Қиссаи ду пойи чӯбӣ, ки аз ҳам 47 сол фосила доранд

№83-84 (4345-4346) 26.06.2021

Дар ёдам мондааст, ки ҳангоми мактабхонӣ ҳамроҳи рафиқам ба хонаашон рафтем.

Дар мехи девор пойи чӯбинеро дидам, ки овезон буд. Аз ҳамсинфам аз хусуси он суол кардам.

- Магар намедонӣ?

- Чиро? — китф дарҳам  кашидам ман.

- Ин пойи ориятии падари ман аст.

- Пойи падарат? Ҳамон пойи чӯбӣ?

- Пойи падарам аст, — бепарво гуфт ҳамсинфам ва афзуд:

- Падарам иштирокчии ҷанг аст.

 Ман чӣ будани даҳшати ҷангро аз суханони ҳамсинфам ва қазияи пойи чӯбӣ тасаввур кардам. 9 май дар саҳни дабистони деҳа бо иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ вохӯрӣ барпо гардид. Дар радифи дигар иштирокчиёни ҷанг, падари ҳамсинфам — амаки Мирзонаим низ сухан гуфт. Пойи росташро, ки маснӯӣ буд, ба мактабиён  нишон дод ва хулоса кард:

- Аз по маҳрум  шудем, вале  Ватанро ба душман надодем.

Аз он айём солҳои зиёд гузаштанд. Солҳои навадуми асри гузашта гурӯҳҳои ба ҳам  мухолифу саропо мусаллаҳ, ки мансабхоҳиро шиор қарор дода буданд, бар зидди ҳам  меҷангиданд. Нон набуд. Одамон аз хӯрдани орди тухми ҷорӯбак ба беморӣ мубтало шуданд. Пас аз гузашти 47 сол аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар деҳ ҷавони ҳамсояамонро дидам, ки дар ҷанги бародаркуш дар ноҳияи  Тавилдара пояшро аз даст дода, бо пойи чӯбӣ мегашт.

… Дар ноҳияи Қубодиён шабе меҳмони омӯзгоре  шудем. Баъд аз сарфи ғизои  шом суҳбат аз рӯзҳои  фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён гирифт. Лаҳзае ба сукут рафта, бо ғаму андуҳ ҳикоят кард, ки дастаи силоҳдорон ба хонаҳои онҳо даромада, ба тороҷи амволашон шурӯъ карданд. Мардҳоро даст баста, ба самти номаълум  бурданд.

Дар чунин вазъ маҷбур шудем, ки рӯ ба кишвари Афғонистон орем. Аммо ба он сарзамин гузаштан кори саҳл набуд.

Азоби зиёд кашида, оқибат аз дарёи Вахш гузаштем. Ду тифли кӯчакам дар об ғарқ  гардиданд. Омӯзгори зиндагидида лаб аз  гуфтор баст ва чашмони ашкбори ӯро дида, сар ба зер афкандем.

Оҳи бадард кашида, изҳор дошт:

- Худоро шукр, ки он  балою офат ва фалокату фоҷиаҳо пушти сар шуданд. Ба рӯзҳои нек  расидем. Писаронам хонданд, маълумот гирифтанд, соҳиби касбу вазифа ҳастанд.

Қиссаҳои пурдарду талхи ҷанги шаҳрвандӣ хеле зиёданд, ки аксар маврид дар тасвири онҳо қалам оҷизӣ мекашад. Пайваста пеши чашмони ман ҳамон пойи чӯбини дар мехи девори пешайвони амаки Мирзонаим овезон ва чеҳраи ҷавони маъюби ҳамсоя — Давлат ҷилвагар аст. Вақте Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расид, дар деҳа тӯй барпо гардид. Ҳамдеҳагон якдигарро шодбош гуфтанд. Холаи Сайрам бузашро кушта, маърака орост, мардумро даъват кард, ки ба маъракаи хоксоронаи ӯ қадам ранҷа кунанд. Пирони деҳа даст ба дуо бардошта, аз даргоҳи Офаридгор таманнои сулҳу тинҷӣ ва амониро мекарданд.

- Дуо мекунем, ки Худованд ҳеҷ гоҳ он рӯзҳоро  ба сари хонадони тоҷик наорад. Чашми душман кӯр, хонаи ҷангҷӯ хароб гардад.

Ҳар касе фикру нияти баде дар сар дорад, орзуҳояш барбод раванд. Шукри тинҷию амонӣ бояд кард. Худованд фарзандони моро дар пушту паноҳаш нигаҳбон бошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша саломату бардам ва саробон бошанд, — ниёиш кард пирамарди дунёдида Раҷаби  Бобоҷон.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

 адиб