Агарчӣ каме дер шуда бошад ҳам, андешаҳоямро бахшида ба 100 — солагии ходими намоёни давлатӣ устод Абдулаҳад Қаҳҳоров рӯйи коғаз овардам.
Устоди азиз инсони бениҳоят поквиҷдон буданд ва умри худро барои ободии Ватан ва пешрафти миллати худ бахшиданд.
Ман бо он шахси бузург тез-тез вомехӯрдам ва ӯро падарвор дӯст медоштам. Вақте ки ба ҳуҷраи кориашон дохил мешудам, аз ҷояшон бархоста, пешвоз мегирифтанд ва ба курсӣ шинонда, маро бодиққат гӯш мекарданд. Ман он солҳо аъзои Ҳукумат, депутати Совети Олӣ будам. Бо кадом масъалае, ки наздашон мерафтам, бе ягон мушкилӣ ҳал мекарданд. Ин шахси бузург ба мардум бисёр наздик буданд, хоксор, ниҳоят бо маданияти баланди инсондӯстӣ сухан меронданд. Дар кӯчаҳои Душанбе пиёда сайругашт мекарданд. Устод барои худ хонаҳои афсонавӣ насохтанд, дар як хонаи оддӣ умр ба сар бурданд.
Боре ба устод занг задам, гӯшаки телефонро худашон бардоштанд. Меҳрубонона ҳолу аҳвол пурсиданд ва ман гуфтам, ки ба шумо кор дорам. Он кас «Марҳамат, биёед» гуфтанд.
Вақте ба наздашон омадам, шарм кардам, ки матлабамро баён кунам. Вале он кас ҳолати маро фаҳмида, худашон бо суханони форам маро аз ин ҳолат бароварданд. Худро ба даст гирифта, сабаби омаданамро изҳор намудам. Соли 1964 ҷашни 40-солагии давлатамон буд. Ба ин муносибат якчанд актёрони Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ соҳиби унвонҳои давлатӣ шуданд. Вале, баъзе актёрон, ки солҳои тӯлонӣ хизмат карда буданд, аз эътибор дур монданд. Устод худ фарҳангдӯст буданд. Шабе набуд, ки он кас ба тамошои ягон намоишнома нараванд. Аз ҳамин сабаб хизмати ҳар актёрро медонистанд ва баҳо медоданд. Устод илтимоси маро қабул карданд ва ваъда доданд, ки ин масъаларо ҳал мекунем. Дере нагузашта қавли додаашон иҷро шуд ва актёрон сазовори унвон шуданд. Худи устод бо вуҷуди масъулияти бузурги давлатӣ доштан якчанд китоб ва ҳикояҳо навиштаанд. Дар корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ содиқу фидокор буданд. Ҳоло фарзандони устод давомдиҳандаи корҳои падари бузургворашон мебошанд.
Хайринисо НАЗАРОВА, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон