Ҳамкори мо Шарофат Абдулвоҳидова барои баҳраманд гардидани дӯстдорони каломи бадеъ дари ҳикматсароеро кушодааст, ки хеле арзишманд аст. «Ҳикматсарои зиндагӣ» унвони китоби наваш аст, ки дар тасвири болои муқоваи он дасти модар пардаеро мекушояд ва манзараи сабзу хуррам пеши назар ҷилвагар мешавад. Бале, модарон чароғи хонадону рӯзгоранд, роҳбару роҳнамоянд ва муаллиф китобашро ба модари меҳрубонаш Марҳабо бахшидааст.
«Ҳикматсарои зиндагӣ» аз ҳикоёти ҷолибу пандомези адабиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла нависандагони маъруф О. Генри, Ги де Мопассан, Антон Чехов, иборат аст, ки Шарофат онҳоро тарҷума кардааст. Барои тақвияти суханҳо як ҳикоятеро аз китоб меорем ва бовар дорем, ки таваҷҷуҳи хонандагонро ҷалб мекунад:
«Падару писар аз байни кӯҳҳо мегузаштанд. Писарбача ба санг пешпо хӯрду афтод ва дод зад:
- Вой!!!
Он гоҳ аз куҷое аз паси кӯҳ садое шунид:
- Вой!!!
Кунҷковӣ ва ҳисси тарс писаракро фаро гирифта, фарёд зад:
- Дар он ҷо кист?
Ҷавоб гирифт:
- Дар он ҷо кист?
Ба ғазаб омада фарёд зад:
- Тарсончак!
Боз ҷавоб омад:
- Тарсончак!
Писарак ҳайрон шуда, ба падараш нигариста пурсид:
- Падарҷон, ин чист?
Мард табассумкунон, ба ҷои ҷавоб, дод зад:
-Писарам, ман туро дӯст медорам!
Овоз ҷавоб дод:
-Писарам, ман туро дӯст медорам!
Мард боз бо садои баланд гуфт:
- Ту беҳтаринӣ!
Овоз ҷавоб дод:
- Ту беҳтаринӣ!
Ҳайрати кӯдак боз зиёдтар шуда, ба чизе сарфаҳм нарафт. Он гоҳ падар ба ӯ фаҳмонд:
- Одамон онро «акси садо» меноманд, аммо дар асл ин ҳаёт аст. Ҳама чизеро, ки мегӯеду мекунед, боз бармегардад.».
«Алафҳои бегона», «Арзиши пули коғазӣ», «Дарси ҳаёт», «Марги мансабдор», «Кӯза ва об», «Пашша ва занбӯри асал», «Ҳариси зар» ва дигар ҳикоёти маҷмӯа низ ибратомӯзанд. «Ҳикматсарои зиндагӣ» дар нашриёти «ЭР-граф» бо сифати баланд чоп шудааст.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»