Иди зафар

№60 (4643) 05.05.2023

Аз кумаку имтиёзҳо то саргузашти Саид Раҷабови 97-сола

IMG_20230501_110801 — копияИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲУ ҒАМХОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ҳар сол дар арафаи 9-уми май, ки ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Рӯзи Ғалабаро қайд мекунанд, дафтари кории Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат серодам мешавад. Шахсе маълумот мепурсад, дигаре маълумот медиҳад. Нафаре бо роҳнамоии кормандони Шӯро ба аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ меравад, дигаре доир ба вазъи саломативу будубоши саҳмдорони ақибгоҳ гузориш таҳия мекунад. Гурӯҳе муайян мекунанд, ки бояд ба киҳо кумак расонида шаваду гурӯҳи дигар хайр мекунанд. Аз ҷумлаи нафароне будем, ки доир ба шумора, вазъи саломатӣ, шароити зиндагии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва кумаку имтиёзҳо ба онҳо аз шӯрои мазкур маълумот дарёфт кардем. Ҳамчунин, бо ёрии кормандони Шӯрои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ бо яке аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ вохӯриву суҳбат доштем.

Тибқи иттилои котиби масъу­ли Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон Элмурод Турсунов, ҳоло дар кишвар 37 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд.

Дар миёни қайди ҳаётбудаҳо кӯҳансолтарин сокини шаҳри Ҳисор Рашид Каримови 111-сола мебошад. Нисбатан хурдтар Откин Дмитрий Александ­рович аст, ки имсол 97-сола шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар Душанбе 6 нафар, Суғд — 11, Хатлон — 14, Турсунзода — 1, Ҳисор — 2, Шаҳринав — 1, Варзоб — 1 ва Сангвор 1 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд.

Қобили қайд аст, ки масъа­лаи кумакҳои иҷтимоӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Барои мисол, соли гузашта аз ҷониби Сарвари давлат ба ҳар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 15 ҳазор сомонӣ тақдим гардида, соли ҷорӣ миқдори маблағ ба ҳар иштирокчӣ 18 ҳазор сомонӣ муайян шуд.

Дар пайравӣ бо иқдоми хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ ба иштирок­чиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кумакҳои молӣ мекунанд. Аз ҷумла, имсол аз ҷониби раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 11 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7 ҳазор сомонигӣ ва 32 нафар хизматчии ақибгоҳ, ки сокини вилоят ҳастанд, чор ҳазор сомонигӣ тақдим шуд.

Аз соли нав то ҳол ба ду иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки сокини ноҳияи Фархор ҳастанд, кумак дастрас гардид. Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишвар аз ҳазор сомонӣ зиёд нафақа мегиранду хизматрасонии тиббӣ ва доруворӣ ройгон аст.

«АЗ ҶАНГ МАҶБУРӢ БА ЗОДГОҲ РАВОН КАРДАНД»

Бо роҳнамоии масъуле аз бахши дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбебудаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон мо ба дидори яке аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Раҷаб Саидови 97-сола раф­тем. Ӯ дар иҳотаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад.

Шахси мавриди назар 20-уми майи соли 1926 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, пас аз хатми мактаби миёна ба ҷанг сафарбар гардид. Дар аввал ӯ ва ҳамроҳонашро ба шаҳри Екатеринбург бурда, пас аз чанде ба полки 44-уми дивизияи 13-ум, ки дар Австрия меҷангид, интиқол доданд.

- Ҳодисаи дар Руминия рухдода ҳеҷ аз ёдам намеравад. Вақти ҳамла поям сахт захмӣ шуд. Чун имкону шароити ба шифохона рафтан набуд, бо он захм чанде мубориза бурдам ва шукр шифо ёфтам, — гуфт ӯ.

Саид Раҷабов дар озод кардани Чехословакия ва Австрия фаъол буду ба нигоҳубини асирон машғул. Ӯ он рӯзҳоро чунин ба ёд овард:

- Ба онҳо муомилаи хуб дош­там. Хӯрокашонро сари вақт медодам. Кӯшиш мекардам, ки азоб накашанд.

Бо таассуф нақл кард, ки як сол пеш аз хотимаи ҷанг ӯро рухсатӣ додаанд. Саид Раҷабов намехост, вале ӯро маҷбур ба зодгоҳ равон карданд. Мутаассифона, замони рухсатӣ бемор шуда, дигар ба ҷанг рафта натавонистааст.

Пас аз хотимаи ҷанг ва шифо ёфтан курси ронандагиро хатм карда, се сол ҳамчун ронанда то соли 1990, яъне замони нафақа баромадан ба ҳайси чойхоначӣ фаъолият намуд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»