Инсон дар баробари сармояи моддӣ ба ганҷинаи маънавӣ низ ниёз дорад. Ба таъбири дигар, инсон ҳамин гӯшту пӯсту устухон нест, балки вуҷуди ӯро каромату шарофат, иззату эътибор, меҳру ишқ, самимияту рафоқат, имону ихлос, донишу ҳикмат зинат медиҳад. Одамизода аз рӯзе, ки худро шинохтааст, парвози маънавии ӯ ҳамеша ба сӯи зебоӣ, доноӣ ва некуӣ будааст. Ҳамин се асл боиси ба вуҷуд омадани мусиқӣ, муҷассамасозӣ, шеър, меъморӣ, риёзӣ, ахтаршиносӣ, хулоса эъҷозҳое гашта, ки ба зиндагии мо рангу бӯ мебахшанд.
Ҳар чизе, ки дар олам вуҷуд дорад дорои сифат мебошад. Ситораҳо, абрҳо, кӯҳҳо, сангҳо, дарахтҳо, буттаву гиёҳҳоро мо бо сифатҳои хосашон мешиносем. Ҳар яки онҳо дар зиндагӣ рисолате доранд, кореро анҷом медиҳанд, ки барои он офарида шудаанд. Аммо мақоми бузурги инсонии мо дар он аст, ки дорои сифатҳое худоӣ ҳастем ва ин сифатҳо исми мо низ ҳастанд: карим, раҳим, ҳалим, рауф, собир, самеъ. Ин исму сифатҳо дар зоти мо вуҷуд доранд. Вақте ба ҳадди худшиносӣ мерасем, онҳоро аз ботини худ пайдо мекунем ва барои ба камол расидану рисолати инсонии худро анҷом додан, аз онҳо истифода мебарем.
Ҳилм ва тааннӣ ду гавҳаре ҳастанд, ки дар тарбияти нафси инсонӣ ва камоли ахлоқии мо нақши бузург мебозанд.
ҲИЛМ
Мафҳумҳои оҳистагӣ, бурдборӣ, нармдилӣ ва мулоимат, ки ҳилм таъбир мешаванд, барои ҳар инсон муфид ҳастанд. Аз назари ҷомеашиносӣ ҳилм нигоҳдорандаи саломатӣ, таъминкунандаи амнияти моливу ҷонӣ, ахлоқиву равонӣ дар хонавода ва ҷомеа мебошад.
Ҳар инсоне барои расидан ба ҳадафи олии худ ба ҳилм, яъне бурдборӣ, ниёз дорад. Одами бурдбор дар баробари ҳар гуна зуҳуроти манфӣ худро идора карда метавонад. Масалан, ҳангоми ғазаб хашмашро фурӯ мебарад, оқибати корашро андеша мекунад. Ҳангоми ба коре тасмим гирифтан саросема намешавад, хубу бади ҳар кореро дар тарозуи ақл бармекашад. Дар баробари ҳар гуна тундхӯӣ нармдилӣ нишон медиҳад, яъне бо рафтору гуфтори худ ба дигарон намунаи ибрат мешавад.
Бузургони илму ҳикмат ва адаби мо ҳамеша ҷойгоҳи ҳилмро дар зиндагӣ таъкид кардаанд. Масалан, хирадманде фаросат, донишу фаҳмиши писарашро имтиҳон карда, мепурсад:
- Ҳилм чист?
Ӯ посух медиҳад:
- Ҳилм фурӯ бурдани хашми хеш аст.
Касе, ки хашмашро фурӯ бурда метавонад, дар анҷом додани корҳо саросема намешавад, аз ифроту тундравӣ парҳез мекунад, бо хушномӣ ва рафтори ҳамида дар байни мардум зиндагӣ менамояд, ӯро ҳалим мегӯянд.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар байте мефармояд:
Теғи ҳилм аз теғи оҳан тезтар,
Бал зи сад лашкар зафарангезтар.
