Ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

№92 (4675) 14.07.2023

tzbcz29rij7b5cq9cvo3bgh5arckgpal — копияШоми ҳафтуми июли соли 2023 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикис­тон ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири мамлакат Сатториён Матлубахон, муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия ­Надежда Преподобная, муовинони вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Назариён Обид Одилзода ва Шарифзода Манучеҳр Муртазо, намояндагони корпуси дипломатӣ ва дӯстдорони фарҳангу ҳунар иштирок намуданд.

Сатториён Матлубахон меҳмононро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайра мақдам гуфта, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистонро барои ҳар ду кишвари дӯсту бародар падидаи неки фарҳангӣ арзёбӣ намуда гуфт, ки баргузории чунин чорабинӣ имкон фароҳам меорад мардуми ҳар ду кишвари дӯст аз фарҳангу тамаддун ва таомули ҳамдигар иттиллои бештар пайдо намоянд.

Надежда Преподобная аз пазироии самимона ва меҳмоннавозии тоҷикона миннатдорӣ намуда, таъкид намуд, ки ин чорабинӣ боиси боз ҳам мустаҳкам гардидани робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Россия мегардад.

Баъд аз ифтитоҳи чорабинӣ барномаи ҷолиби ҳунарии пианинонавози машҳур, Ҳунарманди халқии Россия Денис Матсуев манзури тамошобинон гардид.

 Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати фарҳангии ин кишвар аз Китобхонаи миллӣ боздид карданд. Дар ин асно бобати ҳамкориҳои минбаъдаи фарҳангӣ, аз ҷумла баргузории барномаҳои ҳунарӣ, намоишҳои театрӣ, тарбияи мутахассисони соҳаи театру кино, роҳандозии дарсҳои маҳорати касбӣ, ибрози назар шуд.

Чорабинии мазкур то 13-уми июли соли равон идома дошта, ин муддат ҳайати 64 — нафараи меҳмонон Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Боғи Ирам ва дигар мавзеъҳои ҷолиби пойтахт ва шаҳри Хуҷандро тамошо менамоянд.

Ҳунармандони бомаҳорат, аз ҷумла Ансамбли давлатии академии рақси халқии «Налмэс» — и Ҷумҳурии Адигея, барномаҳои ҷолибро манзури тамошобинон мекунанд.

Ф. ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»