Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 бесабаб набуд. Зеро ҳунарҳои мардумӣ қариб аз байн рафта, маҳсули дасти гузаштагон ва тарзи пӯшидани либосҳои қадима танҳо дар осорхонаҳо, филмҳои ҳуҷҷатӣ ва ҳунарӣ боқӣ монд.
Ҳастанд коргардон ва рассомони кино, ки қисме аз либос ва ороишоти занонаро дар филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатӣ истифода карда, ба ин васила то имрӯз расонидаанд. Мо ҳоло филмҳои ҳунарии «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Писар бояд зан гирад», «Хати парвоз», «Достони Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб», «Субҳи нахустини ҷавонӣ», «Ҷӯра – шикорчӣ аз Минархар», «Кафорат», «Дарди ишқ», «Туҳмат» ва ба ин монандро тамошо карда, либосҳои шинам, тоқиҳои чоргули ироқӣ ва чустӣ, ҷомаҳои беқасабу зарбоф, гӯшвору дастпона ва гарданбандҳои зебои занонаро дида, фахр мекунем. Афсӯс, ки маҳсули дастони заргарону атласбофон, бофандаву дӯзандаҳо, устоҳои чӯбтарошу созтарош қисман дар санъати кинои тоҷик боқӣ мондаасту халос.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар (19 марти соли 2018) ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз доштанд, ки: «Дар осори ҳунарии мардумии тоҷик аз қадим нақшунигори нафис мавқеи асосӣ дошта, таассуроти ғании онҳо, ки асосашро табиати зебои Тоҷикистони биҳиштосо ва завқи баланди фарзандони ҳунармандаш ташкил медиҳад, дар чӯб, санг, гаҷ, деворнигора, матоъ ва монанди инҳо бо маҳорати хос ифода шудаанд.
Дар маҳсули дасти мисгарон, заргарон, кулолгарон, читгарон, бофандагон, чеварон, созтарошон ва дигар ҳунарҳои роиҷ намунаҳои рангубор ва нақшунигореро дидан мумкин аст, ки ҷанбаи қадимаи таърихиву фарҳангӣ дошта, дар айни замон бо осори маънавии шифоҳиву хаттии халқ пайванди мустаҳкам доранд».
Бештари ҳунарҳои мардумӣ ва ороишоти занона танҳо дар филмҳои бадеии истеҳсоли киностудияи «Тоҷикфилм» ва қисман киностудияҳои ҷумҳуриҳои бародарӣ ба назар мерасанд. Кино аз навъҳои санъатест, ки эҷодкорон аз тамоми санъат — ороиши занона, зару зевар, гӯшвора, гарданбанд, либосҳои гуногун ва нафиси занона, тоқиҳои мардонаю занона, ҷиҳози арӯсӣ, ороиши хона, кошинкорӣ, устохона, дастгоҳҳои кулолӣ, наққошӣ ва ғайра моҳирона истифода мекунанд. Дар ин самт рассоми таҳиягар ё рассом оид ба сарулибос нақши асосӣ дорад, зеро онҳо аз рӯйи сенария эскизҳо кашида, ба қаҳрамонҳои филм либоси шинам мефармоянд. Албатта, ҳар эҷодкор дар таҳияи филм нақши муҳим мебозад, аммо дар ин маврид вазифаи рассоми сарулибос дар мадди аввал меистад.
Агар аз хусуси таҳияи филмҳои бадеӣ, инъикоси ҳунарҳои мардумӣ ва мавқеи рассоми таҳиягар ё рассоми сарулибос нависем, он хеле доманадор хоҳад шуд. Аз ин рӯ, барои намуна чанд филм ва рассомони киноро интихобан мавриди таҳлил қарор медиҳем. Филми ҳунарии мусиқӣ — мазҳакавии «Ман бо духтаре вохӯрдам» (режиссёр Р. Я. Перелштейн, рассомон Ю. Волчанетский ва Н. Ефанова, соли 1957). Дар он либосҳои зебои занона ва мардонаро дар мисоли қаҳрамонҳои асосии филм Лола (Р. Акобирова) ва Саид (Ҷ. Саидмуродов) мебинем. Ҳар ду дар сар тоқиҳои чоргули ироқӣ доранд. Саид бо ҷомаи беқасаб дар саҳна суруд мехонад. Лола бошад, дар тан куртаҳои зебои атлас, ки дӯхташон гуногун аст, дар кадр намудор мешавад. Дугонаҳояш низ либосҳои нафиси зебо ба бар карда, рақсу бозӣ мекунанд. Дар охири филм, дар саҳнаи умумӣ, низ ҳама бо либосҳои гуногун ва шинам мерақсанд. Муҳим он аст, ки баъди тамошои «Ман бо духтаре вохӯрдам» аксари ҷавонписарону духтарон ба либоспӯшии қаҳрамонҳои филм — Саид ва Лола пайравӣ мекарданд.
