут кард, решаву бунёди миллат дар ларза омад. Касе таърихи мил­латро эҳтиром мекунад ва меомӯзад нағз дар хотир дорад, ки он фоҷиаи миллӣ дар тӯли беш аз 1100 соли минбаъда аз лавҳи хотири миллат зудуда нагашт, ҳамеша ба ёди он давлати абарқудрат оҳи сард мекашиданд ва ёди истиқлолият мекарданд. Боиси ифтихор аст, ки дар давлатҳои минбаъда ҳам забони давлатӣ забони тоҷикӣ буд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Сулолаҳои Ғазнавиён, Салҷуқиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён ва Манғитиён, ки қариб ҳазор сол мушти салтанаташон болои сари мардуми тоҷик буд, маҳз ба хотири забони суфтаву ноби тоҷикӣ ва илму фарҳанги волои миллати тоҷик коргузории расмии давлатҳои худро бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда, корҳои вазорату девондории дабиронашон ба дасти олимон, адибон ва арбобони давлатии тоҷик буд».

Миллати сарбаланди тоҷик ба ҳама сахтӣ тоб овард ва дар орзуи истиқлолият зиндагиро идома дод. Ва офтоби истиқлолият ба сарзамини куҳанбунёди тоҷикон нурҳои сафобахш пошид ва рӯзи эъломи он аз пурифтихортарин рӯзҳо дар таърихи ҳазорсолаи тоҷикон маҳсуб меёбад. Акнун тоҷикон дар асоси бародарию баробарӣ дар ҷодаи иқтисоду фарҳангу тамаддун бо аҳли башар ҳамқадаму ҳамнавоянд. Мутаассифона, ин дастоварди бузурги таърихӣ дар аввали рӯзҳои бавуҷудоӣ ба нокомиву ноумедӣ дучор гардид. Ҳасудон, кӯрдилон, душманони миллат чун каждуми таги бурё сар бароварда, ошкору ниҳон ҳадафҳои нопокро амалӣ карданд. Мардуми шарифи тоҷикро бо ҳар роҳу восита бо ҳам шӯрониданд, ки оҳиста — оҳиста ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Ва ин таҷрибаи талхи  таърихӣ бояд барои наслҳои ҳозира ва оянда дарси ибрат бошад.

Фаромӯш набояд кард, ки баъди барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад, то ин ки асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ муайян карда шаванд. Дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ, Конститутсияи нав қабул гардида, дар асоси он қонунҳои барои ҷомеа зарурӣ аз нав ва дар таҳрири нав қабул карда шуданд, ки ба рушди бонизоми соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мусоидат намуданд. Инчунин, ба таъсису такмили ҳокимияти мустақили судӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия якчанд маротиба барномаҳои ислоҳоти судию ҳуқуқӣ қабул гардид, ки барои мукаммал гардонидани ин шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ заминаи боэътимод фароҳам омад.

Ҷиҳати барқарор сохтани низоми фалаҷшудаи идораи давлатӣ, оғоз намудани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ, амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳои сохторӣ ва минбаъд таъмин намудани гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ бисёр тадбирҳои самарабахш амалӣ карда шуданд.

Тибқи сиёсати башардӯстона, бо фармони Президенти мамлакат «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004, ки дар заминаи он қонун қабул гардид, ба ҷазои қатл ва иҷрои он дар кишвар мораторий эълон шуд. Илова бар ин, дар даврони истиқлолият 17 маротиба қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба 170 000 нафар татбиқ гардид. Аз ҷумла, 7 сентябри соли 2021 ба муносибати ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ қонуни авф қабул шуд, ки тибқи он, 11 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардид.

Ҳамчунин, дар замони соҳиб­истиқлолӣ чор маротиба қонун оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар бинобар қонунигардонии маблағҳо ва молу мулкашон қабул ва амалӣ гардонида шуд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таъсири мусбат расонид.

Тавре Пешвои миллат дар Паём таъкид карданд: «Бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тағйир ёфта, дар ин замина ба муносибатҳои нав мутобиқ гардонидани қонунҳо шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад. Баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, дар навбати худ, ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро тақозо менамояд.

Бо ин мақсад Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаро зарур аст, ки таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузориро гузаронида, сатҳи мутобиқати қонунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешанд.

Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад».

Пешвои миллат, бо дарназардошти вазъи сиёсии ҷаҳон ва ҳодисаҳои мудҳиши  солҳои охир,  оид ба фаъолияти мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ изҳори назар намуда,  таъкид карданд, ки сабақҳои талхи мухолифату нооромӣ ва беназмиву беқонунии солҳои 1991-1997-ро набояд фаромӯш кард.

Бинобар ин, Прокуратураи генералӣ вазифадор аст, ки назорати риоя ва иҷро гардидани қонунҳоро аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз мансубият ва шакли моликият, инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро пурзӯр намояд. Гузашта аз ин, мақомоти судӣ низ бояд вазифаҳои хизматиро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд.

Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА,

судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон