Инсонҳо бо умед зиндаанд, бо фурсати дубора, бо рӯзҳое, ки боз хуршед бар само битобад ва меҳраш инсонҳоро сероб кунад. Ҳоло ки боз ба Наврӯз мерасем, навиди омадани баҳорро дар зарра-зарраи ҷаҳони атроф эҳсос мекунем. Замин боз ҳам пас аз зимистону хоби сангин бедор мешавад, парастуҳо бармегарданд, шукуфаҳои бодом аз растохези табиат огоҳ мекунанд ва ин ширинтарин такрор дар тамоми ҳастист. Наврӯз бо ин ҳама, ки ҳар сол такрор меояд, на танҳо куҳна нашуда, балки ҳар сол азизтар аз соли баъд ба наздамон бозмегардад ва қудуми ин азизкардаро ҳазорҳо сол аст, ки ба расми бобо ва аҷдодамон ҷашн мегирем. Наврӯз бузургтарин рӯйдоди фарҳангии миллии мост.
Аз замоне ки аҷдодамон худро шинохт, ду ҷашн барояш муҳим буд: аввал иди офариниш дар аввалҳои фасли поиз ё тирамоҳ — Меҳргон ва иди растохез, ки дар оғози баҳор баргузор мешавад — Наврӯз. Мардум ақида доштанд, ки сарнавишти инсон ва ҷаҳон дар соле, ки дар пеш аст, дар Наврӯз таъин мешавад. Дар ин рӯз некбахтиҳо барои мардуми замин тақсим мегардад ва аз ин рӯ, ин рӯзро ниёкон рӯзи умед низ номидаанд.
Аз ҷашни Наврӯз дар «Авасто» зикр намеравад, зеро Наврӯз иди миллӣ маҳсуб мешавад ва «Авасто» китоби динисту ҷашнҳои хосро дорад.
Бунёди ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшеди Пешдодӣ робита медиҳанд, ки дар дарозои таърих бо номи ҷашни Наврӯзи Ҷамшедӣ низ маъруф аст. Гарчи иттилои дақиқ аз Наврӯзи давраи Каёниён дар даст нест, аммо оини ин ҷашн дар рӯзгори онон риоя шудааст, тардид вуҷуд надорад.
Дар аҳди Ҳахоманишиён (солҳои 700-675–330 пеш аз милод) Наврӯз бо шукӯҳи хос дар Тахти Ҷамшед барпо мешуд. Ҳама чиз барои бузургдошти ин ҷашн бино шуда, пеш аз анҷоми ташрифоти Наврӯз бузургони шоҳаншаҳӣ ва намояндагони кишварҳо ба Тахти Ҷамшед меомаданд ва ҳазорон чодар мезаданд. Дар сангнигораҳои Тахти Ҷамшед 23 халқи пайрави шоҳаншоҳӣ ва дарбориён ҳамроҳ бо аспҳо ва гардунаҳои подшоҳӣ ва сарбозон дида мешаванд. Рӯзи аввал барои омма, яъне пазироии мардум буд, дувумин рӯз шоҳ баландпоятарин касон, аз шумори деҳқонон (ашрофон) ва аъзои хонадони онҳоро мепазируфт, рӯзи сеюм муъбадон пазируфта мешуданд, рӯзи ҷаҳорум хонавода ва наздиконашро қабул мекард ва рӯзи панҷум фарзандон ва коргузоронро мепазируфт ва ба ҳар кадоме, ки рутбаи баландтареро шоиста буд, арзонӣ медошт ва рӯзи шашум Наврӯзро дар хилват ҷашн мегирифт.
Он тавре ки аз катибаҳои даврони Ҳахоманишӣ бармеояд, замони оғози соли нав, замони мушаххас ва дақиқ надошта, балки тағйир меёфтааст. Бино ба ахбори ин катибаҳо, дар даврони Ҳахоманишӣ замони оғози соли нав аз 21 исфандмоҳ (12 март) то 9 урдубиҳишт (29 апрел) дар гардиш будааст.
