«Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад».
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 3, зербанди 6)
Имло рукни асосии нигориш буда, онро як бахши махсуси забон — орфография ба низом медарорад. Набудани меъёри ягонаи имло ташвиши муҳаррирон, ноширон дар таҳриру тасҳеҳ, омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷикро дар таълим (санҷиши иншою диктант, тафтиши дафтар) зиёд гардонда, мушкилоти равониро ба бор меорад. Дарвоқеъ, ин мушкилотро касе эҳсос карда метавонад, ки ба он сарукор дорад. Он на танҳо омӯзгорон, ноширон, муҳаррирон, балки аҳли эҷодро низ нороҳат месозад. Мусаллам аст, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикиро дар асоси алифбои кириллӣ таҳия ва муқаррар карда буданд ва хати кириллӣ ҳар як овоз, аломат ва ифодаи ҳарфӣ дошта, ба табиати забони тоҷикӣ нисбат ба хати арабӣ созгортар аст.
Рӯзномаю маҷаллаҳо сарчашмаи боэътимоди омӯзиши забони модарӣ ба шумор мераванд, вале риоя накардани имло дар онҳо роиҷ гаштааст. Бисёриҳо шакли нодурусти навишти калимаҳоро маҳз дар рӯзномаю маҷаллаҳо, шиору овезаҳо мехонанд, ки он дар зеҳн ба ҳамин минвол шакл мемонад.
Имло риоя намешавад, мантиқ чӣ? Ҳангоми сохтани воҳидҳои забон, аз ҷумла ибораю таркибҳо, ончунон эҳтиёткор бошем, ки ибораҳо маънои комили мантиқӣ пайдо кунанд. Хатоҳои мантиқӣ мазмуни лавҳа, шиору овезаҳоро мекоҳонанд:
Чаро Балҷувон – Бале ҷавон шуд? Аввалан, дар фарҳанги гузаштагони мо чунин тарзи номгузориҳо, ки аз ҳиссачаи тасдиқӣ ва исм номи маҳал гузорем, вуҷуд надорад. Дувум, ин «тадқиқот» маҳсули зеҳнии кадом забоншинос — этимолог аст, ки пайдоиши ин топонимро ба ин шакл муайян кардааст. Маълум, ки ин аз заъфи этимологии мост.
«Посуда аз Дубай, Туркия, Хитой». Мо бо сӯзу эҳтиром ба забони модарӣ мегӯем. Оё дар ин навиштаҷот эҳтиром ба забони тоҷикиро мебинед? Дар хазинаи луғавии забони тоҷикӣ калимаи хеле маъруфу серистеъмол «зарф» аст. Наход калимаи бегона ин мафҳуми зеборо аз истеъмол танг карда барорад. Ё ибораҳои амсоли «гулҳои зинда», «моҳи бирён», «Шаҳраки шифобахш», «барномаи ислоҳнигорӣ». Тасҳеҳ ислоҳ кардан аст, пас чаро «Барномаи тасҳеҳӣ» нагӯем? Ё худ, калимаи «олам» — ро маънои дигар бор кардем: «Олами чарх»-ҳо ва ё як ҷаҳон «олам» — и дигар. Қаблан, ин ифода дар як маврид «Олами китоб» истифода мешуд, ки тарҷумаи ибораи рехтаи русӣ аст ва як тобиши мантиқӣ дошт. Ин матлабҳои мантиқан хаторо мо ба сокинону тоҷикони берунмарзӣ беибо ташвиқ мекунем. Ақаллан, дар баъзе мавридҳо калимаи «толор» — ро истифода барем, мафҳумҳо – навиштаю овезаҳо бенуқсонтар мешуд: толори қолинҳо, толори пардаҳо, толори мизу курсӣ, толори чинивориҳо…
Дар бораи орфография ва аломатҳои китобатӣ эроди омӯзгорон зиёд аст. Аломатҳои баён, тире ва дефис, қариб, ки рисолати худро гум кардаанд. Онҳоро олим як хел мегузорад, омӣ хели дигар. Аломати баён, ки идомаи баёни фикр аст, гоҳо ба як фикри том, яъне ду ҷумла табдил меёбад. Мисол, вақте нуқта гузоштем, ифодаи баёни фикри том тамом мешавад. Дар мавриди мазкур дар як рӯзнома аломати баён гузошта шавад, дар рӯзномаи дигар нуқта гузошта мешавад, ки ҳолати духӯрагиро ба миён меорад ва аломати баён рисолати худро гум мекунад.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ба тасвиб расид. Он ба ҳукми қонун даромадааст, вале то ҳол пурра риоя намешавад. Гуногуннависӣ дар матбуот ва нашриёт гувоҳи ин аст.
Аз алифбо бардоштани ҳарфҳо ва аломатҳои русиасоси китобатии ба забони мо бегона — щ, ы, ц, ь хондану навиштанро осон кард. Дар баробари ин, бояд бо таассуф қайд кард, ки қаблан қоидаҳои қабулшудаи имлои забони тоҷикӣ барои ҳама нашриёту нашрияҳо, таълимгоҳҳо ва таълимгарон якхела буд ва омӯзгорро низ раҳгум намекард.
Дар дигар кишварҳо нозукиҳои забонашонро ҳифз мекунанд, махсусан дар навишти номҳо, чунки ҳар як овоз ё ҳарф метавонад маънои луғавии калимаро дигар кунад. Онро дар дигар кишварҳо хуб риоя мекунанд. Масалан, Кирилл, Маршалл Ҷенс. Агар Маршаллро бе ташдид нависем, маънои луғавии ном дигар мешавад. Дар забони мо ҳам ин ҳолат хеле нозук аст: Масалан, ҳаммом — ҷои шустушӯи бадан, ҳамом — кабӯтар.
Ҳарчанд ки имло 6 маротиба таҳрир ёфт, то ҳанӯз ба таври комил мушаххас нашуд. Духӯрагиҳо ва «чаро» — ҳо бисёр шуд, ки дар рушди забон мушкилот эҷод карда, кори муҳаррирон ва ноширонро душвор мекунад.
Умед дорем, ки дар оянда меъёри имлои забони тоҷикӣ ҳамчун як ҷузъи фарҳанги байналмилалӣ ҳифз шуда, нуқсонҳои аз бетарафӣ, беаҳамиятию худсариҳо сарзада бартараф гардида, забони давлатии Тоҷикистон таровати тоза касб мекунад.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»