Ҳикмати сулҳофарӣ ва давлатсозӣ

№138-139 (4878-4879) 15.11.2024

Хикмати сулховари ранга копияЧунин ном дорад китоби нави муҳаққиқон Сироҷиддини Қосим, олими тиб Зайниддини Қосим ва ҳуқуқшиноси байналмилалӣ Фаррухи Қосим. Рисола намунаи олии пажӯҳиши чандинсолаи муаллифон буда, дар он раванди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сабабу оқибатҳои бархӯрди ҳизбу ҳаракатҳои ба истилоҳ «демократӣ» барои ба даст овардани ҳокимият, дар заминаи санадҳои аслӣ ва боэътимод бозгӯӣ шудааст.

Мухолифони Ҳукумат барои ҷоҳу ҷалол дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастаҳои силоҳдори зиёд таъсис доданд, ки бештари онҳо дар раванди муқобилияти шадид ба сохторҳои низомии ҳукуматӣ ба қатлу ғорати мардум ва тасарруфи моликияти муассисаву корхонаҳо ва соҳибкорон даст зада, мардумро дар ҳолати тарсу ҳарос нигоҳ медоштанд. Дар натиҷа, низоми ҷамъиятиву сиёсӣ мураккаб гардида, бештари мардуми кишвар ба ду гурӯҳ — тарафдорони Ҳукумат ва мухолифони он ҷудо шуданд.

Дар он рӯзҳои ногувор неруҳои ватандӯст барои баромадан аз буҳрони мураккаби ҷумҳурӣ даъват намудани ҷаласаи Шурои Олиро ба миён гузоштанд ва барои таъмини бехатарии иштирокдорон ин ҷаласа 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Ҳукумати муросои миллӣ, ки бо фишори мухолифон таъсис ёфта буд, барканор ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Роҳбари давлат интихоб шуданд. Сарвари давлат бо мақсади ба даст овардани оштии миллӣ ва роҳандозӣ намудани кишвардорӣ бо шуҷоат ва қаҳрамонӣ корномаи беназири худро эҷод карданд. Дар самти сулҳофарии рисола омадааст: «Тӯли таърихи башарият боэътимодтарин сулҳ ҳамон сулҳе дониста шудааст, ки ҳангоми гуфтушунид рақиб боэҳтиром пазируфта ва бо амалҳои ҳамидаи инсонсолорӣ ва бахшида тавонистани гуноҳи мухолиф фикру андеша ва назари ӯ ба раванди боварибахши муносибатҳои тарафҳо тағйир дода шавад. Дар ин бобат профессор Нодири Одил гуфтааст: «Дар истиқрори сулҳи тоҷикон низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин хиради раббонӣ ва хусравониро ба кор бурданд…».

Гуфтушуниди тарафҳои мухолиф (намояндагони Ҳукумат ва мухолифони он, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд) барои оштии миллӣ бо мушкилоти зиёд, мураккабу тӯлонӣ сурат гирифта, дар чанд давра гузаронида шуданд. Хушбахтона, ҳангоми пайдо шудани мушкилот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди музокирот ворид шуда, роҳи ҳалли босалоҳияти масоили барои тарафҳо манфиатоварро пешниҳоду татбиқ мекарданд ва гуфтушунид идома меёфт.

Музокироти тарафҳо, ки моҳи майи соли 1992 оғоз ёфта буда, 27-уми июни соли 1997 бо қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҷамъбаст гардид, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошта шуд.

Инчунин, нақши созандаву бунёдии Президенти мамлакат дар таъсиси ниҳоди нави сулҳофар — Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) ва зери роҳбарӣ гирифтани иҷрои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, роҳандозӣ кардани ёриву мусоидати кишварҳои дӯст, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои қудратии кишвар барои баргардонидани гурезаҳо аз кишварҳои хориҷӣ ба ҷойи зист, ворид намудани ҷанговарони неруҳои ИНОТ ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон, аз аттестатсия гузаронидани ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ, таъин намудани намояндагони ИНОТ ба 30 дарсади мансабҳои давлатӣ холисонаву одилона нигошта шудаанд.

