16 октябр – Рӯзи кинои тоҷик

Қиссаи зиндони «Павиак»

№123 (4073) 15.10.2019

Ё филми дар асоси ҳуҷҷатҳои аз бойгонӣ таҳиягардида

bc8b0df67a209cb13edd391034e6af202b3665b0_bigСолҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фашистони истилогар шаҳру деҳи зиёдро ишғол, аҳолии онҳо – мардону занон ва пиронсолону кӯдаконро куштаву нобуд карда, боқиро ба асирӣ мебурданд. Ба қавли Қаҳрамони Тоҷикистон Сад­риддин Айнӣ, «Чингизи асри XX» — Гитлер ва ҳаммаслаконаш, чун «Деви ҳафтсар» амал мекарданд.

Чанде қабл шабакаҳои «ВВС» ва «MAIVUTO» аз ҳодисаҳои бо газ сӯзонидан ва дар камераи «гарму хунук» аз бадани асирон канда гирифтани пӯсташон хабар доданд. Ин ҳодисаи даҳшатнок одамро аз худ бе худ мекунад: Шахсе, ки ҳалокати худро намедонад, гӯё ӯро ба ҳаммом мебурда бошанд, зери лӯлаи об рост меистад. Аммо ба ҷойи об гази сӯзон фаввора зада, ӯро хокистар мекунад.

Фашистон мардумро маҷбуран ба Полша, Чехословакияю Германия мебурданд. Дар он ҷо онҳоро лагерҳои консентратсионӣ интизор буд, ки манбаи даҳшат ва қатли ом маҳсуб ёфта, дар шаҳрҳои Кюнсберг, Нюрнберг, Прага, Варшава ва ғайра сохта буданд. Ҳоло дар ҷои онҳо қабристони шаҳидон бо гулгашту муҷассама ва нигораҳо бунёд шуда, он даврони даҳшатноки тангу тори таърихро бозгӯӣ менамоянд.

Дар зиндонҳои зикршуда ва шаҳрҳои дигар усули хосаро ба кор мебурданд. Асирро дар камераи гарму тафсон нигоҳ медош­танд. Ӯ аз гармӣ ба ҷон расида, мехоҳад ба воситаи дарича ба дигар «ҳуҷра» гузарад, аммо дар он ҷо ӯро тақдири боз ҳам бадтар интизор аст. Ҳуҷра яхдони махсусу хунукест, ки одам тез хушк шуда меафтад. Дар ҳолате ки онҳо хушк мешаванд, баданашонро ҷарроҳӣ карда, узвҳои лозимаашонро аз бадан бурида гирифта, ба пушт ва гарданашон аломати махсус мегузоранд. Баъд ба воситаи чангаку кордҳои махсус пӯсташонро канда мегиранд. Аз пӯсти ҳалокшудагон кифу ҳамёнҳои занона ва дигар ашё месохтанд. Боқимондаи ҷасадро ба «сагони одамхӯр» — овчаркаҳои немисӣ медоданд.

Яке аз он мақтулхонаҳо зиндони «Павиак» буд, ки соли 1831 дар Полша сохта шудааст. Аз хабару мусоҳибаи хабарнигор Чеслав Хусинский бармеояд, ки шахсони машҳури ҷамъиятиву сиёсии ҷаҳон — Ф. Дзержинский, Роза Люксембург, Мувич Вофин, Юлиан Мархлевский, умуман, 40 ҳазор маҳбуси сиёсӣ, аз соли 1834 то 1925 дар ин зиндон будаанд.

Соли 1939 истилогарони Германияи фашистӣ «Павиак»-ро ба зиндони «Гестапо» табдил доданд. Дар он «Дарвозаи марг» ном ҷое сохтанд, ки маҳбусон медаромаданду намебаромаданд.

Дар зиндони «Павиак» солҳои 1941 -1945 сад ҳазор асир маҳбасӣ буд. Аз ҷумла, 37 ҳазор асирро бо роҳҳои гуногун ба ҳалокат расонида, дар ҷангалзору ғорҳои кӯҳи Анно партофтаанд. Зиёда аз 60 ҳазор нафарро ба лагерҳои консентратсионӣ – ҷои мудҳиши зиллату шиканҷа интиқол додаанд. Дар он асирони «дараҷаи 1» — мардуми шӯравӣ, ҳавонавардон, партизанҳо маҳбас буданд.

Филми «Қиссаи зиндони Павиак» дар асоси ҳуҷҷатҳои бойгонӣ таҳия шуда, асоси воқеӣ дорад. Он дар бораи ду тоҷикписари ҳавонавард, ки бо тайёраи ҷангӣ борҳо ба болои анбору лавозимоти ҷангии фашистон бомба партофта, ба душман талафоти калон расонидаанд, нақл мекунад. Коргардон Суҳбат Ҳомидов воқеоти ҳуҷҷатиро бо тасвироти бадеӣ омезиш дода, лаҳзаҳои ҷолиб офаридааст.

Баъди амалиёти ҳавоӣ ва зарба ба ҳавопаймои немисии «Юнкерс» (дӯстон онро ҳазл карда «рама», яъне, чорчӯба, ном гузошта буданд) ҷавонписарони шуҷоъ Давлату Мансур онро ба замин афтонданд.

Дар яке аз амалиёти дигар ҳавопаймои онҳо оташ гирифта, дар наздикии мавзеи душман афтод ва онҳоро асир гирифтанд.

Давлату Мансурро дар «Павиак» ба ҳабс гирифтанд. Ходимони конслагер — унтер офитсер ва штабс- капитан миллати немисро нажоди олӣ хонда, мужда медиҳанд, ки гӯё онҳо дар олам пирӯз хоҳанд шуд. Афсари немис, ки донишгоҳҳои Берлину Гарвардро бо тахассуси таърихи мардуми ориё хатм карда буд, бо шарикаш баҳс мекунад. Ӯ  исбот карданӣ мешавад, ки немисҳо ориётабор буда, Давлату Мансур на яҳудиву гурҷиву арманӣ, балки авлодони Умари Хайёми риёзидон, нуҷумшинос ва табибе, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад – Абӯалӣ ибни Сино ҳастанд. Онҳо аз кишвари назди қаторкӯҳҳои Помир ба Германия муҳоҷир шудаанд.

Ин тактикаи сиёсии ходимони Гестапо буд, ки ҷисму рӯҳу иродаи тоҷикписарони далеру шуҷоъро шикаста натавонист.

Мардонагӣ ва шуҷоати ҳар ду тоҷикписар дар дили фашистон ҳарос афканд. Дар охир душман аз болои бино, аз зери даричае онҳоро нишон гирифта, ба ҳалокат мерасонад…

Ҳамон тавре аз лаҳзаҳои филм бармеояд, миллатҳои гуногун — чеху поляк, русу булғор, яҳуду беларус ва украин, ки дар «Павиак» маҳбас буданд, сифати шуҷоату далерии онҳоро мекарданд. Мардонагии тоҷикписарон дили ҳамаро тасхир карда буд.

Қотилони насли башар – фашис­тон мағлуб гардиданд. Ватандӯстӣ, далерӣ, яктану якҷон будани мардуми шӯравӣ ва дигар халқҳои ҷаҳон онҳоро ба хок яксон кард.

Доғи фоҷиаи бузурги таърих то абад дар дилҳо хоҳад монд. Наслҳои имрӯзу фардо қаҳрамониву далерӣ, ватандӯстиву шуҷоати бобокалон, бобову падаронро ҳамеша ёд хоҳанд кард.

Акнун, дар ибтидои қарни XXI, қотилони насли башар – «фашистон»-и навбаромад — гурӯҳҳои «ДИИШ», «Алқоида», «Толибон», «Боко ҳарам» ва дигарон ба амалҳои террористӣ даст зада, одамони бегуноҳро куштаву ғорат ва беватан мекунанд. Онҳо ба дили мардуми ҷаҳон ҳарос афканда, зиндагии осоиштаро барбод доданианд. Ҳодисаҳои хунину нангини Беслан, Ню-Йорк, Истанбул, Белгия, Франсия ва дигар гӯшаҳои дунё ҳамдас­тии қотилони насли башар аст, ки ҳеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳанд расид.

 

Исматуллоҳи ЯЪҚУБЗОД