Бозор Собир 19 сол дар ғурбат, дар Америка зист. Дар ин миён се бор ба дидорбинии пайвандон, баҳри хуморшиканӣ, ба хотири нафаси тоза кашидан аз ҳавои Ватан ба Тоҷикистон омад. Қабл аз омаданҳо гуфта буд:
Даҳ сол гул начидам,
Аз пуштаҳои қишлоқ.
Обу ҳаво нахӯрдам,
Аз обу аз ҳавояш.
Дар осмон надидам,
Арғамчини дарозу
Ғирболи турнаҳояш.
Дар ҳар кулӯхи хушкаш,
Бигзор, ман бигирям.
Даҳсола буғзи ғурбат,
Печида дар гулӯям.
Ҳар боре меомад ҳатман бо ӯ вомехӯрдам, аз суҳбатҳои ширину хандарезаш баҳра мебурдам.
Соли 2013, моҳи май, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро расман ба Ватан даъват карданд, ки ин футуввату ҷавонмардиашонро адабиёти тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Бандаи камтарин барои устод аз лавҳи дил пойандозе ороста, ба рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» фиристодам. Сармуҳаррири рӯзнома Самариддин Асоев «гармогарм», дар нахустин шумораи моҳи июни соли 2013 онро дар саҳифаи як чоп кард.
Ай мардуми фарзонафар, Бозори Собир омада,
Бар кишвари зебои худ бо даъвати мир омада.
«Бозори Собир омада аз Амрико» – ин хушхабар
Дар ҳар нафас, дар ҳар қадам моро фарогир омада.
Мо ташнаи ашъори ӯ, дар ҳасрати дидори ӯ,
Баҳри давои дарди мо доруи иксир омада.
Бо мӯйи чун борони шаб аз Тоҷикистон рафта буд,
Бар пахтаи ришаш нигар, олудаи шир омада.
Андар дилаш ёди Ватан дур аз Ватан мезист ӯ,
Номи Ватан бар даври лаб марди муҳоҷир омада.
Пирӣ фарогираш шуда, дар пой занҷираш шуда,
Ҳайфо, дареғо, сӯйи мо дер омада, дер омада.
Шоир ба амри доварӣ дар синаи миллат дил аст,
Дар синаи миллат чу дил Бозори шоир омада.
Аз омадани ӯ Тоҷикистон ранги дигар гирифт, гулҳо накҳати нав пайдо карданд, шаршараи обшорон фузунтар, ғубори дилҳои дӯстдорони шеъру адаб бартараф, як гӯшаи адабиёт ғанитар шуд. Хеле дер омад, аз ҳиҷраташ қариб 20 сол гузашт. Дар ин миён ду фарзанди падарро аз даст дод, ба ҷанозаи онҳо аз дурии дур дасти дуо бардошт. Ӯ аз Америка аз номи ҳаводорони тоҷикистониаш гуфта буд:
Дубора моҳ бадар шуд, чаро намеоӣ?
Дубора моҳи дигар шуд, чаро намеоӣ.
Парандаҳои муҳоҷир ба лона баргаштанд,
Дубора чаҳ-чаҳа сар шуд, чаро намеоӣ?
Бародарони мусофир ба хона баргаштанд,
Дубора қаҳ-қаҳа дар шуд, чаро намеоӣ?
Ҳазор нола ба дил лолазори Файзобод
Дубора хуни ҷигар шуд, чаро намеоӣ?
Ниҳоли пушти дарат бо қадат баробар буд,
Чанори хушқаду бар шуд, чаро намеоӣ?
Гули пиёда ба манзил пиёда боз омад,
Ба рафтанат чӣ қадар шуд, чаро намеоӣ?
Тирамоҳи соли 2016, пеш аз сафар ба Америка, ӯ бо даъвати раиси вақти ноҳияи Файзобод Каримиён Имомназар рӯзҳои таҷлили Иди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи шоирон Гулрухсор Сафиева, Раҳмат Назрӣ ва ҳунарпеша Муҳаррама Шарифова ба Файзобод омад. Рӯзи омадани устод барои аҳли фарҳанги ноҳия иди калон буд. Дар Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова маҳфили шукӯҳманд барпо гардид. Ҳофизи хушадо Ҳабибуллои Мирзошариф 15 шеъри устодро суруд. Гулрухсор шеър хонду устодро васф намуд.
