Баргузории фестивал-озмунҳо, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ дар арафаи ҷашну маъракаҳои милливу давлатӣ дар шаҳри Ҳисор ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ҷумла бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ — 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивал-озмунҳои «Кадбонуи моҳир», «Зардӯзи беҳтарин», «Ошпази беҳтарин», «Заргари беҳтарин», «Садранги чакан», «Атласу адрасбофӣ», «Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм» ва «Қанноди беҳтарин» баргузор гардиданд.
Дар ин чорабиниҳои фарҳангӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, 12 ҷамоати шаҳраку деҳот, корхонаву ташкилот ва муассисаҳо иштирок намуданд.
Фестивал — озмунҳо тибқи номинатсия аз рӯи якчанд шарт гузаронида шуданд. Қайд кардан зарур аст, ки аз рӯи баҳогузории ҳайати ҳакамон дар бахши «Кадбонуи моҳир» шоҳҷоиза насиби шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор гардид. Ҷойи аввалро ба Беморхонаи марказӣ ва ҷойи дуюмро ба Маркази солимӣ – репродуктивии шаҳр муносиб донистанд.
Дар номинатсияи «Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм» ҷойҳои асосиро нонпазҳои беҳтарини шаҳраки «Ҳисор», деҳоти «Сомон» ва «Навобод», номинатсияи «Зардӯзи беҳтарин»-ро зардӯздухтарони деҳоти «Деҳқонобод» ва ба номи Мирзо Турсунзода ишғол карданд. Дар ошпазӣ намояндагони деҳоти «Ориён» ва дар бахши ҳунарҳои мардумии заргарӣ, оҳангарӣ, челонгарӣ устоҳои чирадасти шаҳраки Шарора ғолиб омаданд.
Чакандӯздухтарони деҳоти ба номи Мирзо Ризо, «Хонақоҳи Кӯҳӣ» ва «Алмосӣ» дар озмуни «Садранги чакан», атласу адрасбофони деҳоти «Ҳисор» ва анъанаҳои Литсейи касбӣ-техникии шаҳр дар «Атласу адрасбофӣ» ғолиб дониста шуданд. Кормандони Ҷамъияти матлуботи шаҳр дар озмуни «Қанноди беҳтарин» ҷойи ифтихориро ба даст оварданд.
Мақсад аз баргузории чунин фестивал-озмунҳо тарғиби анъанаҳои беҳтарини миллӣ, тарбияи фарҳангӣ ва сайқал бахшидани маҳорати касбии бонувон маҳсуб меёбад.
Дар ҷамъбасти ин чорабиниҳо беҳтаринҳо соҳиби ифтихорнома ва туҳфаю мукофотҳои хотиравӣ гардиданд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»