Исрор

№1 (3638) 05.01.2017

(Илҳом аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ҷаври таърих аз қазо тоҷикро паҳну парешон кард,

Тоҷики бечораро безор аз ҷон кард.

Минбари бахти баландашро ба хоки роҳ яксон кард,

Душманаш сад кина дар дил дошт гар, он кард.

 

То кунун ҳам оташи хашми рақиб,

Дар нигоҳи фитнаи чашми рақиб,

Ҳар замон ояд ба ҷӯш.

Косаи равған ба ҷои об дар дасташ

Мезанад бар рӯи оташ, то кунад аз нав хурӯш.

 

Эй адоватпешагони роҳи бенангӣ!

Шоҳроҳи мумфарши меҳр бошад

Беҳтар аз пайроҳаи сангӣ.

Дар Ватан бошад зуҳури зиндагонӣ,

Дар Ватан бошад ҳузури зиндагонӣ.

 

Дастафшониву гуфтан ҳарфҳо аз минбари бегона ҳайф аст,

Ҷону тан андар бари бегона ҳайф аст,

Тоҷи сар, ки аз сари бегона ҳайф аст,

Ҷустани нон аз дари бегона ҳайф аст.

Тоҷбӯсиро бидон афзал, дигар дасте мабӯс!

Тоҷи мо тоҷ асту тоҷи «Хоҷагон» тоҷи хурӯс.

Тахти мо аз тахтапушти ҳафсаду ҳафтод пушти тоҷик аст,

Олами иршод пушти тоҷик аст,

Маҳзари имдод, пушти тоҷик аст,

Беибо ангушти ҳайратро газидан

Мушти ҳайратзод, пушти тоҷик аст.

 

Метавонӣ

Сохтан Роғун?

Бе «чаро»-ву бе саволи «чун»?

Метавонӣ?

Аз дили кӯҳ,

Аз фарози кӯҳи андуҳ,

Нақб бишкофию раҳ ёбӣ ба дилҳо.

Метавонӣ, ки ба сад кишвар

Дил биёбӣ аз сари минбар?

 

Метавонӣ, ки ятимеро

Дар сари зону нишонда, хонияш фарзанд,

Бо ҷигар пайванд?

Метавонӣ?

Пири барҷомондаро гирӣ ба оғӯш ,

Пеши ӯ гардӣ саропо гӯш,

Дарди ҷонсӯзи варо дар хештан созӣ таҳаммул,

Бишкуфонӣ чеҳраи пажмурдааш чун гул?!

 

Метавонӣ

Хасмро чун дӯст парвардан,

Дар бағал мор аст, аммо з-ӯ натарсидан,

Шохи чандин «барзаговон»- ро шикастан,

Пиру барнои фирориро зи хоки ғайр

Бо Ватан бо халқ пайвастан?!

 

Эй хиёнатпеша, эй хоин!

Пас магӯ ҳарфе дигар аз расму аз оин.

Аз раҳи номусу нанги тоҷикистонӣ бурун шав!

Хонаи тоҷикро оташ мазан аз нав!

Ин сухан аз ҷону дил бишнав:

Мо ваколатпарвари панди бузургонем,

Тоҷикистонро касе, ки сохт, бо онем.

Сарвари мо Сарвари номусу нанги мост,

Шаҳсутуни меҳри мо бо номи Ӯ барҷост.

Пайрави парвозро парвоз чун барг аст,

Дар лаби боми дигар ҳастии мо марг аст!!!

Давлат САФАР