Аз ахбори сангнавиштаҳои Дориюши бузурги Ҳахоманишӣ (солҳои подшоҳӣ 521-486 пеш аз милод) дар Бесутун маълум мешавад, ки соли нав дар ин аҳд дар фасли тирамоҳ ё поиз оғоз мешуд ва ҷашни Меҳргон ҷашни иди аввали сол буд. Дар охири фармонравоии Дориюши бузург тақвими хуршедиро пазируфтанд ва тибқи он сол ба дувоздаҳ моҳи сирӯзӣ ва ба изофаи панҷ рӯзи изофӣ (онро панҷи дуздида низ мегуфтанд) тақсим мешуд ва дар эътидоли баҳорӣ оғоз мегардид. Ин сол аз оини митроии куҳан гирифта шуда буд ва ба соли дини зардуштӣ мубаддал гашт.
Бо пайдо кардани осори бостонии аҳди Ашконӣ (солҳои подшоҳӣ-250 пеш аз милод – 226 мелодӣ), мисли сафолнавиштаҳо дар харобаҳои шаҳри Нисо (18 км шимолу ғарбии Ашқобод) маълум мегардад, ки Наврӯз дар даврони шоҳаншоҳии онон бештар аз ҷониби мардум ҷашн гирифта мешудааст, зеро пас аз замони ҳукумати селевкиҳо, ҳарчанд Ашкониён аз ақвоми ориёӣ ва зардуштимазҳаб буданд, вале тасаллути 80-солаи юнониён дар онҳо асар кард ва дар хусуси одобу русуми аҷдодӣ бетараф буданд. Аммо дар охири давраи ҳукмронии 486-солаашон дубора ба сунану анъаноти аҷдодашон баргаштан дар онҳо қувват гирифт.
Дар даврони Сосониён (226-651) Наврӯз ҷашни миллӣ ба шумор мерафт. Ба ҳамин ҷиҳат ҳатто мардуме, ки пайрави оини зардуштӣ набуданд, мисли оромиён, арманиён, гурҷиён, аммо дар ҳавзаи ҳукумати Сосониён зиндагӣ мекарданд, низ дар он ширкат доштанд. Мисли замони Ҳахоманишиён дар ин аҳд низ панҷ рӯзи аввали фарвардин чашни Наврӯз гунаи ҳамагонӣ дошта, онро Наврӯзи омма ва ё Наврӯзи кучак номидаанд. Наврӯзи бузург ё Хурдодрӯз, ки шашумин рӯзи фарвардинмоҳ аст, барои Сосониён бисёр муҳим буд. Ба ин рӯз бисёр ҳодисаҳоро иртибот медиҳанд, мисли зода шудани Зардушт ва ба пайғамбарӣ баргузидани ӯ, вуқӯи растохез дар ин рӯз. Дар тақвимҳои суғдӣ ва хоразмӣ рӯзи таваллуди Сиёвуш рӯзи шашуми фарвардинмоҳ аст ва бо ин сол оғоз мешуд.
Баъд аз густариши дини ислом дар сарзамини Хуросону Варорӯд ҷалоли ҷашни Наврӯз коста шуд. Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» ба ҳангоми тавсифи ҷуғрофиёии деҳи Варахша, ки дар наздикии Бухорост, менависад, ки дар ин деҳа ҳар 15 рӯз бозор доир мешавад. Ва чун бозори охир бошад, 20 рӯз бозор кунанд ва рӯзи 21 Наврӯз кунанд ва онро Наврӯзи кишоварзон гӯянд.
Дар миёни ҳама ҷашне, ки пас аз ислом дар Хуросони бузург ба далели бетаваҷҷуҳии ҳокимон ба фаромӯшӣ супорида шуданд, Наврӯз тавонист ҷойгоҳашро ба унвони ҷашни миллӣ ҳифз кунад. Далели пойдор мондани Наврӯз дар фарҳанг пайванди амиқи он бо оинҳои миллатамон, таърихи кишвар ва ҳофизаи фарҳангии тоҷикон аст.
