Назария ва бозёфти илмии ӯ дар самти нур боиси пайдоиши камера — дастгоҳи филмбардорӣ ва суратгирӣ гардид. Ҳини омӯзиши ҳаёту фаъолияти донишманд маълум гашт, ки шишаи пурбинро бори нахуст ӯ сохта, камераи обскура (шакли қадимаи камераи муосир)-ро ихтироъ кардааст.
Вақте аз шуоъ ё нур меандешему ҳарф мезанем, донишмандоне чун Нютон ва Эйнштейн пеши назар меоянд, ки бесабаб нест. Гап сари он, ки моро ҳанӯз аз синни мактабхонӣ ёд додаанд нур, шикасти нур ва хусусиятҳои физикии онро ин донишмандон таҳқиқ намудаанд. Аммо дар таърихи илм далелҳое мавҷуданд, ки тибқи он поягузори физикаи нур дар ҷаҳон яке аз бузургтарин физикдонони асримиёнагии Шарқ ибни Ҳайсами Басрӣ мебошад ва маҳз ба ин хотир аз ӯ чун падари оптикаи муосир (оптика — як соҳаи физика, ки ҳодисаҳои оид ба нур ва хосиятҳои нурро меомӯзад) ёд мекунанд. Яъне, ҳанӯз 700 сол қабл аз Нютон ва Эйнштейн донишманде дар Шарқ нур ва хосиятҳои физикии онро омӯхтаю таҳқиқ намудааст, ки мо дар ин бора ё кам медонем ё умуман чизе намедонем.
Абуалӣ Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Ҳайсами Басрӣ (965-1039) дар Басра таваллуд шудаю дар Қоҳира аз олам гузаштааст. Осораш, ки тибқи сарчашмаҳои таърихӣ наздики 200 (аз он 96 асари илмиаш маъмуланд) адад будааст, бо забони арабӣ таълиф шудаанд.
Сарчашмаҳои таърихӣ ӯро файласуф, олими соҳаҳои физика, анатомия, математика, механика, офталмолог, равоншинос ва муҳандис муаррифӣ мекунанд.
Дар интернет бобати фаъолият ва бозёфти илмии ӯ матлаби зиёдеро метавон вохӯрд. Олимони Ғарб аз ӯ чун донишманди араб ёд мекунанд, аммо маҷаллаи «Мероси ниёгон» соли 2020 дар шумораи №22 дар бораи Абуалӣ Муҳммад ибни Ҳасан ибни Ҳайсами Басрӣ матлабе ба нашр расонда, ӯро аз «тамаддуни мо» (тоҷикон — Ф.Ф.) муаррифӣ намудааст.
Андешаҳои дар ин маврид пешниҳоднамудаи доктори илмҳои физика-математика, профессор Абдулҳай Комилӣ, ки солиёни зиёд таърихи илми физикаю математикаро омӯхтаю таҳқиқ намудааст, низ ишора ба он доранд, ки ибни Ҳайсами Басрӣ тоҷик аст: «Аз оғози таъсиси Хазинат-ул-хирад (маркази бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ), ки баъдан бо номи Байт-ул-ҳикма маъруф гардид, тамоми донишҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешуданд, ки онҳоро «улуми ақлӣ» ва «улуми нақлӣ» мегуфтанд ва ҳатто «улуми ақлӣ»-ро «улуми аҷамӣ» ва «улуми нақлӣ»-ро «улуми арабӣ» меномиданд. Ба «улуми ақлӣ» физика, математика, химия, биология, тиб, ситорашиносӣ ва ғ. ва ба «улуми нақлӣ — фиқҳ, калом, сарфу наҳв ва амсоли инҳо шомил мешуданд. Акнун қазоват кунед, ибни Ҳайсам ба улуми аҷамӣ машғул будааст ё арабӣ? Дигар ин, ки дар бораи шаҳрҳои Бағдоду Басра ва ҳатто худи Ироқ то ҳанӯз андешаҳое ҷой доранд, ки онҳо аз лиҳози лингвистика (забоншиносӣ) баромади эронӣ доранд».
Пас, суоле пайдо мешавад, ки бо кадом далел аврупоиҳо донишмандро араб меҳисобанд?
Таҳқиқгарони таърихи илм далел меоранд, ки он рӯзгорон забони илм арабӣ буд ва маҳз ба ин хотир донишмандони мо бо ин забон асар таълиф менамуданд. Азбаски аврупоиҳо асрҳои баъдӣ аз ин ганҷина огоҳӣ ёфта, онҳоро дастрас ва аз арабӣ ба лотинию дигар забонҳо тарҷума менамуданд, гумон мекарданд ин донишмандон ҳамагӣ арабанд. Ба ҳар сурат, мо идомаи ин баҳсро ба муҳаққиқони таърихи илм вогузор намуда, ба хонандагони рӯзнома назария, бозёфт ё ихтироъҳои илмии донишмандро, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд, пешниҳод менамоем.
