Ифтихор

№134 (3928) 08.11.2018

(Суруд)

 

Шуҳрати мо боз афзун мешавад,

Хотири мо шоду мамнун мешавад.

 

Роҳҳо пурнуру равшан кӯчаҳо,

Аз тамошо чашм мафтун мешавад.

 

Шуд ба шаб пайдо, ба рӯз он чи набуд,

Ҳусни мулки мо дигарун мешавад.

 

Ахтаристон мешавад ин сарзамин,

Тоҷикистон мисли гардун мешавад.

 

Нур дар кишвар нагунҷад баъд аз ин

Он равон акнун ба берун мешавад.

 

Боғи заҳмат бори роҳат оварад,

Рӯи мо чун лола гулгун мешавад.

 

Зулмат аз Заҳҳоку нуристони мо

Ёдовар аз Фаридун мешавад.

 

Дида пурнурии Меҳанро зи тарс

Лашкари зулмот макнун мешавад.

 

Дида азми сарвару ҳар коргар,

Вахш дар фармони Роғун мешавад.

 Васфи Роғун

Ба дил буд орзуи васл садҳо сол Роғунро,

Зи ҳиҷрон қиссаҳо бошад ба шарҳи ҳол Роғунро.

 

Агарчи буд номаш бар забон, аммо намегуфтанд,

Барои рӯди ҳастӣ чашмаи иқбол Роғунро.

 

Ба мисли об мерезад зи шамъи дидаву дил нур,

Замину осмон гиранд истиқбол Роғунро.

 

Шуд ин кохи бузурги нур бунёд аз маводи нанг,

Шиносад халқи олам бо чунин амвол Роғунро.

 

Шавад оҳанги шодӣ оҳ ҳам аз гардиши чархаш,

Ризо бошад зи толеъ, гар бубинӣ фол Роғунро.

 

Зи партав пар, ки дорад дар назар ҳамчун ҳумои бахт

Ба рӯи китф тобад мурғи зарринбол Роғунро.

 

Нагунҷад дар тасаввур, посдорон хуб медонанд

Нишон аз Пешвою даври Истиқлол Роғунро.

 Нури Роғун

Нури Роғун хона равшан мекунад,

Маскани парвона равшан мекунад.

 Олами афсона гардад мулки мо,

 Зеҳнро афсона равшан мекунад.

 

Нур аз ҷое ба ҷое меравад,

Кишвари бегона равшан мекунад.

 Роҳҳову кӯчаҳои мулкро,

Мисли ҳар кошона равшан мекунад.

                    ***

Дидаи мо нурбор аст,

Пур зи нури нангу ор аст.

Нур шаъну ифтихор аст,

Кишвари мо нурзор аст.

 

Рӯшанӣ осори рӯз аст,

Рӯшанӣ бодо муборак!

Пайки халқи худфурӯз аст,

Рӯшани бодо муборак!

Муҳаммад Ғоиб,

Шоири халқии Тоҷикистон