Бозир Собир зодгоҳаш – Файзободро дӯст медошт. Касе мисли ӯ Файзободро дӯст намедошт.
Он рӯз ҳарфҳои устод ба гӯши ман сахт расиданд: «Дафъаи охирини ба Файзобод омадани ман аст». Магар ҷуръати мо мерасид, ки гӯем, ки «Устод, ин тавр нагӯед!» Пеш аз гирди дастурхон шиштан, ҳине ки даст шусту чой хост, низ ҳамон ҳарфҳоро ба забон овард.
Мегӯянд, ки оқилон ғайри миоди мурдан ҳама чиро медонанд. Устод Бозор дар куҷо мурданашро ҳам пешгӯӣ кард. Вақте бори охир ба Америка, ба аёдати набераҳояш раҳсипор шуда, назди гуселкунандаҳо ин ҳарфҳоро ба забон овард: «Ман Америка мурданӣ меравам». Ба хонандаи ноогоҳ аён бод, ки устод дар Америка ҷарроҳии дил гузаронда буд. Духтури ҷарроҳ ӯро дилпур кардаст, ки 30 соли дигар умр мебинад. Афсӯс, ки гапи духтур ғалат баромад. Мо умед доштем, ки чанд бори дигар бо устод вомехӯрем ва аз рӯзгори америкоиаш пурсон мешавем. Чӣ суд аз ин гуфтанҳо, ки «банда миранда аст».
Моро хабари ба бемористони шаҳри Сиэтли Иёлоти Муттаҳидаи Америка бистарӣ шудани устод хеле ғамгин кард. Ҳарчанд ин хабари матбуоти тоҷик оромамон кард: «Бозор Собир, шоири маҳбуби тоҷик, ки чанде пеш ба аёдати фарзандон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар карда буд, бар асари беморӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтл бистарӣ гардид. 5 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин хабар огоҳ шуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ доданд, ки ба аёдати ӯ рафта, барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, ёриву дастгирӣ ва барои ҳар чӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд».
Дар табобати шоир огоҳ шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро хеле хуш омад ва умед доштем, ки устод шифо меёбад ва солим ба зодгоҳ бармегардад. Вале…
Рӯзҳои дар бемористон будани устод Бозор Собир китобҳои «Пайванд», «Варақи санг», «Гули хор», «Офтобниҳол», «Чашми сафедор», «Бо чамидан, бо чашидан», «Симхор», «Аз гули хор то симхор», «Шоиру шеъре агар ҳаст», «Хуни қалам», «Садбарги хунин»-ро варақ мезадаму ба бузургии ӯ тан медодам:
На дигар хирмани гандум, на дигар хирмани моҳам,
Ба ҳаво тудаи абрам, ба замин тудаи коҳам.
Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,
Ҳама зардам, ҳама гардам, ҳама дардам, ҳама сардам…
Боварамон ба он буд, ки 80-солагии устодамонро ҳини барҳаёт буданаш таҷлил менамоем. Ин сана он қадар дур набуд – 20 ноябри ҳамин сол. Акнун дигар чӣ гӯем?! Бо дидаи ашкбор ҳасрат мекунем:
Қишлоқ рафта будам, дулонаи қатораш
Аз дурӣ зардӣ мекард дар пуштаи мазораш.
Аммо туро надидам дар сояи дарахтон,
Дар пушт лӯлаболишт аз пояи дарахтон.
Рафтам ба боғи токат, ангур пухта будаст,
Як боғи пухта бе ту чун оби дида будаст.
Сурхида буд анорат, аммо намефушурдам,
Оби анори дилро аз дида мефушурдам.
Рафтам сари мазорат, рафтам, ки ҷон супорам,
Во ҳасрато, ки сад бор ҷон додаму намурдам.
Аз насли хуби Собир бо ман ту монда будӣ,
Аз насли хуби Собир бо ман ту ҳам намондӣ…
Ҷӯрабек МУМИН