Саҳнаи сехи асбобҳои халқӣ низ бозгӯйи ҳунари созтарошон буда, оператори филм асбобҳои дар девор овехташударо бо навбат дар кадри кино нишон медиҳад.
Филми дигаре, ки бо ороиш, декоратсия ва сарулибоси қаҳрамонҳо солиёни зиёд диққатро ҷалб мекунад, «Қисмати шоир» (режиссёр Б. Кимёгаров, рассомон И. Шпинел, Д. Илёбоев ва К. Ефимов, соли 1959) мебошад. Агар тамошобин либосҳои Бону (С. Тӯйбоева), Нигина (Д. Қосимова), амир Наср Аҳмади Сомонӣ (Ш. Ҷӯраев), Рӯдакӣ (М. Орифов), Ҷунайд (Ғ. Ниёзов)-ро дар хотир дошта бошад, метавон гуфт, ки аҷдодон он солҳо чӣ гуна сарулибос ва ороишот доштанд. Масалан, пироҳан ва сарбанди малика Бону ё гарданбанди Нигинаи канизак. Ё тоҷи амир ва сипаҳсолор, ангуштарин ва ҷомаи Рӯдакӣ. Ҳама аз дастранҷи ҳунармандон буд, ки бо санъати баланд офарида шудаанд.
Дар баробари рассомон И. Шпинел ва К. Ефимов саҳми Довуд Илёбоев, ки ба дараҷаи Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон расид, дар филм хеле калон аст. Бояд қайд намуд, ки маҳсули заргарону гаҷкорон ва сангҳои ороишӣ, кандакорӣ дар чӯб ва санг, деворнигора ва либосҳои ҷангӣ дар силсилафилмҳо аз рӯйи «Шоҳнома» хеле хуб инъикос ёфтааст. Масалан, сарулибоси ҷангии Рустам (Б. Ватаев) ва Сӯҳроб (Ҳ. Гадоев) ё Гурдофарид (С. Исоева) ва Таҳмина (С. Норбоева) бо тахайюлоти бой ва рангин эҷод шудаанд. Он айём ҳунармандони халқӣ ё дарбори шоҳ аз сангҳои қиматбаҳо, мис, пӯст ва чарм хеле устокорона либос медӯхтанд. Ба хотир оред Рустами палангинапӯшро. Бозубанди таърихии Рустам, сипари Сӯҳроб ва корду шамшери ҷонситон низ маҳсули ҳунармандони он давр буд. Гурдофарид дар тоскулоҳ ва ҷавшан боз ҳам дилработар ба назар мерасад.
Дар ин силсилафилмҳо хизмати рассомони таҳиягар — Шавкат Абдусаломов ва Леонид Николаевич Шпонко хеле назаррас аст. Режиссёр ва рассомони ин силсилафилмҳо дар таҳияи филми ҳунарии «Достони Сиёвуш», соли 1976 таҷрибаи бештар ҳосил карда, дар сохтани шаҳри Сиёвушгирд ва пероҳану ороишоти занон, махсусан Судоба, қаҳрамонҳои дигар чун шоҳ Ковус, Сиёвуш, Рустам, Тӯс, Гев ва дигарон хеле заҳмат кашидаанд. Махсусан, қароргоҳи шоҳ Ковус аз чӯб ва хонаи хоби Судоба бо матоъҳои рангоранг ва нафис оро дода шудааст.
Барои кори хуби рассомӣ дар филми ҳунарии «Достони Сиёвуш» соли 1977 дар Кинофестивали умумииттифоқии шаҳри Рига ба рассомони таҳиягари филм Леонид Шпонко ва Шавкат Абдусаломов Диплом «Барои беҳтарин кори рассоми таҳиягар» тақдим гардид.
Филми ҳунарии «Духтари сеюм»- режиссёр Анвар Тӯраев ба ҳаёти усто Мухтори кулол бахшида шуда, дар баробари саҳнаҳои гуногуни зиндагӣ, инчунин санъати либоспӯшӣ, дӯзандагӣ ва наққошиву кулолгарӣ хеле васеъ инъикос ёфтааст. Он бо лаҳзае оғоз меёбад, ки рассомон – кошинкорон Гулнора (С. Исоева) ва Камол (Н. Ҳасанов) пештоқи яке аз биноҳои кинотеатрҳои собиқ шаҳри Сталинободро бо сангҳои гуногуни ороишӣ кошинкорӣ мекунанд. Дар саҳнаи дигар усто Мухтор дар сари дастгоҳ нишаста, аз гил табақ, чинӣ ва кӯза месозад.