Арабҳо, пас аз фатҳи Эрон ва Хуросони бузург, молиёти сангин барои баргузории ҷашни Наврӯз ва Меҳргон ҷорӣ карданд. Халифаҳои Уммавӣ ва Аббосӣ низ ин равияро идома доданд, агарчи баъд онҳо дар ҷашни Наврӯз ҳузур пайдо мекарданд. Аз баргузории оини наврӯзӣ дар замони Уммавиён мадрак дар даст надорем, аммо дар замони хилофати Аббосиён, ба гуфтаи Табарӣ Муътадид (Муътазид) (892-902), мардуми Бағдодро аз барафрӯхтани оташ дар рӯзи Наврӯз ва пошидани об ба рӯи роҳгузарон манъ кард, вале пас аз нигаронӣ аз эҳтимоли ошӯби мардум фармонашро пас гирифт. Аббосиён гоҳе барои пазириши ҳадяҳои мардум аз Наврӯз истиқбол мекарданд. Бо рӯи кор омадани силсилаҳои Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён ва Оли Буя ҷашни Наврӯз бо густурдагии бештар баргузор мешуд. Дар он давраҳо шоирон бо фаро расидани Наврӯз дар ситоиши он шеър месароиданд ва ба шоҳ фарорасии Наврӯзро шодбош мегуфтанд. Байҳақӣ аз шукӯҳи маросими Наврӯз дар дарбори Ғазнавиён навиштааст ва шоирони ин дарбор, чун Фаррухӣ, Манучеҳрӣ ва Саъди Салмон, дар ситоиши Наврӯз шеърҳо сурудаанд.
Дар даврони Салҷуқиён ба дастури Ҷалолиддини Маликшоҳ теъдоде аз мунаҷҷимон, аз ҷумла Хайём, барои беҳсозии гоҳшуморӣ ҷалб шуданд. Ин гурӯҳ Наврӯзро дар замони вуруди офтоб ба бурҷи ҳамал қарор доданд ва ҷойгоҳи онро собит намуданд. Бар асоси ин гоҳшуморӣ, ки бо тақвими Ҷалолӣ маъруф шуд, барои собит мондани Наврӯз дар оғози баҳор муқаррар шуд, ки ҳудудан ҳар чаҳор сол як бор (гоҳе ҳар панҷ сол як бор) теъдоди рӯзҳои солро ба ҷои 365 рӯз 366 рӯз дар назар бигиранд. Ин гоҳшуморӣ аз соли 392 ҳиҷрӣ (1001-1002) оғоз гирифт.
Дар замони ҳукумати манғитиён (1753-1920) дар шаҳру деҳоти аморати Бухоро Наврӯзро бо шеваи хоси марбути ҳар маҳал ҷашн мегирифтанд. Аҳмади Дониш таҷлили Наврӯзро дар замони ҳукумати Музаффар дар шаҳри Бухоро чунин тавсиф мекунад: «Ва аз ҷумлаи русуми тоза, ки дар асри амир шуюъ ёфт, таъзими Наврӯз буд, ки чун офтоб ба авосити Ҳут расад, тараддуди ҷашну сур намуда, асбоби масхарагӣ ва дорбозиву шӯъбада ҷамъ менамоянд, то авосити моҳи савр ба ҳамаи деҳоту қуро ва мазорот мардумро ба иҷтимоъ фармон дода, аснофи аҳли ҳирафро ба зӯру заҷр аз шаҳр бароварда, шаб ҳама шаб чароғон фармуда, қавволу мутриб ва муғанниву раққосу масхарабозро ба кор дароварда. Турфа он ки машоихи шаҳрро низ маа муридон дар ин ҷашнҳо даъват мекарданд. Дар як тараф «Маснавӣ»-и Мавлавиро маърака гирифта мехонданд ва дар самте зикри ҷаҳр арра мекашиданд ва дар мавзее «Қуръон» мехонданду хатми салот (мекарданд)».
Ҳамза КАМОЛ,
доктори илмҳои таърих, профессор, мудири шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш