ИБОДАТ БА ҶУЗ ХИДМАТИ ХАЛҚ НЕСТ

№143 (4883) 22.11.2024

ШОХРОҲ (1)Вақте ки вориди хонаи дӯсти дерин, собиқадори меҳнат, сокини деҳаи ­Қалъаи нави шаҳри Роғун Абдуҷаббор Содиқов шудем, дидем, ки дар тарҳи хонаи ӯ тағйироти ҷиддие рух додааст. Инро дарк кард, ки гуфт:

- Хонаҳои куҳна барои аҳли хонавода тангӣ кард. Аз роҳ поён замини бекорхобидаро тариқи ҳашар ҳамвор намуда, хонаи истиқоматӣ сохтему барои ёру дӯстон меҳмонхона. Дар қит­ъаҳои пасту баланди он ниҳоли себу нок шинондему дар соҳили дарё шамшод. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми мо шароити хуб муҳайё кардаанд. Обу заминро ба ихтиёри онҳо додаанд, то самаранок истифода баранду зиндагии худро беҳтар созанд.

Баъд аз ин суханҳо лаҳзае хомӯш монду аз гуфтору кирдори акааш шодравон Хуррам Содиқов ёд кард:

- Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ вай бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафт. Дар мубориза бо фашистон корнамоӣ нишон дод. Ба Ватан баргашта, ба Донишгоҳи хоҷагии қишлоқ дохил шуд. Баъд аз хатми он дар Раёсати хоҷагии қишлоқи ноҳияи Обигарм кор кард. Пас аз барҳам хӯрдани ноҳия раиси колхози ба номи Куйбишев, котиби ташкилоти ҳизбии хоҷагии Қалъаи дашт, муовини мудири шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи кумитаи ҳизбии ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) таъин гардид. Минбаъд раисии комитети назорати халқии ноҳияи Файзобод­ро ба уҳда дошт, даҳ соли охир директори совхози Файзобод буд.

- Ёд дорам, — гуфтам ба гап ҳамроҳ шуда. — Солҳое, ки раиси кумитаи назорати халқии ноҳияи Файзобод будаму вай директори хоҷагӣ, бо чунин суол ба наздаш омадам. Чӣ мешавад, ки алафи талу теппаҳои гирду атрофро аввал дарза баста, ба ҷойи 8-10 мошин бо як мошин ба фермаҳо кашонда, ба хароҷоти зиёдатӣ роҳ надиҳем?

- Чаро ин масъаларо аз ман мепурсед? — гуфт ӯ.

- Шумо таҷрибаи бой доред. Илова ба ин, сардори «Селхозтехника» одами хеле хоксору ташаббускор аст.

- Ин кор бо осонӣ ҳал намешавад, — изҳор намуд ҳамсуҳбатам.

- Шумо ин масъаларо ҳал карда метавонед. Агар ташаббус намоед, роҳбарони дигар хоҷагиҳо пайравӣ мекунанд.

Баъд аз чунин гуфтугузор ҳар ду назди сардори «Селхозтехника» рафтем. Вай симу трактор ҷудо карду субҳи рӯзи дигар дарзабандӣ оғоз ёфт.

Баъд аз амалӣ шудани ин иқдоми наҷиб ҳар гоҳе вай маро медид, «Ҳа, додар, боз чӣ гапи нав?» — гуфта мепурсид ва барои пешрафти кор маслиҳатҳои муфид медод.

Хуррам Содиқов марди соҳибфарҳангу соҳибэҳтироми диёр буд. Боре аъзои бюрои кумитаи ҳизби ноҳияи Файзобод ҷамъ омаданду котиби аввал Мирзохуҷа Шоев изҳор намуд:

- Сохтмони қасри фарҳанги ноҳия бинобар набудани маблағ манъ шудааст.

Дар раванди муҳокимаронӣ Хуррам Содиқов гуфт:

- Набояд сохтмони чунин иншооти барои мардум муҳим ба ҳоли худ монад. Гурӯҳе бояд наз­ди вакили мардумӣ Муҳаммад Осимӣ рафта, муҳимияти сохтани бинои фарҳангро фаҳмонанд.

Котиб пурсид:

- Ин корро кӣ ба ҷо оварда метавонад?

Ҳозирон Хуррам Содиқовро мутасаддӣ карданд.

Вай назди олими маъруф рафта, масъалаи бунёди қасри фарҳангро мусбат ҳал кард. Баъд аз чанде бинои иборат аз дуошёна ба истифода дода шуд.

Хуррам Содиқов деҳқони асил буд. Вақти зиёдро дар саҳро бо деҳқонон мегузаронд. Кӯшиш мекард истеҳсоли ғалла, лаблабу, ҷуворимаккаю помидор, ширу гӯшт зиёд шаваду хоҷагӣ номдор гардад.

- Ҳар боре акаи Хуррам ба хонаи мо меомад, — ба ёд меорад Абдуҷаббор, — дар сари дастархон фарзандонамро насиҳат карда мегуфт:

- Хонед, илму дониш гиред, бе дониш ҷомеа тараққӣ намекунад.

Шукри Худо, ки писаронам аз рӯи насиҳати амакашон амал карда, ба мақсад расиданд.

Шарбатулло баъд аз хатми мактаби миёна ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон дохил шуд. Онро бо баҳои аъло хатм карда, таҳсилро дар аспирантураи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва идома дод. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардид, айни ҳол ҷонишини раиси коллегияи адвокатҳои «Ҳуқуқ ва адолат»-и шаҳри Москва ­мебошад.

Ҳокимбек факултети ҳуқуқшиносии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм карда, номзади илмҳои сиё­сатшиносӣ шуд. Дар вазифаҳои мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, мутахассис-пешбари шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, сармутахассиси шуъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти Маҷлиси миллӣ, мушовири калони Комитети Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба таъминоти ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, сармутахассиси раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон фаъолият карда, ҳоло дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Корномаи Абдуҷаббор Содиқов низ ҷолиб аст. Дар оғоз ба ҳайси коргари совхози Қалъаи дашт, лаборанти мактаби миёна фаъолият карда, ба Донишгоҳи хоҷагии қишлоқ дохил мешавад. Баъд аз хатми он ба сифати зоотехники хоҷагии Қалъаи дашт, зоотехник, иҷрокунандаи вазифаи сарзоотехники совхози байнихоҷагии чорвофарбеҳкунии ноҳияи Файзобод, сарзоотехник, муовини сардори шуъбаи истеҳсол ва тайёркунӣ, муовини раиси Иттиҳодияи агросаноатӣ, директори совхози ба номи Дзержинский фаъолияти пурмаҳсул дошт. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ сарзоо­техники раёсати кишоварзии шаҳри Роғун, директори совхози Қалъаи нав, муовини раиси ҷамоати деҳоти Қади об буд.

Баъд аз ба шаҳри Роғун ташриф овардани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони иншооти азими аср — НБО «Роғун» ба корзори миллӣ табдил ёфт. Аз тамоми гӯшаи ҷумҳурӣ одамон ба ин иншоот ба кор омаданд.

– Ба ҳайси коргари хоҷагӣ ба сохтмон омада, фаҳмидам, ки агар НБО «Роғун» бо иқтидори пурра сохта ба истифода дода шавад, истеҳсоли солонаи барқи он ба 13,1 миллиард КВТ/соат мерасад, — гуфт ӯ. — Ин рақамҳо далели он аст, ки Тоҷикистони азизи мо ояндаи дурахшон дорад.

Бо Абдуҷаббор Содиқов ҳамсуҳбат шуда, ба хулоса омадам, ки мардро меҳнати содиқона сарбаланд месозад.

Аз поёни боғи вай дарёчае ҷорист. Замони пеш, бинобар дар пастхамӣ ҷой гирифтани дарёча одамон аз он истифода бурда наметавонистанд ва онро «Чашмаи оби бекор» меномиданд. Баҳору зимистон аз ҳисоби барфу борон ва чашмаҳои гирду атроф оби дарёча зиёд шуда, аз он гузаштан амри маҳол буд. Бо ибтикори Абдуҷаб­бор Содиқов дар болои дарёча пул бунёд ва шароити фароғат муҳайё гардид.

Ҳамин тавр, Абдуҷаббор Содиқов тамоми зиндагиашро барои бунёдкорию ободонӣ сарф менамояд. Хуб медонад, ки дар ин дунё аз инсони нек зикри хайр мемонад. Ба қавли шоир:

Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест,

Ба саҷодаю ҷомаю далқ нест.

Раҷабалӣ АҲМАДЗОДА,

Корманди шоистаи Тоҷикистон