Бурдборӣ инсонро ба мақсад мерасонад. Агар лашкаре барои ба душмани худ ғолиб омадан қурбонии фаровон диҳад ва бо ҷаҳду талоши беандоза ба зафар ноил гардад, инсони ҳалим бо бурдбориву оҳистагӣ ба мурод мерасад. Дар тасвири Мавлоно теғи ҳилм аз теғи шамшер тезтару бурандатар аст.
Ҳар инсоне бояд дорои ганҷинаи маънавӣ бошад ва чароғе, ки ин ганҷро мунаввар месозад, ҳилм аст. Агар ин чароғ вуҷуди моро равшан насозад, мо роҳро гум мекунем, ба сӯи ғафлат меравем. Далели ин андеша он аст, ки солҳои охир талоқ дар миёни оилаҳои ҷавон хеле афзудааст. Омори хонавайронӣ дар байни онҳо нигаронкунанда аст. Сабаби асосии ин кор сабукфикрӣ буда, ҷавонон аз худ бурдборӣ нишон намедиҳанд, ба ҳамдигар гузашт намекунанд, оқибати корро намеандешанд. Агар ҳилм дар дили онҳо ҷой дошта бошад, хештандор мешаванд, ҳамдигарро мебахшанд.
Аз мисоли боло равшан мегардад, ки ҳилм ба инсон шараф ва иззат медиҳад. Мо танҳо тавассути бурдбориву шикебоӣ метавонем айбҳоямонро пӯшонем, аз ахлоқи бад, ҷаҳолат ва аз гумроҳӣ худро наҷот диҳем.
Ғуломризо Муҳаммадӣ шеъри хубе дар бораи ҳилм дорад:
Аз сукути содаи як санг,
Аз шикеби шавкати як кӯҳ,
Бурдбориро биёмӯзем…
Мавҷ-мавҷи ин кавири тафта тӯфонист,
Об бе хуни ҷигар дар дашт ҷорӣ нест…
Зиндагӣ корези ин саҳрост,
То барояд боғ, то бирӯяд сарв, то бирақсад бед,
То қанорӣ баркашад шӯри ғазалхонӣ.
Зистану растан аз они мост
В-андар ин гулшан гулафшонӣ…
Бурдбориро биёмӯзем.
ТААННӢ
Калонсолон ба хурдсолон вақте кореро мефармоянд, мегӯянд: саросема нашав, корро бо тааннӣ анҷом деҳ! Ё таъкид мекунанд: сад бор чен куну як бор бур! Пирони рӯзгордида ҳикмати таанниро аз ҳаёт омӯхтаанд, фоидаву зарари онро таҷриба кардаанд.
Тааннӣ дар луғат маънии оҳистагӣ, диранг кардан, ба таъхир андохтан, сабр ва бардоштро дорад. Ҳамчунин, мафҳумҳои виқор ва матонат низ ба тааннӣ рабт доранд.
Дар китоби «Ғурур-ул-ҳикам ва дурр-ул-калам» таъкид шудааст: «Пайванд деҳ шитобатро ба тааннӣ ва сатвату виқори худро ба нармӣ ва шарри худро ба хайру некуӣ ва ақлу хирадро дар баробари ҳавову ҳавас ёрӣ деҳ, то хирадманд шавӣ». Бо ибораи дигар, шитобзада бошем, дар анҷоми кор аз худ виқору матонат нишон надиҳем, ба нармӣ ва хайру некуӣ рӯ наорем, бандаи ҳавову ҳавас бошем, ба кӯи мурод намерасем.
Ба тааннӣ анҷом додани корҳо маънои онро надорад, ки ҳар вақте хостем амалеро сомон диҳем ва ҳар вақте нахостем, раҳояш кунем. Барои равшан гаштани мавзӯъ мисол меорем. Соли 1501 ба пайкаратароши машҳури итолиёвӣ Майкл Онж супориш медиҳанд, ки дар майдони марказии шаҳри Флоренсия муҷассамаи Довуди набиро гузорад. Ӯ аввал санги мармари муносиберо интихоб мекунад, сипас онро ба майдони марказии шаҳр меорад ва чор сол ба тарошидани пайкараи Довуд машғул мешавад. Рӯзи пардабардорӣ аз рӯи муҷассама ҳазорон нафар дар майдон ҷамъ меоянд ва чашмашон ба шоҳкори беназире меафтад, ки то ин замон надида буданд. Вақте аз Майкл Онж дар бораи чӣ гуна офаридани муҷассама пурсон мешаванд, мегӯяд: «Чор сол бурдборона кор кардам. Давру бари Довудро, ки дар санг пинҳон буд, аз чизҳои нолозим тоза намудам, он гоҳ симои ӯ пайдо шуд».