«Ҳикмати сулҳофарӣ ва давлатсозӣ» аз навиштаҳои дигари ин давра ба он фарқ мекунад, ки дар он роҳу равиш, усулҳои эҷоди созиши байни тарафҳо ва ҳалли манфиатовари масъалаҳои баррасишаванда мувофиқу созгор бо далелҳои мушаххасу боварибахши сарчашмаҳои расмӣ дарҷ гардидаанд.

Амалигардонии чорабиниҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, хусусан, баргардонидани гурезаҳоро мардуми кишвар ва дӯстони хориҷии Тоҷикистон яке аз ҳикматҳои сулҳофарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф кардаанд. Сиёсатмадорони байналмилалӣ ва роҳбарони созмону кишварҳои бонуфузи олам, аз ҷумла Кофӣ Аннан, Ян Кубиш, Ҷемс Вулфенсон, Владимир Путин, Александр Лукашенко, Нурсултон Назарбоев, Ислом Каримов ва дигарон назари худро нисбат ба сулҳофарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намудаанд.

«Сулҳу оштии тоҷикон, — омадааст дар рисола, — ба хотири муҳофизати халқу давлату якпорчагии Ватан эҷод гардида, дар раванди бархӯрдҳо ва ҷанги ҳамватании дигар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи олии омӯзанда пазируфта шудааст. Коршиносони масоили ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносӣ сабабҳои аслии чунин натиҷаро дар огоҳ будани халқи тоҷик аз таърих, арзишҳо ва анъанаҳои омӯзандаи аҷдодиашон медонанд».

Дар рисола, ҳамзамон, бо далелҳои боварибахш барои муҳофизати Ватан, ноил гардидан ба истиқлолияти комил, ба давлати рушдёфтаву эътирофгардидаи ҷаҳони мутамаддин табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаву чорабинӣ ва амалҳои созандаву бунёдии ба вазъу замон мувофиқи Президенти кишвар инъикос ёфтаанд.

Дар рисола, инчунин, даҳҳо мас­ъалаҳои дигари мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва дар ҳолати рушди устувор нигоҳ доштани равандҳои ҳаёти ҷамъиятии бо иқдоми Сарвари давлат роҳандозишуда инъикос ёфтааст. Масалан, дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ тамоми мардум аз нарасидани маводи ғизоӣ танқисӣ мекашиданд ва ин масъалаи доғи Ҳукумати ҷумҳурӣ гардида буд. Барои ҳалли ин мушкилот бо Фармони Президенти мамлакат соли 1995 ба аҳолии деҳоти ҷумҳурӣ 50 ҳазор гектар ва соли 1997-ум 25 ҳазор гектар замини корам тақсим шуд. Дар ҳамон замон ин иқдом ягона воситаи аз гуруснагии шадид раҳонидани аҳолии кишвар гардид. Мардум дар ин заминҳо ғалладона ва дигар навъҳои зироат корида, аз гуруснагӣ раҳо ёфтанд. То имрӯз ин заминҳо бо номи «заминҳои президентӣ» маъруфанд ва деҳқонон ин заминҳоро бо ифтихор «туҳфаи ҷонбахши Ҷаноби Олӣ» меноманд.

