7 октябри соли равон дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид. Ифтитоҳи расмии намоишгоҳ бо сухани табрикотии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода шурӯъ шуд.
Вазири фарҳанг ҳамаи ҳозирин, аз ҷумла меҳмонон-иштирокчиёни намоишгоҳро аз кишварҳои хориҷа хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки баргузории Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад. — Намоиши китоб идомаи мантиқии чорабиниҳои ҷашнӣ ба шарафи Истиқлолияти давлатии кишвар маҳсуб меёбад — иброз дошт Шамсиддин Орумбекзода.
Вазири фарҳанг дар идома таъкид намуд, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноширони кишвар шароиту имкониятҳо фароҳам омадааст, то мунтазам дар намоишгоҳҳои байналмилалии китоби ҷаҳонӣ иштирок намуда, дастовардҳои худро манзури оламиён гардонанд ва аз таҷрибаи ҳамкасбони хориҷии худ бархурдор гарданд. Бо кумаку дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба ғизои маънавӣ, фароҳам омадани шароиту имкониятҳои мусоиди эҷодию истеҳсолӣ теъдоди нашри китобҳои тозанашр номгӯйи корхонаҳои нави полиграфӣ меафзояд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 313 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чопӣ ва 70 нашриёт фаъолият менамояд, — гуфт ӯ. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар бораи осори безаволи классикони адабиёти тоҷику форс, ки солҳои охир таҳти силсилаи «Ахтарони адаб» нашр шудаанд, суханронӣ ва изҳори боварӣ намуд, ки вохӯрии ноширони мамлакат ва меҳмонони арҷманд самараи нек ба бор меорад ва ба рушду такомули соҳаи табъу нашр, ғанӣ гардонидани хазинаи китобхонаҳои кишвар такони тоза мебахшад.
Намояндаи Ҷумҳурии Беларус Людмила Гайдук иброз дошт, ки новобаста ба тараққиёти техникии асри иттилоотӣ китоб ҳамеша дӯсти асосии инсон буд ва мемонад. — Ба чеҳраи ин дӯстдорони хурдсоли китоб, ки имрӯз ба намоишгоҳ омадаанд, нигоҳ карда, дар онҳо олимону адибони ояндаро дидан мумкин аст, — гуфт Людмила Гайдук.
Дар охир бо иштироки шоирони шинохта ва сарояндагони номдори кишвар маҳфили шеъру суруд манзури меҳмонон ва иштирокчиён гардонида, конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Рушди соҳаи табъу нашр дар 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»