Ҳайкали Довуд имрӯз низ побарҷост ва яке аз шоҳкориҳои муҷассамасозии ҷаҳон аст.
Дар дунё чизе ба вуҷуд омадан замон ба камол намерасад. Ин ҳақиқатро дар мисоли дарахт мушоҳида карда метавонем. Тухми дарахт дар хок соати мусоидро интизор мешавад, то қомат кашаду ниҳол шавад. Солҳо мегузаранд, ки он ниҳол дар натиҷаи парвариш ба дарахт мубаддал гардаду самар орад. Табиат барои ба вуҷуд овардани чаманҳову бешазорон шитоб намекунад, балки бо тааннӣ ва аз рӯи қонунҳои ба худ хос амал менамояд. Дар ҳар коре, ки тааннӣ вуҷуд надорад, парешониву бебандуборӣ ҳоким мешавад.
Арнолд Глосу дар мавриди тааннӣ мефармояд: «Калиди ҳама корҳо бо тааннӣ амал кардан аст. Шумо чӯҷаро бо сабр кардан аз тухми мурғ ба даст оваред, на бо шикастани он». Оре, ҳамчуноне ки тухми шикаста чӯҷа намедиҳад, корҳои оҷилонаву нимкора анҷомдода, бенатиҷа аст.
Сифати тааннӣ дар худ виқор ва пойдориро низ муттаҳид месозад. Масалан, ҳеҷ инсоне якбора, худ ба худ, дар як лаҳза деҳқон, муаллим, олим ё муҳандис намешавад. Барои расидан ба онҳо бояд заҳмат кашад, таҷриба омӯзад, аз худ виқору пойдорӣ нишон диҳад, то оқибат ба пешаи интихобкардааш мушарраф гардад. Ҳамин тавр, тааннӣ ва оҳистагӣ дар кирдор ва шитоб накардан дар анҷоми корҳо инсонро аз сустӣ ва изтироб дар амон нигоҳ медорад. Аз ин бармеояд, ки тааннӣ ба саломатии рӯҳиву равонии одамон низ таъсиргузор аст.
Вақте ба сифати тааннӣ амиқтар меандешем, ба хубӣ дарк мекунем, ки он ба ду сифати дигар — оромиш ва ҳилм тобеъ аст. Ин ду хислат дорои қуввате ҳастанд, ки эҳсосоти одамонро ба таври муътадил нигоҳ медоранд.
Саъдӣ дар боби панҷуми «Гулистон» менависад: «Шабе ёд дорам, ки ёре азиз аз дар даромад. Чунон бехуд аз ҷой бархостам, ки чароғам ба остин кушта шуд. Биншаст ва итоб оғоз кард, ки маро дарҳол бидидӣ ва чароғ бикуштӣ». Яъне, инсон вақте оромишро аз даст медиҳад, кору рафтораш халал мепазирад ва на танҳо ба худ, балки ба дигарон низ озор мерасонад. Аз ин ҷост, ки дар ҳар коре тааннӣ варзидан хуб аст. Азизе фармудааст: «Касе, ки ба тааннӣ кор мекунад, муваффақ аст, агарчӣ дар ин роҳ ба ҳалокат расад».
Аз ин бармеояд, ки дар вуҷуди хеш парвариш кардани сифатҳои ҳамида хеле муҳим аст. Ин сифатҳо боис мешаванд, ки мо парвоз ба сӯи зебоӣ, доноӣ ва некуиро таҷриба кунем. Рисолати инсонии худро шиносем ва барои чӣ ба дунё омаданамонро дарк намоем.
ВОРИС,
«Садои мардум»