Дар раванди иҷрои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон душманони дохилию хориҷии кишвар бо истифодаи гурӯҳҳои яроқноки ҷиноятпеша ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муқобилияти шадид нишон медоданд. Соли 1997 дар вилояти Хатлон ва соли 1998 дар вилояти Суғд табаддулоти давлатӣ содир карданӣ шуда, ба сохторҳои ҳукуматӣ ва қудратӣ ҳуҷуми мусаллаҳона карданд. Дар ин фасли рисола ғаразу ниятҳои нопоки исёнгарон, зарарҳои моддию ҷонии расонида ва аз тарафи сохторҳои қудратӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат безарар гардонидани онҳо ба тафсил шарҳу тавзеҳ шудаанд. Батафсил баён намудани кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз тарафи душманони дохиливу хориҷии Тоҷикис­тон, ҳифзи якпорчагӣ ва ваҳдати миллии кишвар ҳушдорест барои наслҳои ояндаи мамлакат барои ҳифзи Ватани озод, мардуми азизи он ва таъмини зиндагии бошарафу гуворои сокинон.

Фасли дигари ин китоб «Барқарор намудани мавқеи забони тоҷикӣ, инкишофи илму фарҳанг ва эҳёи ваҳдати миллӣ» номгузорӣ шудааст. Аҳамият ва барқарор намудани мавқеи забони тоҷикӣ, инкишофи илму фарҳанг, эҳёи ваҳдати миллӣ ҳамчун барномаҳои давлатсозии навин дар ин рисола бо шаклу усулҳои хоси миллӣ нигориш ёфтааст. Дар эҳёи илму фарҳанг ва манзалати оламшумули аҷдодиамон нақши созандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдӣ буда, дар бораи даст­овардҳои ҷаҳонии илму адаби тоҷикон асарҳои таърихӣ ва илмии зиёд, ба мисли «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Забони миллат – ҳастии миллат» (иборат аз ду ҷилд), «Муҳити зиндагӣ ва андешаҳои Имоми Аъзам», «Чеҳраҳои мондагор», «Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи миллат»-ро (дар 22 ҷилд) эҷод намудаанд. Ин асарҳо обрӯву мақоми тоҷиконро боз ҳам боло бурданд.

Фасли сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ низ дар заминаи асолатҳои аҷдодони гузашта ва арзишҳои миллӣ роҳандозӣ шуда, барои дар ҷаҳони мутамаддин ҷойи худро ёфтани Тоҷикис­тон заминаи воқеӣ гардиданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар рукнҳои давлатдорӣ ба сиёсати хориҷӣ шаклу мазмуни нав ворид намудаанд ва ба раванди фаъолияти ин ниҳод роҳбарӣ карданд. Аз ҷумла, сиёсати «дарҳои боз», ки онро Сарвари давлат аз давраи ба сари ҳокимият омадан эълон карданд, ба инкишофи муносибатҳои созандаи Тоҷикистон бо кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳон мусоидат намуд.

Рисолаи «Ҳикмати сулҳофарӣ ва давлатсозӣ» бо таҳрири доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Р. Нуриддинов нашр гардидааст. Тарве раиси маркази таҳлилу ахбори «Сипеҳр», узви ифтихории Академияи улуми инсонии Фаронса Сайидаҳмади Қаландар дар муқаддимаи он таъкид намудааст: «Омӯзиши ин рисола барои ҷавонон, ояндасозони мамлакат, ки дар бораи мушкилоти аз хатари нобудшавӣ раҳонидани Ватани азизамон маълумоти кофӣ ва муътамад надоранд, мактаби хуби ватанпарварӣ шуда метавонад. Аз ин сабаб, асар ҳамчун дастури амалкард ва таҷрибаи рӯзгори пуршебу фарози мардуми Тоҷикистон, таърихи солҳои охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI, метавонад дар тарбияи наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар истифода шавад ва дар роҳи аз ҳар гуна ақидаҳои таассубгароӣ ва тундрави динӣ пешгирӣ кардани ҷавонон хидматгузор бошад».

Кароматуллоҳи Мирзо,

Нависандаи халқии Тоҷикистон,

барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,

Аламхон Кӯчарзода,

узви вобастаи АМИТ, профессор,

Маҷид Салим,

Корманди шоистаи Тоҷикистон,

номзади илмҳои филология, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