Бо бозёфти илмии ибни Ҳайсам, махсусан доир ба нур, ғарбиён тавассути китоби ҳафтҷилдаи «Китоб-ул-манозир» («Оптика»)-и донишманд ошно шуданд. Ин китоб бори нахуст соли 1572 (қариб баъд аз 500 соли марги донишманд) бо забони лотинӣ тарҷума ва миёни олимони Ғарб машҳур гашт. Китоби мазкур дар тамоми ҷаҳон аз бонуфузтарин ва муҳимтарин китобҳои соҳаи физика эътироф шудааст. Арзиши китоб дар он аст, ки бори нахуст зоҳир меёбад, ки дар олами илм тасаввурот ва бинишро дар мавриди рӯшноӣ ё нур ба куллӣ тағйир дод. То замони ӯ ду назарияи асосии биниш мавҷуд будааст. Тибқи назарияи аввал, ки аз ҷониби мутафаккироне, ба монанди Евклид ва Птолемей дастгирӣ мешуд, чашм аз худ нур бароварда, ашё ва атрофро мебинад. Назарияи дуюм он буд, ки ҷисм аз худ нур мебарорад ва дар натиҷа мо онро мебинем. Аммо ибни Ҳайсами Басрӣ дар натиҷаи омӯзиш ва гузарондани таҳқиқот дар ин самт назарияи нав пешниҳод намуд. Ӯ аввалин бор дар илм пешниҳод намуд, ки чашм аз худ нур намебарорад, балки инъикоси нуре, ки ба ҷисм меафтад, чашм онро мебинад. Умуман, маълумоте, ки доир ба нур, сохти чашм додааст, ба ақидаҳои илми муосир хеле наздиканд.
Муҳаққиқон ақидаҳои ӯро дар бораи бо ду чашм дидан ва интиҳо доштани суръати рӯшноӣ ҷолиб шуморида, иттилоъ медиҳанд: «Абуалии Басрӣ инъикос ва шикасти рӯшноиро дар муҳити гуногун тадқиқ ва ба зичии муҳит вобаста будани нишондиҳандаи онро муайян намуд. Инчунин, кӯшиш кард, ки давомоти шафақро ба ҳисоб гирифта, дар асоси он баландии атмосфераи Заминро муайян кунад».
Дар заминаи тадқиқоти оптикии ибни Ҳайсами Басрӣ ҷаҳони Ғарб, махсусан Замони эҳё, ба пешравиҳои нав ба нав сазовор гардид. Коршиносон андеша доранд, ки назария ва натиҷаи таҳқиқоти ин нобиғаи бузург дар самти оптика на танҳо боиси ба вуҷуд омадани камераи муосир, балки омили пайдоиши телескоп, микроскоп низ гардидаанд.
- Ибни Ҳайсами Басрӣ олиме буд, ки барои исботи андешаҳои илмиаш корҳои таҷрибавӣ анҷом медод. Аз ин лиҳоз, ҳамчун асосгузори илми таҷрибавии мусалмонон, саромади оптикаи физикӣ, биологӣ ва ғайра шинохта шудааст,- иброз медорад Абдулҳай Комилӣ.
Китоби дигари таълифнамудаи ӯ «Модели ҳаракат» (дар бораи сайёраҳо), ки соли 1038 навишта шудааст, барои донишмандони астрономия муҳим арзёбӣ мешавад. Ӯ дар ин асари хеш дар мавриди коинот назарияҳои комилан нави илмӣ пешниҳод менамояд, ки ин ҳама заминаи хубе барои донишмандони оянда мегардад. Аз ҷумла, ба таълимоти Юнони қадим, дар мавриди он ки Замин гӯё маркази беҳаракати коинот буда, Офтоб ва сайёраҳои дигар дар атрофи он давр мезананд, бо шубҳа менигарад ва гардиши Заминро дар атрофи меҳвари худ ё таълимоти офтобмарказиро пешбинӣ мекунад.
Бозёфти ӯ дар илми геометрия соли 1834 дар Китобхонаи миллии Париж аз ҷониби Э. А. Седилло ёфт шуданд. Як қисми дастхатҳои ӯ дар китобхонаҳои Донишгоҳи Оксфорд ва Донишгоҳи Лейден нигоҳ дошта мешаванд. Баъд аз дастрас ва тарҷумаи осори геометрии олим муайян гардид, ки робита байни алгебра ва геометрияро бори нахуст ӯ кашф кардааст.
Далелҳое низ мавҷуданд, ки ибни Ҳайсами Басрӣ рисолае низ навишта, дар он сохтори соати обиро тасвир намудааст.
Бори аввал раванди биниш ва муоинашавандаи чашмро ӯ омӯхтаю шарҳ додааст, ки ин оянда ба табибон имкон дод дар ҷарроҳии чашм муваффақ гарданд.
Албатта, Абуалӣ Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Ҳайсами Басрӣ дастовардҳои зиёди илмии дигаре низ дорад, аммо наметавон он ҳамаро дар як навишта ҷо намуд. Умед дорем, далелҳои пешниҳодшуда шавқи хонандагонро дар мавриди зиндагӣ ва кору фаъолияти ин нобиға меафзояд ва онҳо пайи ҷустуҷӯ ва дарёфти маълумоти бештар мегарданд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»