Дар қисмати охири филми ҳунарии «Духтари сеюм» усто Мухтор ба синну солаш нигоҳ накарда, дар артели кулолгарӣ ҳамроҳи устоҳои ҷавон кор мекунад. Дар саҳнаи умумии артел яке кӯзаву табақ тайёр мекунаду дигаре ба онҳо нақшу нигораҳои гуногун ва диққатҷалбкунанда мепартояд. Наққошон бо камоли майл ба кӯзаву табақ зебоии дигар зам мекунанд.
Дар ин филм асосан ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди дӯзандагӣ, кошинкорӣ, кулолӣ ва наққошӣ хеле барҷаста тасвир ёфта, эҳтироми муаллифи сенария ва режиссёри филмро ба ин ҳунарҳо нишон додааст.
Режиссёр Муқаддас Маҳмудов низ ҳангоми таҳияи филми ҳунарии «Вақте ки осиёб бозмонд» ба урфу одат ва анъанаҳои гузаштагон такя карда, дар ҳамдастӣ бо рассоми таҳиягар Владимир Аннақулиевич Ортиқов аз либос ва гарданбанд, гӯшвораву дастпонаҳо васеъ истифода кардааст.
Дар оғози филм усто Зокир (М. Тоҳирӣ) зару зевар ва гарданбанди қиматбаҳо, ки аз зани марҳумаш мерос монда буд, аз сандуқча бароварда, нишон медиҳад…
Муҳаббат (Д. Умарова) ҳам дар хона ва ҳам дар кор гарданбанди зебое дорад. Тоқии чоргул ба ҳусни зебояш ҳусни дигаре зам мекунад. Вақте ки дар саҳна суруд мехонад, чашми тамошобин, пеш аз ҳама, ба гарданбанди зебояш меафтад. Ин, агар аз як тараф, ба қаҳрамонҳои филм зебу зиннат бахшад, аз тарафи дигар, эҳтиром ба урфу одат ва анъанаҳои гузаштагонро нишон медиҳад.
Тавре мебинем, дар ҳар филми истеҳсоли киностудияи «Тоҷикфилм» аз ҳунарҳои гуногуни халқӣ хеле самаранок истифода кардаанд.
Намунаи барҷастаи кулолгарӣ, деворнигораҳо, коркард дар рӯйи санг ва мису нуқра, дар чӯб ва гаҷ дар филми ҳунарии «Сароби ишқ»-и режиссёр Толомуш Океев, рассомони таҳиягар Рустам Одинаев ва Сергей Раҳмонқулов, истеҳсоли киностудияи «Қирғизфилм», «Тоҷикфилм» — СССР ва «Ганемфилм»-и Сурияи Араб, соли 1986 беш аз ҳама ба назар мерасад. Дар оғози филм устохонаи кулолгариро нишон медиҳанд. Мебинем, ки устоҳо бо чӣ заҳмат аз гили хом кӯзаву чинӣ ва табақҳои зебо меофаранд.
Усто (Ҳ. Нарлиев) ин ҳунари нодир ва аҷдодиро ба ягона писараш — Монӣ меомӯзонад ва лаҳзае, ки усто дар сари дастгоҳ ба кулолгарӣ машғул аст, Монӣ аз гил манора, қасру кӯшкҳои зебо сохта, ороиш медиҳад.
Яке аз комёбиҳои филми ҳунарии «Сароби ишқ» дар он аст, ки бештари саҳнаҳои филмро дар шаҳрҳои қадима – Димишқ ва Бухоро ба навор гирифтаанд.
Аз ҳама бештар ҳунарҳои мардумӣ ва ороишоти занона дар филмҳои ҳунарии «Писар бояд зан гирад»-и режиссёр Тоҳир Собиров, рассоми таҳиягар А. Вагичев, соли 1959, «Хати парвоз»- и режиссёр Тоҳир Собиров, рассом Довуд Илёбоев, соли 1971, «Субҳи нахустини ҷавонӣ»-и режиссёр Давлат Худоназаров, рассом Леонид Шпонко, соли 1979 ва силсилафилмҳои «Ҳазору як шаб»- и режиссёр Тоҳир Собиров, рассомони таҳиягар В. Птисин, Л. Шпонко, К. Аваков ва Б. Назаров (солҳои 1984, 1986 ва 1987) инъикос ёфтаанд.
