Қиссаи воқеӣ
- Падарҷон, ба саршавии мактаб як ҳафта монд. Ману хоҳару додаронам сарулибоси мактабӣ нахаридем, — бо нозу эркагӣ худро ба пойҳои Салим ҷафс кард писараш.
Кӯдакони бечора чандон ҳоли хуб надоштанд. Ҳарчанд дар шароити вазнин ба воя мерасиданд, бо ҳар хушку тари ёфта хурсанд буданд. Барояшон басанда буд, ки болои сарашон бом ва падару модар доранд.
Салим бо панҷ фарзанди хурдсол ва ҳамсараш дар ҳавлии падар мезистанд. Синни падару модараш ба ҷое расида, мӯйсафед бемори қанд ва бознишаста буду модари бечорааш дар мактаб фаррошӣ мекард. Бар замми ин, оқибати ҷанги бемаънии дохилӣ мардумро дар ҳолати ногувор монда буд. Хуллас, бо нафақаю дастмузди ночизе зиндагӣ мекарданд.
Салим дар ягон идора кор намекард, зеро пайдо кардани кори муносиб он шабу рӯз номумкин гашта буд. Ягона ҳунараш шикори кабк дар кӯҳ буд. Ҳафтаҳоро бо дӯстони улфатиаш дар оғӯши Сияҳкӯҳ мегузаронд, ки аз фикри рӯзгор дида, бештар ба вақтгузаронию дилхушӣ шабоҳат дошт. Кабкҳои пирро барои гӯшт мефурӯхт ё барои хӯрдани аҳли байт меовард, чӯҷаҳои кабкро парвариш карда, дар кабкҷанг барои ба даст овардани маблағ истифода мебурд ё мефурӯхт. Даромад ва кори ӯ аз ҳамин иборат буд. Мардум ин қабил мардонро, ки бе кӯҳу пушта худро тасаввур карда наметавонистанд, «ишратӣ» ном мебурданд. Зуд – зуд онҳоро хумори шикор ва ҳавои кӯҳ мегирифт. Қариб ки аз одамон дур мезистанд. Ба шароити сангини кӯҳ одат карда, аз ин ҳаловат ҳам мебурданд.
- Ҳеҷ гап не. Ҳоло як ҳафта ҳаст — ку? Пагоҳ ба шикор рафта, ҳатман чизе ба даст оварда мефурӯшам ва либосҳои шуморо харида медиҳам, — сари писарашро силакунон таскин бахшид Салим, ки бехабар аз пешомади тақдир кайҳо нақшаи ба кӯҳ рафтанро якҷо бо Довуди писари ҳамсоя кашида буд.
Субҳи рӯзи дигар ба назди фарзандон бо дасти холӣ баргашт, аниқтараш мурдаи сарди Салимро оварданд. Кӯдакони бечораю ҳайратзада бошанд, сарулибоси мактабиро фаромӯш карда, дар гӯшае нишаста, ашк мерехтанд. Барои Салим, ба қавле, фарзанди кӯҳ, ки ҳар сангу ғору дараи он барояш шинос буд, он шикори охирин гашт. Ӯ на аз борае ҷар шуду на дар задухӯрд бо даррандае ҳалок гашт, балки бо дасти шикорчии дигар кушта шуд. Аз дасти қотиле, ки бо ҳам шинос ва борҳо ҳамсуҳбату ҳамнишин ва ҳампеша буданд, аз дасти Кӯри Ҳикмат.
Салим ва чанд тани мисли ӯ кабкбоз, аслан на бо милтиқи шикорӣ, балки бо қилаку дом барин воситаҳо ба шикор машғул мешуданд. Бо кабкҳои бо мағзи пистаю чормағз парваридаашон дар ҷои муносиби кӯҳ камин мегирифтанд. Онҳо дар каме дурӣ ноаён домҳоро мегузоштанд ва интизорӣ мекашиданд. Гоҳо шикорашон барор мегирифту хурсанд мешуданд, гоҳи дигар ноумед мегаштанд. Ҳамин тариқ, кабкҳои дастпарвар ба хушхонӣ даромада, кабкҳои ваҳширо ҷалб месохтанд.
Мутаассифона, дар оғӯши кӯҳ ҷанг танҳо байни одамон ва ҳайвоноту парандаи даштӣ намерафт, балки одамон аз рӯи ҳирс тайёр буданд, ки ҳамдигарро гургвор пора — пора созанд, то аз суду манфиати бештар баҳравар гарданд. Бехабар аз он ки кӯҳ ҳоким ва қонуни худро дорад, орзуи соҳибият ба қаламрави бештареро мекарданд. Гумон доштанд, ки дар мавзеъҳои дурдасту пурҳавли кӯҳӣ, ғайри онҳо дигар касе нест ва ҳар коре, ки хоҳанд, кардан мегиранд. Хулоса, бо рафтори ноҷояшон кӯҳро ба хашм меоварданд. Эҳсос карда наметавонистанд, ки ҳар қадаму амали онҳо аз назари кӯҳ пинҳон намемонад. Ҳар дарахту гиёҳ, харсангу теға дар ин ҷо қудрати дидану ҳис карданро доранд. Кӯҳ ҳам бо дили бузургаш баъзан гузаштҳо мекунад. Он одам медонад, ки ҳар мавҷуди зинда ба хотири зинда мондан, бояд аз пайи ризқу рӯзӣ бошад. Осон набошад ҳам хӯрда шудани оҳуи зеборо аз тарафи гургону шерон як амри воқеӣ медонад. Ҳам медонад, ки парандаҳою чарандаҳои дигар ризқашонро аз алафу гиёҳҳо ва долу дарахтон пайдо менамоянд. Ҳатто бархе аз инсонҳо ҳам барои ризқ ба даст овардан ба шикори ваҳшиён машғуланд. Мефаҳмад, вале дар сурати зиёдаравӣ, харобкорӣ, беинсофӣ таҳаммул карда наметавонад ва ҳатман ба ҷазо мубтало месозад. То ҳол касе, ҳатто ҳамон кӯҳгардҳои моҳир низ пурра намедонанд, ки дар дили кӯҳ чӣ асроре нуҳуфтаасту чӣ қувваҳои ба чашми одамӣ ноаён арзи ҳастӣ доранд? Борҳо одамон ба фалокат дучор гардида, ҷонро аз даст дода бошанд ҳам, дигарон онро аз беэҳтиётӣ медонанд, ки дар асл асрори дигар дорад. «Морбоз аз мор, кӯҳгард дар кӯҳ ва оббоз дар дарё ба ҳалокат мерасад» гуфтани мардум ҳам беҷо нест. Кӯҳ дар қаламраваш эҳтиром тақозо мекунад, дар акси ҳол вокуниш нишон медиҳад.
Дар бораи корҳои бади Салим чизе тахмин задан маҳол бошад ҳам, дар бораи Кӯри Ҳикмат хулқу хӯи хунукаш гап зиёд буд. Аз ӯ на танҳо кӯҳ бо ҷонваронаш, балки ҳамсояҳо безор шуда, худро дур мегирифтанд. Ҳама кори ношоистаро аз ӯ интизор шудан мумкин, зеро аз инсоф, раҳм маҳрум буд. Ҳамон шаби наҳс ҳам аз нияти ба шикор рафтани Салим тавассути худи ӯ хабардор шуда, бо мақсади аз байн бурдани ҳариф нақшаи ифлос тартиб дод. Милитиқи шикорӣ дар китф барвақттар ба он мавзеъ, ки Салим бо ҳамроҳаш бояд қарор мегирифтанд, рафта, дар ҷое пинҳон шуд ва фаро расидани шабро мунтазир гардид. Бо истифода аз торикӣ худро ба онҳо наздиктар намуд ва чандин маротиба барои озмоиш он ҷоро бо ҳамон як чашм нишон гирифт. Дигар шикорчиён пеш аз камон тир задан, як чашмашонро мепӯшиданд, ки барои Кӯри Ҳикмати якчашма ин зарурат надошт ва аз моҳиртарин мерганҳо маҳсуб меёфт. Ниҳоят, қарибиҳои расидан ба субҳ ӯ тир кушод. Мутаассифона, тир хато нахӯрд ва рост ба ҷуссаи лоғари Салим расид, ки ҳамон замон ҷон ба Ҷонофарин таслим кард. Тири дигар ба пои рости Довуди ҷавон бархӯрд, ки чунин ранг гирифтани корро ҳаргиз интизор набуд. Ҷавони аз омаданаш сад бор пушаймон, ҳамроҳашро ғарқ дар хун дида, муддате аз тарс ва гармии бадан ҷароҳаташро фаромӯш кард ва ба чор тараф нигоҳ дошт, то аз куҷо омадани тирро муайян кунад. Баъдан, барои аз бало ҳар чӣ зуд дур шудан, бархоста, лангон – лангон чун сайди тирхӯрда, рӯ ба гурез ниҳод.
Банохост садои касе баланд гардид, ки ӯро ба истодан ва ёрӣ расондан ба Салим даъват менамуд ва худро сафед карда дод мезад, ки ин корро қасдан накардааст. Онҳоро дар торикӣ нашинохта, сайд пиндоштааст. Довуд овози Кӯри Ҳикматро шинохт ва осемасар аз захм поёнтари пояшро бо ресмон сахт баста, қадаммониашро тезонид. Хушбахтона, масофа байни ӯ ва Кӯри малъун дур гашта буд ва Довуд барои мабодо таёқи боқуввати дасташро баҳри дифоъ нигоҳ медошт, вале аз чӣ бошад, Кӯр дигар ӯро таъқиб накард ва Довуд бо азобе баъди хеле роҳро тай кардан ба роҳи калони мошингард баромад. Ба бахти ӯ дар ин саҳари барвақт мошине ба самти маркази ноҳия равон аз пешаш баромад. Ронанда мошинро нигоҳ дошта, аҳвол пурсид ва фавран Довудро ба беморхонаи ноҳия расонд. Сипас, ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия аз ҳодиса хабар дод.
Кӯрро дастгир ва Салимро дафн карданд. Миш — миши одамон ҳам рост баромад. Кадом хеши кӯри Ҳикмат дар мақомоти прокуратура дар вазифаи муҳим кор мекардааст. Масъаларо табъи дил қаламдод намуданду моҳе нагузашта одамон кӯри Ҳикматро мисле ки чизе нашуда бошад, озодона дар кӯчаю бозор диданд.
Акнун, майдони шикор фарох гардида, ӯ худро шоҳи кӯҳ тасаввур мекард. Чун одат азми шикор кард, бехабар аз он ки кӯҳ ӯро ба сӯи худ мекашад. Баски ҳар ваҷаб роҳу баландию хамиҳои мавзеъро хуб медонист, бо дили пур ва табъи болидаю димоғи чоқ давон ҷониби аҷал раҳсипор шуд. Шикори навбатӣ барояш вопасин гардид. Бо гузашти ду — се рӯз овоза паҳн гашт, ки Кӯри Ҳикмат лағжида, ба ҷарӣ сарозер шуда, мурдаи бӯйгирифтаашро кадом шикорчие тасодуфан дида, хабар расондааст.
Табиист, ки кулли фалокатҳои дар кӯҳ рухдодаро шарҳ чунин аст. Дар асл, касе намедонад, ки табиат, кӯҳ ҳам барои ҷинояту бедодгарӣ ҳатман касеро беҷазо намемонад ва тавассути қувваҳои ноаён ҳатман интиқом мегирад. Воқеияти мурданашро кӯр ҳам бо худ бурд, вагарна, бисёр чизҳои норавшан равшан мегардиданд. Хеши мақомдори дасту дил нопокашро низ ҷазое ба ҳамин монанд дар пеш аст, зеро қонуни ҳаётро касе қудрати дигар кардан надорад.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»