Аз ёдҳо, аз ёдҳо

Ҳикмату моҳияти як соядаст

№ 18.08.2022

АбдуллоСурудҳои машҳури тоҷикӣ, ба монанди «Аз он лабон бӯса бидеҳ» — сароянда Артисткаи халқии РСС Тоҷикистон Рена Ғолибова, «Эй шӯх аҳдат нашканӣ» — сарояндагон Артисти халқии РСС Тоҷикистон Зафар Нозимов ва Артисти халқии РСС Туркманистон Бобомурод Ҳамдамов, «Дили ёрам» — Артисти халқии СССР Пӯлод Булбул-оғлӣ ва Артисти халқии РСС Тоҷикистон Орифшо Орифов, «Дилрабо, куҷоӣ, ёд кун ту моро!» — Артистони халқии РСС Ӯзбекистон Муҳаббат Шамаева ва Илёс Маллаев, «Навҳа мекашад чун ман» — Артисти шоистаи Тоҷикистон Дона Баҳромов, «Нозанин ёри ман» — сегонаи занон – Нуқра Раҳматова, Майсара Дилдорова ва Улфатмоҳ Мамаданбарова, «Аскарбача» — Ҳофизи халқии Тоҷикистон Нигина Рауфова, «Боқист» — Артисткаи халқии РСС Тоҷикистон Майсара Дилдорова, «Санги мазорам» — Кароматуллоҳ Қурбонов ва дигарҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар мамлакатҳои Шарқ низ машҳуранд.

Бахусус, суруди машҳури «Аз он лабон бӯса бидеҳ» аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта хеле маъруф аст. Суруди мазкур бори нахуст соли 1958 дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар иҷрои сарояндаи хушовози тоҷик Рена Ғолибова садо дод:

Эй нигори нозанин,

Як дам ба паҳлуям нишин.

Аз он лабон бӯса бидеҳ,

Дили маро ғусса мадеҳ.

Эй ёри ман,

Дилдори ман.

Соли 1958 як гурӯҳ устодони санъати Тоҷикистон Акашариф Ҷӯраев, Рена Ғолибова, Аҳмад Бобоқулов, Туҳфа Фозилова, Абдулло Назриев, Барно Аҳмадова, Аъзам Камолов, Аъло Аълоев ва Ансамбли тарона ва рақси «Помир» бо роҳбарии Ғуломҳайдар Ғуломалиев ба Афғонистон сафари ҳунарӣ доштанд. Ин суруд он ҷо низ садо дод ва мардуми санъатдӯсти афғон сурудро хеле хуб пазироӣ карданд.

Роҳбарии гурӯҳро Меҳрубон Назаров  ва Абдусалом  Деҳотӣ ба уҳда доштанд.

Ба овозхони машҳури афғон устод Хаёл ин суруд маъқул шуд ва онро ба репертуари худ дохил намуд. Баъдтар ин сурудро сарояндаҳои машҳури Афғонистон Аҳмад Зоҳир, Сорбон, Рухшона, Афсона, Залонд ва дигарҳо иҷро карданд. Дар Тоҷикистон бошад, суруди «Аз он лабон бӯса бидеҳ»-ро қариб, ки аксари санъаткорон сароиданд.

Мутаассифона, на ҳама медонанд, ки муаллифи ин суруд ва дигар таронаҳои зикршуда шоири шинохтаи тоҷик устод Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз мебошад.

Боиси ифтихори мо — тоҷикон аст, ки баробари дигар сарояндаҳои машҳури Афғонистон, булбули Машриқзамин Аҳмад Зоҳир низ аз эҷодиёти устод Қодирӣ сурудааст.

Устод Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз ба саволи банда чунин ҷавоб дод:

- Бояд гӯям, ки Аҳмад Зоҳир ду сурудамро месароид. Яке «Аз он лабон бӯса бидеҳ» ва дувумӣ «Аввалин ишқам ту будӣ».

Ман таи солҳои 1963-1965 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон чун афсар хизмати ҳарбиро ба ҷо меовардам. Санъаткорони афғон устод Хаёл, Залонд, Рухшона, сароянда Аввалмир, шоир Вола ва навозандаи чирадасти рубоби афғонӣ Муҳаммадумар соли 1964 бо барномаи консертӣ ба шаҳри Ашқобод омаданд. Ҳамдиёри мо Артис­ти хизматнишондодаи РСС Тоҷикис­тон Алиризо Рамонқулов чун роҳбар, тарҷумон ва барандаи консерт онҳоро раҳнамоӣ мекард.

Хаёл, Залонд ва Рухшона маро пештар мешинохтанд. Ман дар консерташон иштирок доштам ва дар тан либоси ҳарбӣ пӯшида будам. Пас аз суҳбат бо онҳо донистам, ки суруди «Аз он лабон бӯса бидеҳ» дар байни мардуми афғон хеле машҳур аст.

