Ҷумъахони Сайдалӣ хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мебошад. Аз овони мактабхонӣ шеър мегӯяд. Соҳиби 5 маҷмӯа — «Замзамаҳои Мунк», «Оинаи дидор», «Чил чанор» ва «Овози ошно» аст.
Чанде пеш маҷмӯаи нави шеърҳояш бо номи «Чароғи лола» пешкаши дӯстдорони каломи бадеъ гашт.
Вақте онро варақгардон кардам, гумон доштам, ки баъди хондани чанд сатр дилгир мешавам, вале ин тавр нашуд, зеро ҳар сатри он равон, самимӣ буд, ҷо-ҷо тозагӯйиҳои адиб ба чашм мерасид. Навгӯйиҳояш кам нестанд:
Дидам, ки дар рӯзи сафед,
Сӯзад чароғи хонае.
***
Гардун чу баҳр тобад,
Хуршед хирмани зар.
***
Аспи ҷавмасти ту ҷав мехоҳад,
Шеъри ту маънии нав мехоҳад.
Ҳамин тавр, дар ҳар шеър ибора ва ифодаҳои навро пайдо кардан мумкин аст.
Бо мутолиаи маҷмӯа дарёфтам, ки шоире дур аз минбарҳо, дар як гӯшаи дурдасти кӯҳистон бо эҷод ба рӯйи мо даричаеро аз олами зебоӣ боз мекунад.
Сайдалӣ адиби маънипарвар аст, фараҳафзост, ки шеъраш бори мазмун мекашад. Аз ин бармеояд, ки ӯ пайрав ва вориси бузургони гузаштаи шеъри форсист.
Ба оби дида мешӯям варақҳои хаёламро,
Забони хомаамро аз найи анҳор меҷӯям.
***
Мактаби одамгариву нанг бошад зиндагӣ,
Ошёни донишу фарҳанг бошад зиндагӣ.
Номбурда ба зиндагӣ бо нигоҳи тоза менигарад. Дарёфтааст, ки дар тангнои зиндагии пурпечутоб равзанаест, ки моро ба ҳаёти хушу пурсафо роҳнамун месозад:
Намехоҳам, ки дунё пур зи исёну хатар бошад,
Намехоҳам, ки нахли зиндагонӣ бесамар бошад.
***
Шукри халқу шукри давлат мекунам,
Шукри истиқлолу Ваҳдат мекунам.
Ҳамин тариқ, дар маҷмӯаи «Чароғи лола» шоири хушбаён Ҷумъахони Сайдалӣ меҳру муҳаббат ва эҳсосу андешаҳояшро нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ватани маҳбуб, муқаддасоти миллӣ, модари мушфиқ равону самимӣ ифода кардааст.
Китоб таҳти назари Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ба табъ расидааст. Умедворем, ки писанди дӯстдорони каломи бадеъ хоҳад гашт.
Иззатбек Идизод,
шоир