Чанде пеш дар шаҳри Исфара хатнасури 180 нафар писарбача аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид.
Раиси шаҳри Исфара Дилшод Ҷабборӣ ба ҳар як кӯдак аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр туҳфа ва 1000 сомонӣ маблағ тақдим намуд.
Бародарон Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Улмасовҳо, ки дар хориҷи кишвар ба соҳибкорӣ машғуланд, дар ин маърака саҳмгузорӣ намуданд.
Ҳамчунин, соҳибкорон Улмасовҳо аз бинои истиқоматии бунёдкардаи худ ба 2 оилаи камбизоати шаҳр хонаи истиқоматӣ ҷудо карданд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»