Хонум Рухшона маро дар либоси ҳарбӣ дида, бо ҳайрат ба устод Хаёл гуфт:

- Бубинед, Қодирии шоир афсар шуда…

Чанд рӯзе, ки онҳо дар шаҳри Ашқобод буданд, ҳамроҳашон суҳбат доштам. Хонум Рухшона изҳор намуд, ки бо фурсати муносиб ба Тоҷикистон низ сафар хоҳанд кард ва аз ман телефони кор ё хонаро пурсид. Ман он солҳо дар хона телефон надоштам. Ӯ ҳайрон шуда: «Наход чунин як шоири волои суруднавис дар Иттифоқи Советӣ истиқомат карда, чизи одитарин — телефон надорад!

Оғои Залонд аз ман пурсид, ки шеър ё суруди нав эҷодкарда дорам? Ман ду суруди навамро рӯйнавис карда, ба вай додам. Яке «Аввалин ишқам ту будӣ» ва суруди дувум «Нури ду дида» буд.

Аҳмад Зоҳир тавассути Залонд ин сурудҳоро гирифта, ба оҳанг даровардааст. Вале тақдири суруди дувум – «Нури ду дида моро санҷида» норавшан аст. Ҳамин қадар медонам, ки ин ду сурудро Залонд месароид. Дар Тоҷикистон ин сурудро Иқболой Нозимова иҷро мекард.

Нури ду дида,

Марав ранҷида,

Маро нодида.

Ба дил меҳри ту ҷо кардам, азизам,

Ба ҷони худ ҷафо  кардам, азизам.

Муяссар чун  нашуд бар ман висолат,

Зи ҳиҷрат нолаҳо кардам, азизам…

Рена ГолибоваТақдири суруди якум – «Аввалин ишқам ту будӣ»-ро дӯстам Ғулом Ашӯр аз ноҳияи Ёвон ба ман нақл кард. Ӯ ҳамон солҳо дар Афғонистон чун тарҷумон кор карда, дар яке аз консертҳои Аҳмад Зоҳир иштирок дошт. Вақте ки баранда номи маро мегирад, Ғулом Ашӯр аз ҷо хеста, аз хурсандӣ қарсак мезанад.

Пас аз консерт Аҳмад Зоҳир аз барандаи консерт мепурсад, ки чаро он мард пеш аз оғози суруд қарсак зад.

Чун мефаҳмад, ки мард ҳамдиёри муаллифи суруд Абдуллоҳ Қодирӣ мебошад, пас аз консерт Ғулом Ашӯрро наздаш даъват карда мегӯяд:

- Устод Қодирӣ сиҳату саломат ҳастанд? Салому пайғоми маро ба он кас расонед. Агар аз шеъру ғазалиёташ ба ман фиристонад, шод мешудам. Мехоҳам, ки минбаъд низ ба шеъру суруд­ҳои устод Қодирӣ оҳанг баста, сароям.

Баъди ин қиссаи Ғулом Ашӯр изҳор намудам, ки охир ман шеърҳоро ба Залонд дода будам.

Он солҳо мардуми тоҷик мухлиси Хаёл, Залонд, Ношинос ва Сорбон буданд. Аҳмад Зоҳир бошад, ба шоҳроҳи санъат нав қадам гузошта буд.

Дар бозгашт дӯстони афғонам суратҳояшонро бо соядаст ба ман тақдим карданд. Ҳам устод Хаёл, ҳам Залонд ва ҳам хонум Рухшона. Бо мурури солҳо суратҳои ёдгорӣ бо ҳар роҳ аз бойгониам берун шуданд. Танҳо сурати хонум Рухшона монд, ки дар пушти он бо ҳуруфоти форсӣ соядаст навиштааст:

«Хотираи ҳаётамро барои Абдуллоҷон ба таври ёдгорӣ тақдим менамоям, то онро дида, маро фаромӯш накунад.

Бо эҳтиром

Ҳамидаи Мирварзии Рухшона».

Устод Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз 23 майи соли 2009 вафот карданд. Сурати Рухшона бо соядаст дар дасти ман монд. Фурсати муносибро меҷустам, ки аз ин хусус чизе нависам.  Писари устод — Сиёвуш суратро бозпас нагирифт ва гуфт, ки шояд дар оянда аз ин хусус чизе нависед. Ҳамин тавр ҳам дар солгарди зодрӯзи устод Қодирӣ мавод бо сурат омода шуд.

Бигузор дар солгарди зодрӯзаш боз як нишонаи дӯстии эҷодкорони Тоҷикистону Афғонистон, баъди ним аср ҳам бошад, ба хонандагон — мухлисони шеъру суруд пешкаш  гардад.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»

 Дар сурат: Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз ва сурати ёдгории хонум Рухшона бо соядаст, соли 1964.