Ҳангоми тамошои филми ҳунарии «Писар бояд зан гирад» либосҳои анъанавии халқ, ороишоти занона, ҷиҳози арӯсӣ, сарулибоси духтарон, бахусус тоқиҳои ироқиро дар симои Зебои нозук (Д. Қосимова) ва Зебои малламӯй (Р. Акобирова) мебинем.
Расму оин ва пӯшидани либосҳои хосса ва ороишоти занҳо дар филми ҳунарии телевизионии «Субҳи нахустини ҷавонӣ»- и режиссёр Давлат Худоназаров, рассоми таҳиягар Леонид Шпонко, соли 1979 хеле моҳирона истифода шудаанд. Аз либосу ҷома ва саллабандии Бобокалон (Н. Гулмамадов), Азизхон (А. Муҳаммадҷонов) саркардаи босмачиҳо Шукрулло, (М. Имматшоев), пироҳани муқаррарӣ ва арӯсии Нисо (Л. Тайғуншоева) маълум аст, ки режиссёр ҷузъиёти либоспӯшӣ ва ороиши занонаи мардуми кӯҳистонро хуб медонад ва бо муҳаббат аз он истифода кардааст.
Филми ҳунарии «Хати парвоз»-и режиссёр Тоҳир Собиров, рассоми таҳиягар Довуд Илёбоев, соли 1971 ягона филми ҳунарӣ мебошад, ки тамоми нозукӣ ва нафосати ҳунари заргарии мардуми кӯҳистонро таҷассум кардааст. Махсусан, намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар он устоҳои гулдаст ва заргарҳо маҳсули дасти хешро ба ҳакамон нишон дода, сазовори ҷойҳои шоиста гардидаанд, хеле табиӣ баромадааст. Дар филм ороиши занона – гӯшвора, гарданбанд, муҳра, ангуштарин, куртаҳои атлас ва чаканро мебинем. Ҳамчунин, кулолгарон низ кӯзаву табақ ва чиниҳои зебои нақшунигор кардашударо нишон додаанд. Ҳар намоиши асарҳои зебои санъатро рақсу суруди халқӣ пурра кардааст.
Духтарони чаканпӯш дар ҳавои суруди «Духтари зебо гузашт» ва ҷавоне дар тан ҷомаи беқасаб ва дар сар салла зери навои «Хуш боду ҳаво дорад…» рақси диққатҷалбкунандаи мардонаро иҷро кардаанд.
Филмҳои ҳунарии «Боз як шаби Шаҳрзода» (соли 1984), «Афсонаҳои нави Шаҳрзода» (соли 1986) ва «Шаби охирини Шаҳрзода» (соли 1987) дар таҳияи режиссёри маъруф Тоҳир Собиров силсилафилме маҳсуб мешавад, ки дар собиқ ИҶШС ҳамто надошт.
Декоратсияҳои боҳашамати қасрҳо, либосҳои ҳарири пур аз зару зевари қаҳрамонҳои асосии филм — Шаҳрзода — Елена Тонунс, Ӯсмагул- Тамара Яндиева, инчунин ҷома ва саллаи пур аз сангҳои қиматбаҳои Халифа — Тоҳир Собиров тамошобинро ба дунёи зебои афсона мебарад. Ин силсилафилмҳо дар ҳамкорӣ бо киноширкати «Ганемфилм»-и Сурияи Араб истеҳсол гардидааст.
Баъди ба экранҳои кино роҳ ёфтани ин силсилафилм ороишоти қаҳрамонҳои филм Малика (Лариса Белогурова), Анор (Тамара Яндиева), Шаҳрзодаи афсонавӣ (Елена Тонунс) намунаи ибрат буданд. Бешубҳа, дар ин комёбиҳо баробари режиссёр, оператор ва оҳангсоз саҳми рассомони таҳиягар В. Птисин, Л. Шпонко, К. Аваков ва Б. Назаров шоёни таҳсин аст.
Боиси таассуф аст, ки анъанаи неки истифодаи ҳунарҳои мардумӣ дар филмҳои ҳунарӣ, солҳои охир дар дастранҷи киносозони ҷавони тоҷик қариб ба назар намерасад. Режиссёрон ва рассомони ҷавон қаҳрамонҳои филмҳоро бо ороишоти муосир зебу зинат медиҳанд. Вале гузаштаро набояд фаромӯш кард. Чун соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст, боварӣ дорем, ки дар баробари рушд ёфтани ҳунарҳои халқӣ режиссёрон ва рассомони кино аз маҳсули ҳунармандон бештар истифода хоҳанд бурд.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»