Хушбахти Ҳайдаршо, дар радифи равшанфикрони содиқи Ватан ибтидои солҳои 90 — уми асри гузашта, бо қаламфарсоии беназир ва сарсупурдагии касбӣ бунёди журнализми публитсистиро дар шароити нав гузошт. Хусусияти нигориши Хушбахти Ҳайдаршо сода ва ҷавобгӯйи замон буд, масъалагузориҳои бомаврид ва вокуниш ба ҳодисаҳои пурталотуми даврони тоза ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистонро бо такя ба тафаккури ноби шарқшиносӣ бозгӯйӣ мекарданд. Аз донишҳои фарохи дипломатӣ, сиёсӣ ва улуми тарҷумонӣ бархӯрдор будану сафарҳои дурудароз ба кишварҳои хориҷӣ ҷаҳонбинии Хушбахт Ҳайдаршоро аз ҳамкасбони ҷавонаш мутафовиттар ҷилва медод. Падидаи нодири ин навъи публитсистика на танҳо роҳи ҳалли бурунрафти проблемаҳои доғи ҷомеаро рӯнамоӣ мекард, балки тақдири муаллифони чунин матолиби тадқиқоти журналистиро ҳам бинобар буҳрони фарогири иҷтимоӣ-сиёсӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ менамуд.
Чун Хушбахт Ҳайдаршо дар кишварҳои араб, таҷрибаи мушовирӣ ва мутарҷимӣ андӯхта буд, шинохти комили равандҳои диникунонии ҷомеа ӯро ба хулосае вогиронд, ки роҳи халосии ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли сотсиалистӣ танҳо сохти дунявият ва пешрафти бесобиқаи илмӣ-техникӣ мебошад.
Ин тарзи тафсири масоили сиёсӣ, бо он ки ғайриқолабӣ ва навгонӣ маҳсуб мешуд, ба доираҳои манфиатдори хурофотпараст чун устухон дар гулӯ буд, зеро онҳо барои мутлақандешӣ ва ҳамсонсозии андешаи миллӣ тадбирҳои хатарнок меандешиданд. Рақиби бедордил Хушбахт ба сони марди мубориз гули сари сабади маҳфилҳо оид ба худшиносии рӯ ба рушд маҳсуб меёфт.
Як хусусияти муҳими услуби нигориши Хушбахти Ҳайдаршо ҳақиқатнигориаш буд. Воқеаҳои рухдодаро бо як санъати тасвири бемислу монанд рӯйи коғаз меовард ва хонандаро мафтун мекард.
Ин журналисти шинохта дар ҷомеа дӯстони содиқ ва табиист, мисли ҳар нухбаи масири ҳунар, рақибони оштинопазир дошт. Мардум ба сурати муштарак аз навиштаҳои Хушбахти Ҳайдаршо истиқбол мекарданд. Вале қувваҳои навзуҳури ба ном «оппозитсионӣ» ба ҳар навъе садди роҳи Хушбахт мешуданд. Ин ҳалқаҳои муфсид ва мансабдӯстони ашаддӣ интиқоди Хушбахтро ба гунаи душманӣ унвон карда, барои зеҳниятсозии афкори омма бар зидди ӯ корҳои пинҳониро оғоз намуданд. Мардуми қадрдони тоҷик, то вақте имкон даст медод, сипари Хушбахт ва нигоштаҳои ӯ буданд. Ҳамин зикри хайр ва поси хотир аст, ки номи инсонҳои соҳибэҳтиром ва баобрӯро бо мурури даҳсолаҳо зинда ва равшан нигоҳ медорад.
Барҳақ, инсони комил қутбнамои роҳи ҳақиқат ва солики масири зиндагист. Бар номулоимоти рӯзгор Хушбахт Ҳайдаршо дари оштӣ надошт. Сиёҳро сиёҳ ва сафедро сафед мегуфт. Мавқеъгирии созгор ба манфиати миллӣ дошт. Ба вақти худ ва дигарон арҷ мегузошт. Аз зумраи он нухбагони соҳаи журналистика буд, ки дар муҳити аҳли қалам бо росткорӣ ва фидокории беандоза ном баровардаанд.
Хушбахт Ҳайдаршо дар деҳаи дурдасти Ускроғи ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна бо баҳои аъло, ба яке аз машҳуртарин муассисаҳои таҳсилоти олии давр — шуъбаи забони арабии факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро бомуваффақият хатм менамояд. Он замон барои ҷавононе мисли Хушбахт, ки ташнаи озодии фаъолият ва эҷодиёт буданд, имкониятҳои зиёде ба вуҷуд омада буд. Ба сони «Машриқи сад офтоби маънавӣ» (Мавлоно), Хушбахт Ҳайдаршо чун ҷилваи нури маърифати тобнок дурахшид. Шабеҳи нависандаи озодманиш Хушбахт қолабҳои зеҳниро дуртар аз фаросӯи расмӣ бурд, барои атрофиён фурсати изҳори гузинаи ҷавонмардиро дод.
Чун меҳандӯсти асил, ҷашни Истиқлолияти давлатиро ҳамчун муқаддасоти миллӣ пазируфт ва барои ҳифзи армонҳои асили ватанхоҳӣ бархост. Яке аз номдортарин журналисти соҳаи жанри публистика буд. Дар ҳамин давра китобе бо номи «Сиёҳ ва сафед» дар бораи аввалин журналисти тоҷик — муҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Н. Абдуллоев таҳия кард ва ба нашр расонд. Дар ҳошияи ин китоб дар бораи риёкории ходимони хурофотпараст таҳлилҳои воқеӣ дошт. Солҳои 90 — ум ҳамчун котиби масъули рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») бо қалам ва қадам мардонавор дар муқобили қувваҳои иртиҷоие, ки Ватанро ба нобудӣ мебурданд, меистод. Лаҷомгусехтаҳо ва боқимондаҳои қишри вопасгарои қуруни вустоӣ дар он солҳои наҳс ӯро ба тахаллуси «журналисти коммунист», «бадтарин хабарнигор» ноҷавонмардона ва беадолатона ном мебурданд. Намедонистанд, ки гусастани риштаи умри нависандагони нобиға ҳаргиз ва ҳаргиз осон нест, ҳарфу суханҳои ноби аз умқи санг сайқалёфта ва ба дили мардум ҷойёфта, хотираи Хушбахт баринҳоро ҷовидона нигоҳ медорад. Хушбахт аз зумраи касоне буд, ки сар медиҳанду сангар не.
Чун бо истодагарии Х. Ҳайдаршо муқобилат карда натавонистанд, гумроҳони аср 19 — уми майи соли 1994 назди хонааш дар шаҳри Душанбе ӯро куштанд. Омилони куштор аъзои ҳизби мамнуи террористии наҳзат, ҷоҳилони шуурӣ буданд.
Рӯҳи поки Хушбахт дар Ватан парвоз мекунад, вале доираҳое, ки дар қатли ӯ даст доштанд, ҳама бенавоянду ғурбатнишин. Ин аст, қонуни нонавиштаи зиндагӣ. Ин аст, қонуни подоши амал.
Куфр аст дар тариқати мо кина доштан,
Оини мост сина чу оина доштан.
Салим ШЕРОВ, журналист