Таҳлили воқеаву рӯйдод ва муборизаҳои сиёсию геополитикии ҷаҳон нишон медиҳанд, ки роҳбарият ва аъзои гурӯҳҳои номуваффақ ва варшикаста талош менамоянд, ки барои нишон додани қувватмандӣ масоили ҳассосу таърихии миллатҳоро ба чолиш бикашанд. Аз ҷумла, дин, мазҳаб, таърих, ҳуқуқ, миллат, аққалиятҳои миллию динӣ, сармояҳои бузург, ҷанг ва кушторҳои дастаҷамъӣ аз масоиле мебошанд, ки ҳамеша ҷамъиятро ба онҳо ҷалб намудан мумкин аст.
Намунаи волои онро дар сарнавишти кишварҳои Аврупо, Афғонистон, давлатҳои арабӣ ва монанди инҳо борҳо шоҳид шудаем. Алангаи фитна дар Ироқ дар заминаи куштори 120 язидии эътирозгар, ки дар солҳои қабл аз сарварии Саддом сурат гирифтаву гӯё куштори язидиҳо бар асоси дастури Саддом амалӣ шудааст, далели возеҳи ин гуфтаҳост. Ин масъала солҳои 2001 ва 2002 борҳо аз ҷониби ашхоси вобасташудаи хадамоти истихборотии кишварҳои азим расонаӣ шуд ва василае барои ташаккули эътирозоти динию мазҳабӣ дар ин кишвар гардид.
Яман имрӯз дар заминаи бархӯрди динию мазҳабӣ миёни исломиёни суннатгарои ваҳҳобиюласос ва хуссиҳои шиагарои охундпараст дар гирдоб қарор дорад. Далелҳо ҳокианд, ки мафҳумҳои дину мазҳаб ва қатлу куштор дар ин давлатҳо боиси бесарусомонӣ гардида, садҳо ҳазор инсонро аз зиндагӣ маҳрум намудааст. Дасисакорону иғвоангезон инсонҳои асри XXI-ро чунон таҳрик медиҳанд, ки огоҳу нохудогоҳ иштибоҳҳоеро, ки 10 аср ё 16 аср пеш гузаштагон муртакиб шудаанд, такрор мекунанд. Табиист, ки ин амал табъи дили дасисакорон буда, онҳо аҳдофи муғризона амалӣ месозанд.
Дар Афғонистон ин дасисаҳо борҳо амалӣ шудааст. Ин раванд дар замони Ҳафизуллоҳ Амин, Бабрак Кормал, Наҷибулло, даврони ҳукумати кӯтоҳи муҷоҳиддин ва то ҳанӯз идома дорад. Охирин дасисае, ки барои барангехтани кудуратҳо дар ин кишвар амалӣ шуд, дар шиносномаи электронӣ маҷбуран миллияти инсонҳоро як миллат – афғон дарҷ карданд. Ин боиси он шуд, ки эътирозҳо дар Афғонистон доир шавад. Зуд дарк шуд, ки лоиҳа заминае барои баҳамрезии афғонҳо буда, ҳукумати навсохтаи Ваҳдати миллиро нобуд хоҳад кард.
Дар кишвари мо низ ин дасисаҳо борҳо амалӣ шудааст. Махсусан, солҳои 1900-1917 ва рӯзҳои аввали расидан ба Истиқлолияти давлатӣ. Агар дасисаи аввал (1900-1917) моро аз бузургтарин марокизи фарҳангию таърихӣ ва динию сиёсӣ ҷудо намуда бошад, дасисаи дуюм (1990-1997) кишвари тозаистиқлоли моро ба буҳрони ҷанги бародаркуш гирифтор карда, зиёда аз 100 ҳазор сокини онро қурбон намуд.
Фарқи дасисаи дуюм он буд, ки иддае бо баҳонаи озодии дину мазҳаб шаҳрвандонро қатл намуданд, кишварро валангор карданд ва дар ниҳоят дарк шуд, ки аҳдофи аслии онҳо расидан ба мақому манзалат ва курсию ҷойгоҳ будааст. Биноан, 30 фисади ҳукуматро гирифтанду аз баҳри дину оину мазҳаб гузаштанд. Дар солҳои минбаъда аъмолеро ин фирқа муртакиб шуданд, ки на танҳо арзишҳои динию мазҳабӣ, балки шарофату ҳайсияти ҳеҷ як миллат қабул надорад. Модарону духтарон ва ҳатто кӯдаконро таҷовуз намуда, моликияти ҷамъиятиро ғайриқонунӣ аз они худ гардониданд. Охируламр, даст ба кудато задаву номуваффақона аз Ватан фирор намуданд. Муҳим он аст, ки ин тоифа ҳамеша аз дину оин сухан гуфтанду чун парда аз чеҳраи манфур бардошта шуд, бармало гардид, ки ҳеҷ рабте ба дину мазҳаб надоранд.
Ҳамакнун ин фирқаи дасисакору иғвобарангез аз хориҷи кишвар талош доранд, ки миллати тоҷикро бори дигар ба буҳрон тела бидиҳанд. Ва ин дафъа на бо суиистифода аз дину мазҳаб, балки бар асоси таҳрифи таърих. Ҳафтаи сипаришуда як гурӯҳи фурӯхташуда талош намуданд, ки истилоҳи босмачиро, ки моли сад соли қабл аст, дубора вирди забонҳо созанду худро босмачӣ эълон созанд. Илова бар ин, босмачиёнро доҳию қаҳрамон ва муборизу далеру ғаюр муаррифӣ доранд. Ин дар ҳолест, ки «рисолат»-и босмачиҳо аз таҳаррукоти туркӣ – манғитӣ маншаъ гирифта, бо маблағгузории кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарии Амир Олимхону Анварпошои турк амал менамуданд. Ба ибораи дигар, ҳаракати босмачиҳо рабте ба манофеи миллӣ – тоҷикӣ надорад. Пас, чаро он гурӯҳеро, ки бар манофеи миллии тоҷикон амал накардаанд, ғаюр гӯему мақоми қаҳрамонӣ диҳем? Таҳлил нишон медиҳад, ки асоси ин ҳама сару садо ва даъвоҳо дасисае беш набуда, ба қавле, «ин мурда кирои гиря надорад».
Аслиддин ШАРИФӢ, таҳлилгар